Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон рӯзи душанбе зимни нишасти матбуотӣ ва пас аз мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе, бо ишора ба ҳаводиси ахири Тоҷикистон гуфт, ки ин кишвар бо Афғонистон ҳамсарҳад аст ва аз ин рӯ бархе аз нерӯҳо талош мекунанд, ки вориди хоки Тоҷикистон шаванд ва вазъиятро ноамн кунанд.
Ин аст, ки ҷаноби Назарбоев афзуд, ҳодисаҳои ахире ҳам, ки дар Тоҷикистон рух дод, бидуни дахолати хориҷӣ сурат нагирифтааст. Аз ин рӯ раиси ҷумҳури Қазоқистон афзуд, ки мақомоти интизомии ҳар ду кишвар барои беҳтар нигоҳ доштани амнияти ду кишвар бояд ҳамкориҳоро бештар кунанд.
НАЗАРБОЕВ ДАР БОРАИ БАҲСҲОИ ОБӢ ДАР МИНТАҚА
Раиси ҷумҳури Қазоқистон дар ин нишасти хабарӣ бо ишора ба баҳсҳои обӣ дар минтақа, Тоҷикистонро муҳимтарин кишвари Осиёи Миёна дар масоили обӣ донист. Нурсултон Назарбоев дар мавриди истифодаи захираҳои обии минтақа гуфт, ки “кишварҳо бояд баҳсу баррасиҳоро дар ин замина канор гузошта, барои ҳалли мусолиматомези ин мавзӯъ талош кунанд".
Раиси ҷумҳури Қазоқистон афзуд, ки пайдо кардани роҳи ҳалли мусолиматомез дар заминаи истифодаи захираҳои обӣ ба нафъи ҳама кишварҳо буда ва барои наслҳои оянда як амри зарурист.
Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон имрӯз, душанбеи 14 сентябр ба манзури анҷоми сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд. Нурсултон Назарбоев ва ҳайати ҳамроҳонашро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, сарвазири Қоҳир Расулзода, вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол кардаанд.
Тибқи барномаи сафар, нахуст Нурсултон Назарбоев дар маросиме дар майдони назди “Кохи Миллат” аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон истиқбол шуд ва горди фахрӣ ба ифтихори ташрифи раиси ҷумҳури Қазоқистон саф орост.
Ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ аз Кохи Миллат, ба дунбол мулоқоти як ба яки Нурсултон Назарбоев ва Эмомалӣ Раҳмон, раисони ҷумҳури Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор шуд ва пас аз он музокирот дар сатҳи мақомоти ду кишвар ҷараён гирифт.
ИМЗОИ ШАШ САНАДИ ҲАМКОРӢ
Имрӯз, дар пайи сафари расмии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон ва дидору музокироташ бо мақомоти ин кишвар миёни ду кишвар 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар маросиме нахуст раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қазоқистон зери Аҳднома оид ба шарикии имзо гузоштанд.
Баъдан мақомоти Тоҷикистон ва Қазоқистон 5 санади дигар -- Созишнома миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи техникии иттилот, Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёниТоҷикистон ва Қазоқистон оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуд Қазоқистон кор мекунанд ва фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Қазоқистон, ки муваққатан дар ҳудуди Тоҷикистон кор мекунанд, аз 4 майи соли 2006, Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 13 июни соли 2000, Созишнома миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон барои солҳои 2016-2017, ба имзо расиданд.
Нурсултон Назарбоев Тоҷикистонро “шарики муҳими стратегии Қазоқистон” номида, изҳор дошт, ки барои таҳким ва густариши минбаъдаи чунин шарикӣ аз тамоми имкониятҳо бояд истифода бурд.
АКСҲО АЗ САФҲАИ ФЕЙСБУКИ ВАЗОРАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН
ИДОМАИ САФАРИ НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ
Дар чорчӯби сафар, Нурсултон Назарбоев ба пояи муҷасаммаи Исмоили Сомонӣ, поягузори давлати Сомониён гул гузошта ва дар нимаи дуввуми имрӯз бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Ҳарчанд сафари расмии Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон имрӯз ба поён мерасад, аммо раиси ҷумҳури Қазоқистон фардо, сешанбеи 15 сентябр дар нишасти сарони ОДКБ ё Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе ширкат хоҳад кард.
Зимнан, равобити дипломатии Тоҷикистон бо Қазоқистон пас аз касби истиқлоли ҳар ду кишвар, дар соли 1993 оғоз гардид ва муддати беш аз ду даҳсола миёни ду кишвар ҳудуди 80 созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидаанд.
Аммо гардиши мол миёни ду кишвар дар соли гузашта ба 858,8 миллион доллар расидааст, ки тарафҳо онро нокофӣ мехонанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон беш аз 50 ширкату корхонаи қазоқӣ фаъолият доранд. Саҳми солонаи ин ширкатҳо дар иқтисоди Тоҷикистон 125 миллион долларро ташкил медиҳад.