Шаби тарсноки Оби Шифо, ки зери об монд. ВИДЕО

Яке аз хонаҳои зери гилу об монда

Борони зиёд ва сел сокинони деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рудакиро дар нимашаби якуми июн ғофилгир ва ваҳшатзада кард.

Нарзигул Тилоева, сокини деҳаи Оби шифои ноҳияи Рудакӣ, мегӯяд, он шаб бо кӯмаки ҳамсояҳо ду фарзанди маъюбашро аз доми сел дар дохили хона берун оварданд. Ду рӯзи ахир онҳо дар хонаи ҳамоя зиндагӣ доранд. Сел ҳавлӣ ва манзили зисти Нарзигулро пур аз обу гил кард.

Нарзигул рӯзи 3-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз лаҳзаи омадани сел чунин ёд овард. “Шавҳарам берун баромад, хост дар таги дарвоза ягон чиз монад. Вале дигар дер шуда буд. Худам хестам нигоҳ кардам, ки оби зиёд омада, баланд шудааст, ба чашмам бовар накардам, гуфтам, хобам ё бедорам. Бачаҳо аз тиреза нигоҳ карда гуфтанд, очаҷон мо ба куҷо мебароем, моро ба тиреза мебарорӣ, гуфтам пушт пури об аст, ман шуморо чӣ хел мебарорам.”

Бори аввал нест, хонаи Нарзигул зери обу гил мемонад. Ба далели набуди шароит ин хонавода наметавонад, бо ду маъюб барои зиндагӣ ҷойи бехавф кӯч бандад. Сели шаби 1-уми июн дар маҷмӯъ 8 манзил ва таҳхонаро дар деҳаи Оби Шифо зери об гузошт. Сокинон бо кӯмаки маъмурони кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ду рӯз боз аз дохили манзил ва ҳавлиҳояшон обу лой мекашонанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Гуфтанд, очаҷон моро ба тиреза мебарорӣ?"

Мулло Бобоев, сокини дигари деҳаи Оби шифо, ки ҳавлиаш қариб ба кӯл табдил ёфтааст, гуфт, баландии об дар дохили манзил ба 60-70 сантиметр расид ва ҳама ашёи хонааш ҳам зарар диданд. Ӯ гуфт: “Даруни хонаҳо дар як ду моҳ даромада хоб карда намешавад”

Сел кори мактаби ибтидоии деҳи Оби шифоро, ки дар он 800 хонанда таҳсил мекунанд қатъ кард. Кӯдакон маҷбур шуданд рӯзи сеюми июн таҳсилро дар мактаби навбунёд деҳа идома диҳанд. Абдулвоҳид Ҳакимов, омӯзгор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Бинои муассисаи таълимӣ пурра зери об мондааст. Баъзе синфохонаҳо ҳатто об даромадааст, таҳхонаҳояшон пурра зери об мондаанд. Хонандагон, маҷбуранд дар 3 баст дар мактаби нав таҳсилро идома диҳанд.”

Боронҳои шадид ва сели шаби 1-уми июн ба киштзори мардуми деҳа, низ зиёни ҷиддӣ расонидааст. Бархе аз деҳқонон мегӯянд, акнун аз ҳосили имсолаи зироаташон умеди зиёд надоранд. Ду гектар замини Тағоймурод Ҳакимов пурра хароб шудааст. Ӯ мегӯяд: “Офтобпараст аз даст рафт, поёнаш 1 гектар гандум ҳаст, он ҳам вайрон шудааст. Он тараф 8 сотих картошка, лӯбиё ва нахӯд буд. Ҳамааш зери об монда тамом шудааст.”

Сокинон мегӯянд, дар деҳа дар замони истиқлолият бори ҳаштум аст, ки сел меояд. Борону жолаи шадид, дар чанд ноҳияи дигар, махсусан ҷануби Тоҷикистон боиси осеб дидани хонаву киштзор ва кушта шудани як нафар дар ноҳияи Хуросон шуд. Хисороти расида аз боронҳои шадиди ду рӯзи ахир ҳоло ҳисоб нашудааст.

Умеда Юсупова

Умеда Юсуфова, сухангуи кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд: “Махсусан дар ду моҳи ахир боришоти зиёд ва сел ба қайд гирифта шудааст. Аз аввали сол то имрӯз дар натиҷаи беш аз 500 ҳодисаи табиӣ дар ҳудуди кишвар 17 нафар ба ҳалокат расидаанд.”

Ба иттилои Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон то 7- уми июн ҳаво абриву боронӣ мемонад ва бориши пуршиддат дар минтақаҳои кӯҳӣ дар назар аст. Дар ин рӯзҳо ба иттилои мақомот хавфи омадани сел, ярч, сангрезӣ махсусан дар шоҳроҳҳои куҳӣ баланд аст.

Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба мардум ҳушдор додааст, ки дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии маҳсулот дар доманакӯҳҳо аз чорвочаронӣ, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд. Айни замон аз дигар ноҳияҳои Тоҷикистон сокинони осебдида шикоят доранд, ки мақомот ва ё маъмурони наҷот сари вақт ба кӯмаки мардум намешитобанд.