Тоҷикон аз олмониҳову ҷопониҳо хушҳолтаранд?

Тоҷикистон аз рӯйи шохиси хушҳолӣ дар байни 151 кишвар ҷойи 43-юмро гирифтааст.
Ҳамаи одамон мехоҳанд, шод бошанд ва хурсандӣ умри онҳоро дарозу танашонро қавӣ ва рӯҳашонро болида дорад. Аммо то куҷо ин ҳолат ба онҳо даст медиҳад? То куҷо ҳукуматҳо барои шаҳрвандон ҳаёти хушҳолонаро таъмин менамоянд? Бунёди Нави Иқтисодӣ – як созмони байнулмилалӣ зимни тарҳи “Сайёари хушбахт” шохиси хушҳолии мардуми кишварҳои гуногунро муайян кард.

Ин шохис аз рӯйи се нишондиҳанда таҳия гаштааст. Аввалан, ҳисоби миёнаи дарозии умри инсонҳо дар ин ё он кишвар, дувум, некӯҳолии рӯзмарра ва савум, фишоре шумроиш шудааст, ки зиндагии онҳо ба муҳити зист меорад ва табиати атрофро вайрон мекунад.

Аз рӯйи ин нишондиҳандаҳо Тоҷикистон дар байни 151 кишвар ҷойи 43-юмро гирифта, аз Туркия, Ҷопон, Олмон, Фаронса, Итолиё, Ҷопону Финлонд ва ғайра болост. Ҳисоби миёнаи тӯли умр дар Тоҷикистон, ба гузориши ин созмон, 67,5 солро ташкил дода,, ба таҷрибаи некӯҳолӣ 4,4 дараҷа дода шуда ва фишори экологӣ ҳамагӣ 0,9 дарсад будааст. Ҳарчанд нишондиҳандаи аввал дар Фаронса, барои намуна бештар аст, яъне дарозии умр 81,5 солро ташкил медиҳад ва некӯҳолӣ низ болотар буда, ба 6,8 дараҷа мерасад, фишори экологии Фаронса наздики 5 дарсад аст, ки баҳои умумии ин кишварро поён бурдааст. Ин ҳол ба аксари давлатҳои пешрафтаи саноатӣ низ рабт дода мешавад. Тоҷикистон саноати пешрафта надорад ва осебрасонии инсон ба муҳити зист дар ин ҷо камтар аст.

Вале оё худи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин бора чӣ мегӯянд? Онҳо худро хушбахту хушҳол мешуморанд ё ғамгину дармонда, дар ин пурсиши видоеӣ бубинед ва агар ҳарфе барои гуфтан доред, дар ҳошияи ин матлаб бинависед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шумо хушҳолед ё ғамгин?



Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мардуми Қирғизистон хушҳолтарин афроди минтақа унвон шудаанд. Ин баҳоро некӯаҳволии онҳо (5 хол) таъмин намудааст ва дар натиҷаи ҳамсояи Тоҷикистон дар байни 151 кишвар ҷойи 38-умро соҳиб шудааст.

Аммо некӯҳолии сокинони Узбакистон, ҳамсояи дигари Тоҷикистон, аз қирғизҳо ҳам болотар бошад (5,1) фишори экологӣ дар ин кишвар наздики 2 дарсадро ташкил дода, сабаб шудааст, ки сазовори ҷойи Узбакистон 54-ум бошад.

Ҷойҳои аввалро дар ин раддабандӣ Коста Рика ва Ветнам гирифтанд, ки некӯҳолии рӯзмарраи мардуми онҳо ба 7,3 ва 5,8 дараҷа расида, фишори фаъолиятҳои инсонӣ ба табиат дар ин кишварҳо кам будааст. Зоҳиран, таносуби байни хушрӯзии мардум ва фишори зиндагии онҳо болои табиат ба кишварҳое чун Коламбия, Белиз, Панама, Гватемала, Куба, Исроил ва Индонезия имкон дод, дар даҳгонаи аввал номбар шаванд.

Дар мавриди Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои дигар як нукта норӯшан мондааст, ки рӯҳияи садҳо ҳазор нафар аз муҳоҷирони ин кишвар дар Русия ва Қазоқистон ба назар гирифта нашудааст ва ё ба арзишёбии кишварҳои мизбон таъсир доштааст ё на. Чунончӣ, Русия аз 151 кишвар ҷойи 122-юм ва Қазоқистон ҷойи 119-умро гирифтаанд.

http://www.youtube.com/embed/sZPYI8BfnBs