Содироти сангҳои қимматбаҳои Тоҷикистон

Ба феҳристи молҳои содиротии Тоҷикистон барои аввалин бор дар баробари алюминиюм, нахи пахта ва меваю сабзавот, ҳамчунин семент ва сангҳои гаронбаҳо изофа шудааст.

Бар асоси иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, мизони содироти молу коло ба хориҷи кишвар дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 20 дарсад афзоиш ёфтааст. Ба феҳристи молҳои содиротии Тоҷикистон барои аввалин бор дар баробари алюминиюм, нахи пахта ва меваю сабзавот, ҳамчунин семент ва сангҳои гаронбаҳо изофа шудааст.

Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, дар шаш моҳи гузашта танҳо содироти филиз ва сангҳои қиматбахо 68 миллион долларро ташкил додааст. Назаралӣ Ғаниев, сардори Раёсати таҳлил ва омори гумрукии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ”миёни сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳои содиршуда асосан чаҳор номгӯи сангҳо, аз ҷумла лоҷвард, турмалин (каҳрабо), гамбергит ва топаз (ёқути зард) мавҷуданд.”

Ба гуфтаи ин масъули Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ин номгӯи сангҳо аслан аз тариқи ҳавопаймо ба маблағи тақрибан 15 ҳазор доллар дар ҳаҷми 30 кило ба хориҷ содир шудаанд. Аммо тибқи омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, миёни филизот аз ҳама бештар тилло, ки дар ҳаҷми як тонна ё муодили беш аз 67 миллион доллар ба хориҷи кишвар содир шудааст. Содироти нуқра ҳам дар шаш моҳи гузашта беш аз як тоннаро ташкил додааст, ки 578,3 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Назаралӣ Ғаниев гуфт, филизот ва сангҳои қимматбаҳову нимқимматбаҳо аслан дар шакли хом ва нимкоркардшуда ба кишварҳое назири Русияву Қазоқистон содир шудаанд.

Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамчунин аз мавридҳои қочоқи филизот ва ё металҳои ранга хабар медиҳанд. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, гуфт, “содир кардани металҳои ранга танҳо дар асоси иҷозатнома сурат мегирад. То ба ҳол танҳо як ҳолати қочоқи филизот дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст. Мо талош мекунем, ки мавридҳои қочоқ аслан рух надиҳад.”

Ҳамчунин дар нишасти хабарии хадамоти гумрук таъкид шуд, ки барои аввалин бор Тоҷикистон содироти сементро дар соли ҷорӣ шурӯъ кардааст. Ба гуфтаи масъулони Хадамоти гумрук, ҳукумати Тоҷикистон тавонистааст тайи ним соли гузашта беш аз 53 ҳазор тонна сементи тавлиди дохилиро ба хориҷ содир кунад. Гуфта мешавад, 80 дарсади сементи тавлиди Тоҷикистонро Афғонистон харидорӣ кардааст.

Яке аз сабабҳои ба феҳристи молҳои содиротии Тоҷикистон изофа шудани семент, якбора фаъол шудани чандин корхонаи бузурги семент дар қаламрави кишвар аст. Аз ҷумла бузургтарини ин корхонаҳо "Ғаюр Хауксин Семент" дар ноҳияи Ёвон аст. Корхонаи дигар дар Данғара ва ҳамчунин дар шимоли Тоҷикистон фаъол шудаанд. Ин корхонаҳо муштаракан бо сармояи ҷониби Чин фаъол шуда, на танҳо ниёзи дохилии Тоҷикистонро бароварда мекунанд, балки ба хориҷи кишвар низ семент содир мекунанд.

Зимнан, чун солҳои пеш алюминиум ва нахи пахта ҳамчунон аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меоянд. Агар дар соли 2015 ҳаҷми алюминии содиротӣ беш аз 61 ҳазор тонна буда бошад, пас дар шаш моҳи соли ҷорӣ он ба 73 ҳазор тонна расидааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон нақшаи содироти алюминиум дар соли равон 120 дарсад иҷро шудааст. Аммо ба изофаи алюминиюм ва пахта, ба назар мерасад семент ва филизоту сангҳои қиматбаҳо низ дар оянда ба яке аз манбаъҳои воридоти арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон табдил меёбад.

Аммо маълум нест, ки ин даромадхо дар шароит бӯҳронӣ то кадом андоза метавонад кӯмаке ба мардум кунад.