Тоҷикистон боҷи русиро лағв ва худиро баланд мекунад?

Дар ҳоле, ки Душанбею Маскав оиди лағви боҷи содиротии маводи сӯхти Русия созиш кардаанд, вазорати молияи Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки аксизи воридоти он ба кишвар афзоиш ёбад.
Русия ва Тоҷикистон дар мавриди лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия ба ҳамдигар гузаштҳо кардаанд. Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, рӯзи 23 –юми январ зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ҳайати Тоҷикистон тавонист, банди 6-уми созишномаи байнидавлатӣ бо Русияро бипазирад ва дар иваз банди 7-умро аз байн барад. Бино бар банди 6 судури дубора ё реэкспорти маҳсулоти нафтии Русия аз тарафи Тоҷикистон манъ аст. Вазири энержӣ ва саноат гуфт, ҳукумати кишвар ба тарафи Русия кафолат медиҳад, ки ин мавод реэкспорт нахоҳад шуд. Вай афзуд: “Дар моддаи 7 – и созишнома зикр шуда буд, ки созишнома пас аз 60 рӯз ба амал медарояд. Аммо мо инро қабул накардем ва гуфтем, ки бигзор ин мӯҳлат аз рӯзи имзо бошад. Баҳси дигар сари моддаи 6 буд, ки ба содироти дигарбора ё реэкспорт дахл дорад. Русия талаб кард, ки мо ба кишвари сеюм маводи нафтиро нафурӯшем. Ба ин шарт розӣ шудем.”

Акнун Русия қарор аст, солона 1 миллион тонна маҳсулоти нафтиро бе гирифтани боҷи содиротӣ дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад. Ин созишнома дар нимаи аввали моҳи феврал, ҳангоми сафари Игор Шувалов, муовини аввали сарвазири Русия ба Душанбе имзо хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки қарордоди мазкур мебоист дар моҳи ноябр ё декабр ниҳоӣ шуда, иҷрои он аз 1-уми январи соли равон сар мешуд. Таъхир барои он ба миён омад, ки Русия намехост, Тоҷикистон маҳсулоти нафтияшро ба кишвари сеюм, дар ин маврид ба Афғонистон дубора содир кунад. Аммо ҷониби Тоҷикистон мехост, ин ҳақро дошта бошад ва ҳатто пешниҳод кард, ки омода аст барои содироти дигарбора боҷи гумрукӣ супорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боҷҳо дар тарозу


Боҷи гумрукӣ ба маводи нафтӣ, ки аз моҳи майи соли 2010 ба далели узви Иттиҳоди гумрукӣ набудани Тоҷикистон аз сӯи Русия ҷорӣ шуд, мӯҷиби боло рафтани қимати сӯзишворӣ ва куллан нархҳо дар Тоҷикистн гашт. Бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон солона 200 миллион доллар аз ин ҳисоб зиён мебинад. Аммо бо лағв шудани боҷи гумрукӣ интизор меравад, масалан, қимати як литр бензин дар бозори Тоҷикистон аз 6, 2 - 7 сомонии ҳозира 2 – 2,5 сомонӣ арзонтар шавад.

Дар ин миён, Вазорати молия ва Кумитаи андози Тоҷикистон ба хотири ғанӣ кардани буҷа ба мақомоти зидахл, аз ҷумла Вазорати энержӣ ва саноат пешниҳод кардаанд, ки дар масъалаи боло бурдани қимати аксиз ба маводи нафтӣ хулосаҳои худро пешниҳод намояд.

Гул Шералӣ гуфт, ҳамчунин пешниҳодро вазораташ ғайри қобили қабул медонад, зеро барои истеъмолкунандагон вазнинӣ меорад: “Дар масъалаи аксиз мо чандин маротиба ба ҳукумат муроҷиат кардем. Бори охир ҳафтаи гузашта зимни як нома изҳор доштем, ки қабул кардани ин пешниҳод шарт нест, зеро имкон дорад барои истеъмолкунандагон зиёновар бошад. Мо тарафдори ин пешниҳод нестем.”

Нияти боло бурдани қимати аксиз дар ҳоле ошкор мешавад, ки Созишномаи интиқоли маводи нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳанӯз имзо нашуда, ҳамагӣ интизоранд, ки кай боҷи гумрукӣ лағв мешаваду нархҳо поён мераванд. Аммо афзоиши қимати аксиз на танҳо мумкин аст, нархҳоро бетағйир боқӣ гузорад, балки бештар ҳам кунад.

Дар ҳамин ҳол ҳеҷ яке аз мақомот ҳозир нашуданд, ки дар бораи молиёту андоз аз маводи нафтӣ сӯҳбат кунанд. Аммо як тоҷире, ки аз Русия ба Тоҷикистон бензин меорад, гуфт, барои ворид кардани бензини навъи 92 ҳудуди 500 доллар тоннаи бензинро харидорӣ карда, 350 доллар боҷи гумрукӣ месупорад ва дар Тоҷикистон сари ҳар тон 50 евро аксиз, 5 дарсад боҷи давлатӣ, 1 дарсад хароҷоти гумрукӣ ва аз ҷамъи ин маблағ, яъне ҳудуди 1120 доллар 18 дарсад – 200 доллари дигар андоз месупорад. Вай гуфт, кӯшиши боло бурдани аксиз ҳамоно то ҷое аз худ кардани боҷест, ки русҳо лағв хоҳанд кард.