24 сол пеш, рӯзи 8 декабр раҳбарони Русия, Белорус ва Украина Созишномаи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро имзо карда, ба ин тартиб ба умри кишваре бо номе Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) поён бахшиданд. 15 ҷумҳурии шӯравӣ пош ва ҳар якашон ба давлати мустақил табдил шуданд. Ҷумҳуриҳои пошхӯрда, ба қавли таҳлилгарони ғарбӣ, бидуни муборизаву мушкиле истиқлолияти худро эълон карданд ва Тоҷикистон ҳам яке аз ин кишварҳои соҳибистиқлол гардид.
Ним сол пеш аз ин рӯйдодҳо 76 дарсади ширкатдорони як референдум ё раъйпурсӣ гуфтанд, ки ҷонибдори пойдории СССР ҳастанд. Дар Тоҷикистон шумори тарафдорони ҳукумати шӯравӣ таҳти раҳбарии Русия беш аз 90 дарсадро ташкил медод.
Вале фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барои Тоҷикистон баъди Шӯравӣ чӣ бурду бохте дошт?
Бархе коршиносон мегӯянд, барои нахустин бор дар харитаи сиёсии ҷаҳон як давлати мустақили тоҷикон арзи ҳастӣ кард, ки тадриҷан соҳиби Конститутсия, рамзҳои давлатдорӣ ва дигар рукнҳои як кишвари комилҳуқуқ гардид. Дар ҷумҳурӣ барои нахустин бор забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва арзишҳои миллӣ ба мадди аввал баромад. Вале аз нигоҳи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ин солҳо барои Тоҷикистон мушкилоти зиёде дар пай дошт. Тоҷикистон нахуст бо мавҷи муҳоҷирати мағзҳо ва баъдан муҳоҷирати иқтисодӣ ё кории шаҳрвандони ҷӯёи кор дар Русия рӯбарӯ шуд.
Ба бовари Саъдии Юсуфӣ, як коршиноси тоҷик, оқибатҳои суқути Шӯравӣ барои Тоҷикистон фоҷеабор будааст. Аввал ин ки, ба гуфтаи ӯ, риштаҳои мухталифи ҳамкориҳо бо ҷумҳуриҳои пешини Шӯравӣ канда шуда баъди як сол дар ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Ин ҷанги бародаркуш, ки панҷ сол идома кард, барои даҳсолаҳо ҷараёни рушди иқтисодиву сиёсии Тоҷикистонро ба ақиб партофт.
Ӯ афзуд, “таъсири бади фурӯпошии Шӯравӣ ин буд, ки моро аз пайкараи як абарқудрати баландноми ҷаҳонӣ ҷудо кард ва дар паи он дучори сардаргумӣ ва нобасомониҳои гузариш аз як сохт ба сохти дигар кард. Ин марҳилаи бисёр ҳам душвору сахт барои мо буд ва харҷи моливу зеҳниятии фаровоне дошт”.
Масалан, ба гуфтаи Саъдии Юсуфӣ, бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ сохтори воҳиди давлатдорӣ, идеология ва низоми сотсиалистӣ аз ҳам пошид. Чун тамоми сохтори давлатию корхонаҳо бо низоми воҳиди сотсиалистӣ фаъолият мекарданд, барои Тоҷикистон пас аз касби истиқлол пур кардани ин холигоҳ душвор буд.
Яъне, давраи гузариш аз низоми сосиалистӣ ба иқтисоди бозорӣ ё низоми сармоядорӣ барои Тоҷикистон як зарбаи шадиде шуд, ки дар як вақт бо ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам бӯҳрони шадиди иқтисодӣ омад.
Ҳамзамон, ба эътиқоди ин коршинос, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барои Тоҷикистон ҷанбаи мусбам ҳам дошт. Ба гуфати ӯ, “Дар канори истиқлол, ба даст омадани озодиҳои мазҳабӣ ва баён аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Дар даврони шӯравии пешин барои адои фароизи динӣ маҳдудиятҳо зиёд буданд, сафари ҳаҷҷ барои сокинони кишвар тақрибан имконнопазир буд. Шояд дар замони Тоҷикистони шӯравӣ чанд нафаре фароизи ҳаҷҷро адо карда буданд, ин дар ҳолест, ҳоло ҳамасола беш аз 6 ҳазор тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо ба Макка сафар мекунанд”.
Ҳамчунин, бо касби истиқлол рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ содда шуда ва ба ҷуз дарёфти виза ё раводид дигар ҳеҷ масъалае барои сафари шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷа вуҷуд надорад. Феълан ҳазор нафар ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Вале таҳлилгарони дигар мегӯянд, ки озодиҳои сиёсӣ, низоми бисёрҳизбӣ ва матбуоти озоду фошгӯ танҳо дар як муддати кӯтоҳи баъди пошхӯрии шӯравӣ дар фазои Тоҷикистон ҳукмфармо буд ва баъди ин, вазъ тадриҷан дигар шуд. Эмомалӣ Раҳмон, ки дар интихоботи президентии соли 1994 бори аввал пирӯз шуд, то имрӯз раҳбари ин кишвар аст. Дар ҷумҳурӣ низоми парлумони дупалатаӣ амал мекунад. Дар интихоботи соли 2015 ба парлумон ҳеҷ як намояндаи ҳизби мухолифини воқеӣ роҳ наёфт ва интиқод аз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз нигоҳи маҳдудияти озодиҳои сиёсӣ ва фишор болои мухолифин афзоиш ёфт.