Бахши сайёҳӣ ё туризм дар Тоҷикистон, ки яке аз авлавиятҳои рушди иқтисод дониста мешавад, ба далели густариши бемории COVID-19 осеби ҷиддӣ мебинад. Мутахассисони соҳа гуфтанд, ба пуштибонии давлат ниёз доранд, вале мақомот мегӯянд, аллакай ёрии лозим расонида шуд.
Бекории иҷборӣ
Лалиш Бахталиев, ки ҳар сол гардишгаронро дар Помир ҳамроҳӣ мекард, ҳоло маҷбур шудааст ба далели карантини эъломнашуда дар хона бимонад. "Онҳое, ки бо сайёҳон кор мекарданд, фаъолият надоранд. Бо муштариён дар тамос ҳастем ва умед дорем, ки ҳар чи зуд марзҳо боз мешаванд ва мо ба кор бармегардем", - мегӯяд Бахталиев.
Мақомоти Тоҷикистон аз охири моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз гпаҳншавии вируси нав марзҳоро ба рӯйи шаҳрвандони хориҷӣ бастанд. Бо қарори Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон аз 17-уми март ворид шудану берун рафтани сайёҳон муваққатан манъ карда шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Талаби муваққатан аз андоз озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ. Мақомот: "Ҷойи нигаронӣ нест"Соли 2019, мувофиқи маълумоти расмӣ, саҳми ин бахш дар таркиби Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 2,2 дарсад ва якҷо бо бахшҳое, ки самти хидматрасонии сайёҳӣ доштаанд, 10,4 дарсадро ташкил додааст. Ба ифодаи пулӣ даромад аз сайёҳӣ ба иқтисод 256,7 миллион доллар танҳо аз ҳисоби фурӯши билет ва 403 миллиону 760 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 40 миллион доллар бино ба арзиши феълии арз) аз ҳисоби хидматрасониҳои гардишгарӣ будааст.
Дар соли ҷорӣ, бино ба нохушбинии мутахассисони соҳа мунтазири фоида набояд шуд.
"Мушкилоти рафънопазир"
Мудири оҷонси сайёҳии "Pamir silk Travel" Шагарф Мулло Абдол мегӯяд, вазъи вобаста ба бемории ҳамагир пеши роҳи сайёҳонро ба Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ба Осиёи Марказӣ тӯлонитар мегирад. "Хатари гирифторшавӣ дар мо мисли кишварҳои дигари минтақа баланд мемонад, аз ин рӯ дар мавриди гардишгарии гуруҳӣ ҳоло сухан гуфтан барвақт аст. Аз қадамҳои хурд оғоз мекунем, вале он рушдеро, ки то соли 2020 доштем, мунтазир нестем", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи вай, синни онҳое, ки ба гардишгарии кӯҳӣ бартарӣ медиҳанд, маъмулан аз 45-сола оғоз мешавад. Инҳо дар аҳди коронавирус мустақим вориди гуруҳи риск мешаванд ва ин эҳтимоли афзоиш ёфтани гардишгаронро бештар коҳиш медиҳад.
"Тоҷикистон бештар зарар мебинад"
Шореҳи иқтисодӣ Абдуманнон Шералиев тахмин мезанад, ки бахши сайёҳии Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигар ба далелҳои зер зарари бештар мебинад:
- Набудани дастгирии ҳукумат (ҳоло ин дастгирӣ эълон шуд, вале бо таъхири ҳадди ақал семоҳа ва чораҳои камтаъсир);
- Рақобатнопазир будани Тоҷикистон бо кишварҳои дигар. Баъди кушода шудани сарҳадҳо рақобати шадиде байни кишварҳои сайёҳпазир шуруъ хоҳад шуд, ки Тоҷикистон ба он омода нест;
- Шаффоф набудани додаҳои расмӣ дар бораи коронавирус. Бинобар ин ношаффофӣ сайёҳони зиёде аз сафар ба Тоҷикистон то муддатҳо худдорӣ хоҳанд кард. Худи мақомоти кишварҳои дигар ҳам бо гумони ғолиб ба шаҳрвандонашон маслиҳат хоҳанд дод, ки аз сафар ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд. Вақте шумори фавтидагони расонаишуда аз шумори расмӣ даҳ баробар бештар аст, табиист, ки сайёҳ ба ин назар хоҳад буд, беморӣ зери контроли давлат нест ва метавонад дар ҳар қадам ба он гирифтор шуд.
Барои бо зарари камтар хориҷ шудан аз ин бӯҳрон бояд пеш аз ҳама ба ин ҷанбаҳо диққат дода шуда, ин монеъаҳо бартараф шаванд, вале аввалан хеле дер шудааст, сониян дар гумон аст, ки мақомот коре барои он анҷом диҳад.
Ба гуфтаи коршинос, мақомот бояд ба ин паҳлӯи масъала таваҷҷуҳ кунанд, вале фурсати ин кор аллакай гузашт.
"Ҳукумат соҳаро ҳимоят кард"
Тибқи қарори ҳукумат ки 5-уми июн қабул карда шуд, аз 1-уми апрел то 1-уми сентябри соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ мешавад. Ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Саёҳат дар соли 2020". Telegraph дар бораи Тоҷикистон чӣ навишт?Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қарори ҳукумат бар пояи дархости соҳибкороне содир шуд, ки дар соҳаи сайёҳӣ кор мекунанд ва манофеи онҳо ба назар гирифта шуд. Вале, ба гуфтаи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, имтиёзҳо барои муддати муайян дода мешаванд ва ба онҳое, ки сайёҳонро сафарбар ва мустақим ҳамроҳӣ мекунанд, пешбинӣ нашудааст.
Мутобиқшавӣ ба шароити нав
Шагарф Мулло Абдол мегӯяд, дар давраи буҳрон туроператорҳо бояд бар сари эҷоди маҳсулоти нави гардишгарии ҷолиб барои сайёҳони ҷавон фикр кунанд, ба иншооти худ таваҷҷуҳ намоянд, амният ва сатҳи беҳдоштии онҳоро боло бардоранд. “Ба ҷуз ин давлат бояд низоми бераводидро бо шумораи зиёд кишварҳои рушдёфта ҷорӣ ва ба коҳиши нархи билет тавассути Истанбул талош кунад, зеро тавассути ҳамин масир шумораи асосии сайёҳон ворид мешаванд”, - пешниҳод мекунад ҳамсуҳбати мо.
Зимнан дар Узбекистон барои пуштибонии соҳаи гардишгарӣ ва ҷалби таваҷҷуҳ ба сайёҳӣ пойгоҳи интернетии вижа эҷод шудааст, ки имкон медиҳад сафари маҷозии сайёҳӣ анҷом дод. Азиз Абдуҳакимов, ноиби сарвазири Узбекистон дар мусоҳиба бо расонаҳо дар моҳи апрел гуфта, ки баъди карантин ҳукумат нақша дорад дар доираи тарҳи “кишвари худро дарёб” сокинони маҳаллиро ба раванди ҷамъоварии маводи дидорӣ ҷалб кунад ва бар ин поя феҳристи нуқтаҳои аҳолинишини дорои мақоми “Деҳаи сайёҳӣ”, “Маҳаллаи сайёҳӣ” ва “Аули сайёҳӣ”-ро бештар кунад.
"Умедворӣ ҳаст"
Мудири иҷроияи созмони ҷамъиятии “Маркази рушди сайёҳӣ” Баҳриддин Исомуддинов мегӯяд, ки баъди карантин дархостҳо барои сафар, эҳтимолан зиёд шавад, вале сайёҳон ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд. “Онҳое, ки маблағҳояшон ҳифз шудааст ва имкони харидани билетҳои гаронарзиш, меҳмонхонаҳои амнро доранд ва гуруҳе, ки гузинаҳои арзонтарро мекобанд ё мустақилона худ ба хориҷ ё дар дохили кшвар сафар мекунанд”, - таъкид мекунад Исомуддинов.
Ӯ мегӯяд, муваффақияти кишвари пазиранда ба он марбут хоҳад буд, ки то куҷо метавонанд сатҳи амнияти сайёҳонро таъмин кунанд. Пештар дар матлаби Радиои Озодӣ гуфта шуда буд, ки ба далели арзиши билети ҳавопаймо ва кайфияти зербиноиву хидматрасонӣ бештари сайёҳон аз оҷонсиҳои гардишгарии қирғизӣ истифода бурда истодаанд, ки ба қарори ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба ҳадафҳои рушди соҳа мутобиқат намекунад.
Рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии Стратегияи рушди кишвар барои то соли 2030 мебошад. Мувофиқи Стратегияе, ки дар соли 2018 пазируфта шуд, то соли 2030 бояд сатҳи хидматрасонӣ дар фурудгоҳҳо ва нуқтаҳои наздимарзӣ, зербиноҳои гардишгарӣ дар кишвар ва масъалаи дарёфти раводид ва сабти ном беҳтар шавад.
Мувофиқи додаҳои расмӣ соли 2019 ба Тоҷикистон 1 миллиону 257 ҳазору 300 нафар сафар кардааст, ки 21,6% (ё 219,7 ҳазор нафар) нисбат ба соли гузаштаи 2018 бештар будааст. Дар миёни сафаркардаҳо намояндагони 146 кишвари ҷаҳон будаанд. Дар мақоми аввал шаҳрвандони Узбакистон – 853 ҳазору 634 нафар қарор доштаанд, ки бештари онҳо мақсади сафарро сайёҳӣ гуфтаанд. Дар мақоми дувум намояндаҳои Русия – 212 ҳазор, мақоми сеюм Қирғизистон 116 ҳазор нафар. Ба даҳгонаи аввал намояндаҳои Қазоқистон, Афғонистон, Чин, Туркия, Олмон ва Ҳинд шомил шудаанд. Шумораи сайёҳони Ҳинд, Фаронса ва Ҷопон 2,5-3 баробар бештар шудаанд. Вале бештар аз 50% нисбат ба солҳои гузашта сайёҳони Қирғизистон, Афғонистон, Амрико, Украина, Туркманистон, Канада ва Куриёи Ҷанубӣ зиёд шудаанд.