Қазоқистон шарикии стратегӣ бо Тоҷикистонро расмӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев

Сенат ё маҷлиси болоии порлумони Қазоқистон охири ҳафтаи гузашта аҳдномаи шарикии стратегиро бо Тоҷикистон тасвиб кардааст. Дафтари матбуоти Сенати Қазоқистон бо нашри иттилоияи расмӣ гуфт, ин аҳднома ҳарду тарафро муваззаф мекунад, аз истифодаи таҳдиду зӯрӣ алайҳи якдигар худдорӣ карда, бо ҷониби севум, ки ба амнияту қаламрав ва истиқлолашон таҳдид дорад, шартномаи ҳамкорӣ имзо накунанд.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон баъди имзои ин ва панҷ санади дигар гуфт, ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, ки дақиқан даҳ рӯз пеш аз сафари ӯ иттифоқ афтода буд, бе дахолати хориҷӣ сурат нагирифтааст.

Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ ҳангоми тасвиби ин тарҳ гуфтааст, ки аҳдномаи шарикии стратегӣ ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.

Порлумони Тоҷикистон хеле барвақттар, моҳи декабри соли гузашта ин санадро баррасӣ ва тасвиб намуда буд. Низомидин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ, ҳангоми муаррифии тарҳи аҳднома дар порлумон гуфт, ин санад аз 13 модда иборат аст ва мавзӯи "таъмину таҳкими амнияти миллӣ, сулҳу субот, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нави амниятӣ, рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ"-ро дар бар мегирад.

Истиқбол аз Нурсултон Назарбоев дар фурудгоҳи Душанбе

Зоҳидӣ гуфт, муносибати Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ҷараён гирифта, ҷавобгӯи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дуҷониба аст. "Тоҷикистону Қазоқистон дар бисёр масъалаҳои муҳими байналмилаливу минтақаӣ мавқеи яксон дошта, ҷонибдори ҳамгироии бештару фарогир мебошанд", - таъкид дошта буд ӯ.

Аҳдномаи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон рӯзи 14 сентябри соли гузашта дар ҷараёни сафари расмии Нурсултон Назарбоев ба Душанбе имзо шуд. Раиси ҷумҳурии Қазоқистон баъди имзои ин ва панҷ санади дигар гуфт, ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, ки дақиқан даҳ рӯз пеш аз сафари ӯ иттифоқ афтода буд, бе дахолати хориҷӣ сурат нагирифтааст.

Нурсултон Назарбоев гуфт, мақомоти интизомии Қазоқистону Тоҷикистон барои беҳтар нигоҳ доштани амният бояд ҳамкориҳоро бештар кунанд. Назарбоев дар ин сӯҳбаташ Тоҷикистонро “шарики муҳими стратегии Қазоқистон” номид ва изҳор дошт, ки барои таҳким ва густариши минбаъдаи чунин шарикӣ аз тамоми имкониятҳо бояд истифода бурд.

Абдуҳалим Назарзода

Равобити дипломатии Тоҷикистон бо Қазоқистон пас аз касби истиқлоли ҳар ду кишвар, дар соли 1993 оғоз гардид ва муддати беш аз ду даҳсола миёни ду кишвар ҳудуди 80 созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидаанд. Бино ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, аз лиҳози додугирифт Қазоқистон баъди Русия ва Чин мақоми севумро дорад. Ба иттилои ин ниҳод, тайи 8 моҳи имсол додугирифти мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон 405 миллион долларро ташкил додааст.

Дар Тоҷикистон беш аз 50 ширкату корхонаи қазоқӣ фаъолият доранд ва саҳми солонаи ин ширкатҳо дар иқтисоди Тоҷикистон 125 миллион доллар гуфта мешавад. Аммо гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2014 ба 858,8 миллион доллар баробар буд, ки тарафҳо онро нокофӣ хондаанд.

Тоҷикистону Қазоқистон ду кишвари собиқи Шӯравӣ ҳастанд, ки раҳбаронашон беш аз бист сол боз зимоми қудратро дар даст дошта, борҳо барои нақзи озодиҳои сиёсӣ ва динии сокинон танқид шунидаанд. Нурсултон Назарбоев (Элбасӣ)-и 76-сола аз соли 1989 боз раҳбари Қазоқистон ва Эмомалӣ Раҳмон (Пешвои миллат)-и 64-сола аз соли 1992 боз президенти Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон то ин вақт бо Русия шарики стратегӣ буд.