Дар ҳоле, ки як бахши муҳофизакори ҷомеаи Тоҷикистон то рафт бар сари аз феҳрасти идҳои кишвар берун кардани соли нав пофишорӣ мекунад, бахши дигар ба таҷлили соли нав омодагӣ мегирад.
Эълони он ки имсол дар барномаҳои телевизионии Тоҷикистон базми солинавӣ Бобои Барфӣ, Барфак ва шишаҳои алкогол дар сари мизҳо дида нахоҳанд шуд, ғавғоеро дар расонаҳои хабарии Русия халқ кард, ки гӯё тоҷикон иди соли навро аз хонаи худ меронанд. Аммо воқеият чӣ гуна аст? Бо ин суол мо ба хиёбонҳои шаҳр баромадем ва шоҳиди он шудем, ки бозори арча ва бозичаҳои солинавӣ дар шаҳри Душанбе на танҳо гарм, балки доғ аст.
Ин субҳ Зулфия Атоӣ, шоираи тоҷикро низ дар яке аз фурӯшгоҳҳои арча вохӯрдем ва зимни сӯҳбат гуфт, ки ҳар сол ӯ дар хона арчаро оро медиҳад ва ин ҷашнро чун хотимаи як соли сипаришуда ва корҳое, ки дар ин сол анҷом ёфтаанд, таҷлил мекунад. Аммо ба назари ӯ муҳимтарин вижагии Соли нав дар он аст, ки ин ҷашнро кӯдакон дӯст медоранд, чун ба кӯдакон ширинию тӯҳфаҳо бахшида мешаванд ва таҷлили он барои шоду хушбахт кардани бачаҳо як баҳонаи хуб аст.
Хонум Атоӣ дар бораи вижагиҳои арчаи солинавӣ мегуяд, «арча зебоиҳо дорад ва барои ҳамин кӯдакон онро дӯст медоранд. Арчаро бо шишаҳои дурахшон, оташакҳо ва ситораҳо оро медиҳанд. Шояд ҳамин ороишаш, ки арча пероҳани нав ба бар мекунанд ва дар кӯчаҳо чароғҳои дурахшон пайдо мешаванд, ба мардум писанд аст».
Зулфия Атоӣ ягона шахсе набуд, ки дар пайи арчаи солинавӣ мегашт. Сокинони дигари пойтахт низ рӯ ба бозори фурӯши ороишоти солинавӣ оварданд ва мегуфтанд, ки мехоҳанд соли навро бо зеботарин арча ва дурахшонтарин ороишот истиқбол бигиранд.
Абдусамеъ, яке аз фурӯшандаҳои мағозаи ороишоти солинавӣ гуфт, дар мағозаи онҳо фурӯши маҳсулоти идона дар қиёс ба солҳои пешин беҳтар ба назар мерасад. Ӯ гуфт, «нархи арчаҳо аз 120 то 1150 сомонист ва ҳар рӯз дастикам 3-4 арча ба фурӯш меравад».
Ба гуфтаи фурӯшандаҳои дигар, ҳамарӯза то 15 дона арча, ҳадя ва бозичаҳои солинавӣ ба савдо меравад. Фурӯшандаҳо мегӯянд, дар баробари ҷавонону кӯдакон, таваҷҷуҳи насли калонсол низ ба арча ва ороишоти солинавӣ зиёд аст.
Аммо бархе аз шаҳрвандон ҳам, ки ба хариди ороишоти солинавӣ омада буданд, мегуфтанд, сифати арчаҳо чандон хуб нест ва қиматашон барои мардуми одӣ гарон аст.
Ин дар ҳолест, ки солҳои охир шукӯҳи ин ид мисли солҳои қаблӣ эҳсос намешавад ва иддае аз мардум онро як ҷашни ба мардуми тоҷик бегона меҳисобанд. Мухолифони таҷлили Соли нави мелодӣ ва ороиши арчаро ба мавлуди паёмбар Исои Масеҳ рабт медиҳанд ва мегӯянд, ин суннати мардуми мо нест ва мардуми мусалмон набояд онро таҷлил кунанд. Ахиран масъулони телевизиони маҳаллӣ изҳор доштанд, ки ҷашни Соли нав бидуни Бобои Барфиву Барфак ва арча ва танҳо ҳамчун ҷамъбасти сол баргузор хоҳад шуд.
Аммо Умеди Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷик таҷлили соли навро бидуни Бобои Барфӣ ва арча бо таъкид ба он ки солшуморӣ дар Тоҷикистон аз моҳи январ шурӯъ меёбад, чандон кори дуруст намеҳисобад.
"Ё якбора ҷашни Соли Навро ба Наврӯз баранд ё Соли Навро бо ҳамон арчаву Бобои барфиву Барфакаш гузоранд. Зеро намешавад, ки ҷашн бигирӣ, аммо нишонаҳояшро як тараф гузорӣ. Зеро мардум дар хонаҳояшон арча мегузоранд ва ба ин кори мардуми дахолат кардан номумкин аст."
Аз ҷониби дигар, ба назари ӯ гузоштани арча реша дар фарҳанги бостонии худи тоҷикон дорад. Умеди Ҷайҳонӣ гуфт, «яке аз ҷашнҳое, ки мо дар фасли зимистон доштем, шаби ялдо ё шаби чилла аст. Ҳоло ҳам дар баъзе ҷойҳо ҷашн гирифта мешавад. Шаби Ялдо, ки маънояш таваллуд аст, шаби зодрӯзи Меҳр будааст, ки он 25-уми декабри соли 227-и пеш аз Масеҳ аст. Меҳр яке аз паёмбарони зардуштӣ будааст ва ҷашни Меҳргон ҳам аз ҳамон ҷост. Яке аз намоди ин ҷашн дарахти Сарв, дарахти ҳамешабаҳорест, ки намоди зиндагиву сарсабзист».
Соҳибназарон мегӯянд, вижагии дигари таҷлили соли нав дар он аст, ки он ҳамчун ҷашни хонаводагӣ миёни мардум мавқеъ дорад. Хонаводаҳо кӯшиш мекунанд, дар ин рӯз ҳама сарҷамъ бошанд, мусофирон ба хона баргарданд ва ҳама аҳли байт гирди хони пурнозу неъмат то поси шаб бо шодию тараб бо соли куҳан хайрбод гӯянд ва бо орзуву ниятҳои нек соли навро истиқбол кунанд.
Имсол омодагӣ ба солинавӣ аз ибтидои моҳи декабр шурӯъ шудааст ва дар мактабу кӯдакистон, толору театрҳо ба истиқболи Соли нав барномаю намоишҳо баргузор мешаванд.
Ахиран шаҳрдории Душанбе дар бораи таҷлили соли нав қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он дар боғу майдонҳои шаҳр маҳфилҳои солинавӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин барои кӯдакони фаъол дар Кохи Ваҳдат ва барои кӯдакони хонаводаҳои ниёзманд барномаҳои солинавӣ дар толори сирк пешниҳод мешавад.
Аммо ҳанӯз арчаи солинавӣ дар Майдони Дӯстӣ гузошта нашудааст ва масъулони шаҳрдорӣ низ дар ин бора изҳори назаре накардаанд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳар сол дар майдони марказии шаҳри Душанбе -- «Дӯстӣ» арчаи табии бузурге гузошта мешуд ва таҷлили ид бо оташбозӣ ва ҳунарнамоии ситораҳои эстрадаи тоҷик ҷараён мегирифт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад