Манижа, сокини 34-солаи Душанбе, баъди интизориҳои тӯлонӣ, чанде пеш модар шуд. Вай дугоник таваллуд кард. Барои хонаводае, ки ин ҳама сол мунтазири фарзанд буд, чӣ ном гузоштани тифл аҳамият дорад.
- "Ҳангоме ки ҳанӯз ҳомила будам, хеле бисёр меандешидам, ки фарзандони ояндаамро чӣ ном гузорам. Китобҳоро варақ задам. Дар Интернет ҷустам. Бо бузургсолон машварат кардам ва ниҳоят рӯйи номҳои Данил ва Шамил қарор гирифтам", - нақл кард Манижа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Агар дар Бадахшон номҳо марбут ба рӯзҳои ҳафта ва меваву сабзавот бештар ба назар бирасад, миёни сокинони вилояти Хатлон номҳои марбут ба ашёи гуногун роиҷ аст.
Ӯ мегӯяд, номи Данил як исми қадимаи яҳудист ва маънояш “ҳадяи илоҳист”. Манижа дар мавриди номи Шамил гуфт, “ин номро танҳо ба хотири ин ки бароям писанд аст, интихоб кардем. Ин ном марбути мардуми Қафқоз мебошад.”
Манижа мегӯяд, таассуби куҳангароёна надорад ва ба ин ки сарнавишти инсон бар пояи номаш таъйин мешавад, бовар надорад. "Бар ин назарам, ки ҳама чиз аз тарбияи волидон, таъсири муҳит, мактаб ва атрофиёни кӯдак ва аз ин ки ӯ чӣ роҳеро интихоб мекунад, вобаста аст. Худо барои ҳамаи мо хубӣ мехоҳад, мисле модар инро барои фарзандонаш мехоҳад. Вале дар ниҳоят ҳар кас роҳи худашро худ интихоб мекунад", -афзуд ӯ.
Тақрибан чунин мавқеъро дар Тоҷикистон аксар хонаводаҳои ҷавон доранд ва ҳангоми интихоби ном барои фарзандонашон ба талаффуз, маъно ва тафсири он таваҷҷуҳ мекунанд. Хулоса ба талаботи замон амал мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро Истиқлол ё Навобод? Номҳои такрорӣ бозбинӣ мешаванд. ВИДЕО"Вале ҳамеша чунин набудааст"
Интихоби ном дар Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи суннатҳои мардумист ва вежагиҳои худро вобаста ба ин ё он минтақа дорад. Тоҷикон дар гузашта ва аксаран дар ҳоли ҳозир, бар ин назаранд, ки номи одам сарнавишт ва ҳадафи ӯро дар зиндагӣ муайян мекунад. Аз ин хотир ҳангоми таваллуд шудани тифл интихоби волидон бар пояи вазъи хонаводагӣ, дараҷаи хурофот ва ё диндории онҳо сурат мегирад.
Маҳз ҳамин гуна номи одамҳое, ки ба номи ашё, ҳайвонот ва меваву сабзавоти гуногун алоқаманд мебошад, маънидод карда мешавад. Ҳатто имрӯзҳо миёни тоҷикони солашон бузургтар ҳам номҳое аз қабили Гург, Табар, Санг, Шер ва ғайраро дидан мумкин аст.
Бар асоси боварҳо, ин гуна номҳо кӯдакро ба мисли ҳамон ашёе мекунанд, ки номашро барои кӯдак интихоб кардаанд. Ин дар шахсияти кӯдак шуҷоат, чолокӣ ва тавоноиро шакл медиҳад ва дар ҳолатҳои дигар кӯдакро камтар мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад ва шонси зинда мондани ӯро бештар мекунад.
Номгузорӣ: Аз куҷо то куҷо
“Номҳое, ки ба меъёрҳои муосири забон мувофиқат намекунанд, асосан бар пояи хурофоти падару модарҳо ба вуҷуд омадаанд. Ин як эътиқоди бисёр қадимист, ки дар замони аввалин инсонҳо ба вуҷуд омад ва то кунун идома дорад”, - мегӯяд муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Саодатшо Матробиён.
Ӯ такомули ному номгузории тоҷиконро шартан ба чанд марҳила ҷудо мекунад:
- Давраи тоисломӣ. Замоне ки миёни мардум номҳои ориёӣ ва ё куҳани тоҷикӣ расм буд (аз қабили Манижа, Рустам, Суҳроб, Таҳмина, Куруш ва ғ.);
- Давраи исломӣ. Бартарӣ ба номҳои арабӣ дода мешуд ва ё ба номҳо пасванди исломӣ ва ё арабӣ гузошта мешуд (масалан, Санг – Сангалӣ ё Сангмуҳаммад);
- Давраи Шӯравӣ. Номро бар пояи ақидаҳои сиёсӣ (ба монанди Ленин, Октябр, Январ, Энгелс, МЭЛС) мегузоштанд;
- Даврони муосир. Зери таъсири ҷаҳонишавӣ ба кӯдакони тоҷик номҳои гуногуни мардуми мухталиф гузошта мешавад.
“Инчунин, ба назар мерасад, мардуме, ки филмҳои туркиро тамошо мекунанд, исми фарзандони худро аз номи қаҳрамонони ин филмҳо интихоб мекунанд. Дар ҳоле ки ин ном ифода ё талаффузи дигаргунаи номҳои тоҷикист. Барои мисол, Абрӯ ҳамон вожаи тоҷикиест, ки туркҳо Эбру талаффуз мекунанд. Намедонам чаро мардум маҳз ба шеваи талаффузи туркӣ бартарӣ медиҳанд”, - таъкид мекунад Матробиён
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ҳар чӣ дилам хост, на он мешавад". Ширкат аз Шумо, ном аз Кумитаи забонБештари онҳое, ки дар замони муосир номҳои қадимӣ доранд, сарфи назар аз ин дучори нороҳатиҳое мешаванд, тасмим надоранд номашонро иваз кунанд. Бар ин назаранд, ки ин метавонад ба тақдири инсон таъсири бад бирасонад.
Вижагии минтақавӣ
Ба гуфтаи забоншиносҳо, хуруфот ва ақидаҳои гуногун низ рӯйи номгузорӣ таъсир гузоштааст, ки дар ҳар минтақаи Тоҷикистон номҳои хосе ба вуҷуд биояд.
"Дар давраи тоисломӣ ниёгони мо номҳоеро, ки бо Худо, ҷашнҳои динӣ ва рӯзҳои ҳафта алоқаманд буданд, мегузоштанд. Агар одам дар рӯзи ҷумъа таваллуд мешуд, номашро Одина мегузоштанд ва агар дар рӯзи Урмуз, пас, номаш Урмуздод мешуд. Бо гузашти вақт мардум мусалмон шуданд, вале ин боварҳо қисман дар хотираи онҳо боқӣ монд ва номҳое аз қабили Ҷумъа, Душанбеву Ҷаҳоршанбе ва ғайра ба вуҷуд омад”, - мегӯяд коршиноси риштаи забоншиносӣ Умед Ҷайҳонӣ.
"90%-и номи сокинони Тоҷикистон исломӣ аст"
Ӯ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 90 дар сади номҳои тоҷикон исломиянд, аммо ин ҳам махсусияти худро дорад. "Мешавад мушоҳида кард, ки миёни тоҷикони мусалмони пайрави мазҳаби суннӣ Алӣ ва ё номе бо анҷомаҳои Алӣ камтар аст, вале тоҷикони пайрави исмоилия ин номро хеле бисёр доранд. Ҳамчунин, тоҷикони исмоилӣ номи дигар халифаҳоро камтар мегузоранд, дар ҳоле ки дар миёни қисмати дигари тоҷикон ин номҳо бисёр маъмул мебошанд”, - мегӯяд Ҷайҳонӣ.
Агар дар Бадахшон номҳо марбут ба рӯзҳои ҳафта ва меваву сабзавот бештар ба назар бирасад, миёни сокинони вилояти Хатлон номҳои марбут ба ашёи гуногун роиҷ аст. Номи сокинони қисмати шимоли кишвар, ба назари забоншиносон, бо доштани пасванди “ҷон” фарқ мекунанд. Масалан, Маҳмудҷон, Ғаниҷон, Илҳомҷон ва дар мавриди занҳо бо пасванди –хон (Матлубахон, Манзурахон ва ғайра).
Дар ҳоли ҳозир номҳои қадимӣ бештар ба хотири гузаштагон монда мешаванд.
"Номро давлат таъйиин мекунад"
Моҳи марти соли 2016 ба Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он дар кишвар никоҳи хешутаборӣ ва гузоштани номҳои “ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ карда шуд. Аз он замон қонунгузориии Тоҷикистон расман гузоштани номи ашё, маҳсулот, ҳайвоноту паррандаҳо, ҳамчунин номҳое, ки шанъу шарафи одамро паст мезанад ва мардумро ба табақаҳо ҷудо мекунанд, манъ карда шуд.
Ба унвони роҳнамо Кумитаи забон ва истилоҳот феҳрасти панҷ ҳазор номро таҳия кард, ки бояд шаҳрвандон ва кормандони ниҳодҳои Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) бар асоси он номро интихоб кунанд. Ҳар ном дар ин феҳраст маъно ва тафсири худро дорад, ҳамчунин баробариҳои форсии номҳои арабӣ ва тронскрипсияи лотинии он низ оварда шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нодирӣ Сайёдро барои номаш дар Русия "ғам медиҳанд"Ба гуфтаи муовини раиси Кумита Саодатшо Матробиён, феҳрасти таҳияшуда як санади қотеъ нест ва истисноҳоро ҳам иҷоза медиҳад. “Дар қарор гуфта шудааст, ки мешавад номҳои наве низ гузошт, вале бояд бо коммисияи махсуси назди кумитаи забону истилоҳот мувофиқа карда шавад”, - афзуд ӯ.
Матробиён гуфт, дар ин феҳраст баъзе аз суннатҳои минтақаҳои кишвар ҳам ба эътибор гирифта шудааст ва имкон медиҳад, ки аз номҳои ҷудогона истифода шавад. Дар ҳамин ҳол, ин шеваи “бозгашт ба асли худ”-ро аз ибтидо на ҳама бо хушбинӣ истиқбол карданд. Бисёриҳо ин иқдомро дахолати давлат ба ҳаёти хусусӣ маънидод карданд.
Умед Ҷайҳонӣ мегӯяд, сарфи назар аз ҳамаи ниятҳои хубе, ки ташаббускорони ин қонун доштанд, ҳамоно ҳаққи интихоби ном марбути падару модар аст. “Ҳоло касоне, ки ба арабҳо нафрат доранд, мегӯянд, ки номат бояд тоҷикӣ бошад ва онҳое, ки ба Эрону Зартуштӣ нафрат доранд, мегӯянд, ки бояд номҳои арабӣ бигузорем. Ин номситезӣ аз ҳар ду сӯ кори дуруст нест. Давлат ҳам набояд дар ин кор дахил шавад, номгузорӣ ихтиёри падару модар аст”, - таъкид мекунад коршинос.