Баъди ду моҳи нишасти пурсарусадои САҲА дар Варшава бо иштироки аъзои мухолифони тоҷик, ки мояи эътироз ва нороҳатии Тоҷикистон шуд, ба эҳтимоли ғолиб ҳайати расмии ин кишвар дар ҷаласаи навбатии созмон дар Тошканд иштирок намекунад. Аз рӯи иттилои дарёфтии радиои Озодӣ, ҳайати кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи кишвар дар ҳамоиши САҲА оид ба истеҳсолоти судии ҷиноятӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Тошканд рӯзҳои 16 то 18 ноябр баргузор мешавад, ҳузур нахоҳанд дошт. Нишастҳои гузашта ҳамеша бо иштироки Тоҷикистон ҷараён гирифтааст.
Дар ҳоле, ки намояндагони додситонии кулл, додгоҳи олӣ ва вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мавзӯъро шарҳ намедиҳанд, як масъули бахши равобити байналмилалии Додгоҳи олии Тоҷикистон ба шарти набурдани номаш ба радиои Озодӣ гуфт, ҳайати ин кишвар ният надорад дар нишасти САҲА иштирок кунад. “Вагарна, мо бояд хеле пештар аз паи таҳияи визаи Ӯзбакистон мешудем”, гуфт ӯ.
Эҳтимолан ҳузури намояндагони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар нишасти Варшава моҳи сентябри имсол, ки ҳукуматро нороҳат карда буд, ба тасмими сафар ба нишасти САҲА дар Тошканд таъсиргузор шуд.
Дар ҳоле, ки ҳеҷ ниҳоди дигари давлатӣ тасмими Тоҷикистонро шарҳ намедиҳад, як намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳамчунин барои ширкат дар ин нишаст қарор буд ба Ӯзбакистон равад, гуфт, худдории Душанбе аз ирсоли намояндагонаш ба нишасти САҲА ба нишони эътироз аз нишасти Варшава дар таърихи 19 сентябри соли ҷорӣ аст, ки дар он дар муқобили намояндагони ҳукумати Тоҷикистон фаъолони мухолифин дар хориҷа иштирок ва суханронӣ карда, вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро ба боди танқид кашиданд. "Душанбе бо ин тасмимаш САҲА-ро муҷозот мекунад", гуфт ӯ.
Он замон ҳайати Тоҷикистон ба нишони эътироз аз шеваи баргузории ин нишаст як изҳорот пахш ва толори маҷлисро тарк кард. Ҳарчанд баъди ин мақомоти тоҷик амалкарди худро расман шарҳ надоданд, дафтари САҲА дар Тоҷикистон гуфт, ҷаласаи марбут ба вазъи ҳуқуқи башар барои ҳама гурӯҳ ва афроди ҷамъиятӣ боз аст.
Вакили дифоъ Абдуқаюм Юсуфов, ки маъмулан ба унвони коршиноси ҳуқуқӣ дар ин нишастҳо ширкат мекард, ҳамчунин аз сафар ба Тошканд худдорӣ мекунад. Вай дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ба далели худории ҳайати давлати Тоҷикистон дар ширкат дар ин форум, маркази САҲА дар Душанбе низ ба хотири риояти тавозун ё мувозинат, коршиносони ҳуқуқии Тоҷикистонро ба ин нишаст даъват накард”.
Юсуфов гуфт, ки ҳузури коршиносони ҳуқуқӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар шароити набуди намояндагони расмии ин кишвар дар нишаст “маънӣ надорад”, ба он хотир, ки маъмулан дар ин нишастҳо мавзеи ҳарду тараф ба масоили марбут ба вазъи додгоҳҳову ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ шунида мешавад.
Абдуқаюм Юсуфов ҳам гуфт, эҳтимолан ҳузури намояндагони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар нишасти Варшава моҳи сентябри имсол, ки ҳукуматро нороҳат карда буд, ба тасмими сафар ба нишасти САҲА дар Тошканд таъсиргузор шуд.
Маълум нест вокуниши мақомоти САҲА ба ин тасмими аъзои ҳукумати Тоҷикистон чӣ мешавад.
Рӯзи 19 сентябри соли ҷорӣ гурӯҳе аз аъзо ва тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва дигар гурӯҳҳое, ки худро мухолифони давлати Тоҷикистон меноманд, дар ҳошияи ҳамоиши солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшаваи Полша бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати ҲНИТ ва хатми шиканҷа дар боздоштгоҳҳо шуд.
Ин гурӯҳ баъдан вориди толоре шуд, ки он ҷо ҷаласаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо гузориши ҳукумати Тоҷикистонро ба раҳбарии омбудсмен Зариф Ализода дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон баррасӣ мекард. Эътирозгарон дар тан курта бо аксҳои аъзои маҳкумшудаи раёсати ҲНИТ доштанд ва дар канори толор саф оростанд.
Баҳси тунде, ки баъдан дар ин ҷаласа ҷараён гирифт, мавриди нороҳатии ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон шуд ва баъди ду рӯзи ҷаласа бо пахши изҳороте онҳо толорро тарк карданд.
Ба нишони ҳамраъӣ бо ҳукумат ва ҳам маҳкумияти амалкарди мухолифон, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд гурӯҳи ҷавонони фаъоли тоҷик дар назди дафтари САҲА эътироз ва ба манзили баъзе намояндагони мухолифон сангандозӣ карданд, ки наздиконашон дар Варшава ҳузур доштанд.
Бархе коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ин таҳаввулот баёнгари адами таҳаммули дигарандешӣ ва интиқоди сиёсӣ дар кишвар шудааст. Баъди ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода моҳи сентябри соли 2015, ҲНИТ ба ҳайси созмони маблағгузори ин ошӯб мамнӯъ ва террористӣ эълон ва 14 узви раёсаташ ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуд. Раҳбарияти ҲНИТ ҳамаи иттиҳомотро ҳамчун ангезаи баста шудани ҳизби сиёсӣ дар кишвар рад мекунад.
САҲА яке аз созмонҳои муҳими ҳамкори Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар ин кишвар соли 1994, замони ҷанги дохилии ин кишвар шурӯъ кард. Нақши ин созмон дар бозгардони муҳоҷирони тоҷик ба манзилҳояшон, кӯмаки молӣ дар барқарории баъдиҷангӣ, роҳандозии тарҳҳои мухталифи марбут ба рушди демократия, мубориза бо терроризу ифротгароӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат дар таъмини баробарии ҷинсӣ хеле фаъол будааст.