Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар муддати чаҳор моҳи гузашта 129 ноболиғ дар саросари кишвар гум шудаанд ва то кунун баъзе аз онҳо бенишон ҳастанд.
Файзиддин Назарзода, сардори хадамоти масъули умури ноболиғон дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, ки аз миёни 129 нафар 112 нафарашонро пайдо карда ва ба назди волидонашон баргардондаанд, вале сарнавишти 17 нафари дигар маълум нест ва ҷустӯҷуи онҳо идома дорад.
Файзиддин Назарзода гуфтааст, сабабҳои асосии нопадид шудани ноболиғон “бемасъулиятӣ ва беназорат гузоштани фарзандон” аст. “Ховар” аз қавли афсари баландпояи вазорати умури дохилӣ навиштааст, Кӯдаконе, ки аз хонаҳояшон баромада ғайб мезананд, бештари онҳо аз оилаҳои ба истилоҳ носолим мебошанд, аз ҷумла, аз оилаҳое, ки падар ё модар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Дар ин ҳолат бисёр кўдакон дар зери тарбияи хешовандони наздик, амак ё бобову бибияшон мебошанд, ки дар натиҷа аз беназоратии онҳо истифода бурда, баромада мераванд.”
Файзиддин Назарзода гуфтааст, он ноболиғонеро, ки дар ноҳияҳо ғайб мезананд, дар шаҳри Душанбе пайдо мекунанд ва онҳо мегӯянд, ки “ба сабаби таъмин нашудан аз тарафи сарпараст ва барои кору ба даст овардани маблағ” ба пойтахти кишвар меоянд.
Дар Тоҷикистон ба гуфтаи Файзиддин Назаров дар 4 моҳи аввали соли 2017 140 нафар гум шудаанд. Вале ӯ нагуфтааст, ки чанд нафар аз ин ноболиғонро пайдо кардаанд ва чанд ноболиғи дигар ҳанӯз ҳам бенишон ҳастанд.
Дар кишвар масъалаи бенишон шудани кӯдакон аз масъалаҳои ҳассос аст. Яке аз парвандаҳои пурсарусадо, бенишон шудани Малика Аралова ва Сабина Аралова ду кӯдаки хурдсол буд, ки 5 сол пеш дар яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳри Душанбе гум шуданд ва то ҳол ҳеҷ нишонае аз онҳо пайдо накардаанд.
Аз ҳамин маҳалла дар моҳи августи соли 2014 Сабоҳат Диловароваи 5-сола бенишон шуд ва ҷасади ӯро як моҳ баъд дар назди киштзоре дар ноҳияи Ҳисор ва 15 километр дуртар аз Душанбе пайдо карданд. То ҳол маълум нест, ки мақомот қотили ин кӯдакро пайдо кардаанд, ё не.