Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саёҳат дар соли 2020". Telegraph дар бораи Тоҷикистон чӣ навишт?


Нашрияи The Telegraph дар матлабе дар бораи маконҳои хотирмони сайёҳӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар бораи Тоҷикистон ҳам ёдовар шудааст. Ин матлаб "Роҳҳои аҷибтарин дар ҷаҳон барои саёҳат дар соли 2020" ном дорад. Дар он дар баробари дидани шоҳроҳи Аляскаи Канада, Аргентина, Париж ва маконҳои дигар сафар ба Муғулистон, Булғористону Туркия, Эрон ва Узбекистону Тоҷикистон машварат шудааст.

Муаллиф Скотт Гуриан дар бораи маконҳои фарҳангиву табиати ин кишварҳо нақл карда, пиромуни роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон низ чанд ҷумла навиштааст.

Ба қавли ӯ, роҳ аз Прага (Аврупо) то Сибир (Русия), ки беш аз 10 ҳазор километр аст, беҳтар аст, бо истифода аз мошинҳое ба мисли Nissan Micras ва Fiat Pandas анҷом шавад.

Муаллиф мегӯяд, баъд аз Туркманистону Узбекистон, “ба шоҳроҳи Помири Тоҷикистон ҳаракат кунед. Роҳи кӯҳиву мушкилгузар ва пур аз хок аз миёни кӯҳҳо убур мекунад. Афғонистон дар соҳили муқобили дарё аст, вале дар ин ҷо мондан амнтар аст. Вақте аз назди деҳот мегузаред, кӯдакон дар роҳ ба шумо салом мегӯянд. Гӯшти ғайриоддии аспу уштуру қӯтосро бичашед. Кӯшиш кунед, ки бемор нашавед. Дер ё зуд мошини шумо аз кор мебарояд, вале агар танаффусе бигиред, аз муносибати дӯстона ва хеле пурмаҳсули устоҳои маҳаллии мошин ҳаловат мебаред. Онҳо ҳунари дуруст кардани ҳама навъи мошинҳоро доранд, ҳарчанд шояд дар даст на ҳамаи қисматҳои зарурии мошинро дошта бошанд."

Дар ниҳоят, муаллифи сафарномаи The Telegraph ба сайёҳон машварат медиҳад, ки ба Қирғизистон рафта ва аз он ҷо тавассути Қазоқистон ба Русия ва баъд ба Муғулистон бираванд. Муаллиф мегӯяд, ин сафар аз шаш то ҳашт ҳафта вақт мегирад, вале арзиши онро дорад, ки кас ба дидани ин маконҳо биравад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2018 беш аз як миллион хориҷӣ аз ин кишвар дидан карданд ва дар миёни онҳо шумори ҷаҳонгардон, яъне онҳое, ки на бо ҳадафи кору дидори дӯстон, балки барои тамошову саёҳат омадаанд, кам нест. Коршиносон ин рақамро шубҳаовар мехонанд.

Ҳамла ба дучархаронҳои хориҷӣ дар тобистони соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Данғара, ки боис ба кушта шудани чаҳор шаҳрванди хориҷӣ шуд, ба обрӯи кишвар то ҷое латма зад. Масъулияти ҳамларо гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба уҳда гирифт.

Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол боз дар андешаи рушди соҳаи ҷаҳонгардиву туризм буда, мехоҳад ин бахшро ба як соҳаи сердаромад табдил диҳад. Аммо баъзе аз сайёҳон аз муаррифи нокофии ҷойҳои дидании кишвар, хадамоти номуносиб ва қимати болои билети ҳавопаймоҳо шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG