Тоҷикистон дар ҳафтае ки рафт (24-30 июн)
Хабарнигори собиқи "Нури зиндагӣ" Муҳаммадюсуф Исмоилов рӯзи 24 июн дар Ашт буора боздошт шуд. Ин бор бо гумони "тамаъҷӯӣ".
Ҳамон рӯзи 24 июн Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин баъди 4 сол аз зиндон озод шуд.
Дипломати аршади амрикоӣ Сион Лимаж ба Озодӣ гуфт, Тоҷикистон ҳаққи сохтани ҳатто нирӯгоҳи ҳастаиро дорад.
Раҳбари ҳизби сотсиал-демократ Раҳматуллоҳ Зоиров гуфт, тасмимаш барои ширкат дар интихоботи моҳи ноябр ҷиддист.
25 июн, дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо шиканҷа дар Душанбе як намоишгоҳи вижаи қурбониёни шиканҷа оғоз ёфт.
Марзбонони узбак мегӯянд, рамаи боздоштшуда дар марз бо Панҷакентро пас додаанд. Дар Панҷакент хабари раҳоии рама ва 5 чӯпони маҳаллиро радд мекунанд.
Ҳизби наҳзати исломӣ Рӯзи ваҳдатро алоҳида ва мақомоти давлатӣ алоҳида ҷашн гирифтанд.
Расми издивоҷи 64 ҷуфт дар Рӯзи Ваҳдат бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон
Аксбардориҳои Э.раҳмон аз ин маросим
Маҷлиси намояндагон баъди қабули 187 қонун рӯзи 29 июн ба таътили тобистона рафт.