Коҳиши 33%-и тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 2 сол

Давоми ду соли ахир ҳаҷми мубодилаи тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ 1,4 миллиард доллар ва ё 33 дарсад коҳиш ёфтааст.

Тибқи гузориши тозаи Оҷонсии омори Тоҷикистон, ҳаҷми мубодилаи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 2 миллиарду 895 миллион долларро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ин ин Оҷонсӣ, дар ҳамин давраи соли 2014 ҳаҷми он 4 миллиарду 303 миллион доллар будааст. Ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ дар 9 моҳи соли 2016 назар бар ҳамин давраи соли гузашта 250 миллион доллар ва ё 7,9 дарсад камтар шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон коҳиши мубодилаи тиҷорати хориҷии кишварро бо кам шудани воридоти чӯб, маҳсулоти чӯбӣ, сабзиҷот ва маъданҳо рабт додаанд. Ҳамчунин коҳиши содироти пахта, сангҳои қиматбаҳо, ҳайвоноти зинда ва сабзиҷот ба коҳиши ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таъсири манфӣ гузоштааст. Тибқи гузориш, дар ин муддат, Чин ва Русия шарикони асли тиҷорати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мондаанд.

Ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Русия дар 9 моҳи соли ҷорӣ тақрибан 764 миллион доллар ва бо Чин ҳудуди 700 миллион доллар будааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия 9,3 дарсад коҳиш ёфта ва бо Чин 32 дарсад боло рафтааст. Ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон бо Қазоқистон 458 миллион доллар, бо Туркия 224 миллион доллар ва бо Шветсия 104 миллион долларро ташкил додааст.

Аз ин қабл дар моҳи феврали соли ҷорӣ Оҷонсии омори Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2015 назар ба як соли қабл 18 дарсад, ё қариб 950 миллион доллар коҳиш ёфта, 4,3 миллиард долларро ташкил додааст. Оҷонсии омор он замон гуфта буд, ки беш аз 60 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, ё 2,6 миллиардаш танҳо бо се кишвар – Русия (1,1 миллион доллар), Чин (793 миллион доллар) ва Қазоқистон (702 миллион доллар) сурат гирифтааст.