Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли нави мелодӣ ҳаҷми ҷармаҳо ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ боло меравад. Бинобар муқаррароти қонунгузорӣ, ҳаҷми ҷарима ва ё пардохтҳои давлатӣ тибқи “нишондиҳанда барои ҳисобҳо” бозшуморӣ мешавад ва ҳаҷми ин нишондиҳанда сар аз соли нав аз 40 сомонии қаблӣ то ба 50 сомонӣ боло бурда шуд. Ҳаҷми нави “нишондиҳанда барои ҳисобҳо” дар қонуни будҷаи Тоҷикистон барои соли 2017 муқаррар шудааст, ки аз сӯи вакилони порлумон дар поёни соли 2016 тасдиқ шуда, аз соли нави 2017 ба иҷро медарояд.
Чаро ҳаҷми ҷаримаҳо боло рафт?
Иқтисоддон Зоҳиди Даврон мегӯяд, дар як соли охир қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ поин рафт ва аз сӯи дигар, иҷро нашудани қисми даромади будҷа, Ҳукуматро водор сохт, ки мизони нишондиҳанда барои ҳисобҳоро боло бибарад.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи Зоҳиди Даврон, “худи мафҳуми нишондиҳанда барои ҳисобҳоро маҳз бо назардошти таваррум дар қонунҳо ҷой медиҳанд. Яъне вақте қурби пул поин меояд, ҳукумат танҳо мизони нишондиҳанда барои ҳисобҳоро боло мебарад ва дигар зарурати бозбинии қонунҳо боқӣ намемонад”.
Тибқи ин нишондиҳанда, ҳама намудаи ҷаримаҳо - шурӯъ аз вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, то ҷарима барои ҷиноятҳои сабук ҳисобӣ карда мешавад. Бархе намудҳои боҷи гумрукӣ ва андозҳо низ тибқи қонун аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мешавад. Бо боло рафтани мизони ин нишондиҳанда бархе аз навъҳои пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо низ боло меравад.
Ронандаҳо -- нахустин "қурбонӣ"-и қонуни нав
Ба эҳтимоли зиёд нахустин шуда болоравии ҷаримаҳоро ронандаҳо дар Тоҷикистон эҳсос мекунад. Тибқи ин тағйирот, барои мисол, ҷаримаи итоат накардан ба чароғаки роҳнамо аз се нишондиҳанда барои ҳисобҳо шурӯъ мешавад. Ба ҳисоби сомонӣ агар то кунун ҷаримаи чароғаки роҳнамо 120 сомонӣ бошад, ҳамкнун он 150 сомонӣ хоҳад буд. Ба ҳамин минвол, ҷаримаи ҳамаи намудҳои дигари вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боло хоҳад рафт.
Ёдгор Самиев, ронандаи тоҷик бо таҷрибаи 10-сола мегӯяд, ҳаҷми ҷаримаҳои нақзи ҳаракат дар роҳ дар Тоҷикистон бе ин ҳам боло буд ва гаронтар шудани он мушкили ронандагонро бештар мекунад. Вай гуфт: “Дар шароити Тоҷикистон бинобар гарон будани ҷаримаҳо, ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки бештари ронандагон дар сурати вайрон кардани қоидаи роҳ ва ё набуди ҳуҷҷат, кӯшиш мекунанд бо корманди БДА муомилае кунанд. Чунки ҷаримаҳо хеле гаронанд. Агар ҳамин ҷаримаҳо гарон набошад, шояд аксаритяи рондагон онро падохт мекарданд”.
Ин ронандаи тоҷик мегӯяд, гаронии ҷаримаҳо дар кишвар ба фасод роҳ мекушояд ва дар сурати поён будани мизони онҳо, албатта аксарият онро ба таври қонунӣ пардохт мекарданд ва аз ин будҷаи давлат бештар даромад мегирифт.
Зимнан ба онҳое низ таъсир хоҳад, ки барои таъйиди ҳуҷҷате ба нотириус муроҷиат мекунанд. Ҳаҷми хидматрасонии давлатии нотариус низ тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян мешавад ва албатта қиммати он ҳам боло хоҳад рафт.
Поин рафтани пардохти ширкатҳои сайёҳӣ
Аммо қарор аст соли ҷорӣ дар нархи бархе аз пардохтҳои давлатӣ баръакс поин раванд. Аз ҷумла, боҷи гумрукии мошинҳои нав бояд 50 фисад тайи соли равон поин бурда шавад. Аммо онҳое, ки ширкати сайёҳӣ боз мекунанд, тайи панҷ соли оянда аз пардохти андоз озод хоҳанд буд. Дар ин робита раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба порлумон мужда дод ва қарор аст дар фурсатҳои наздик ин дар амал ҷорӣ шавад.