Нозукбӣ аз хавфи "ҷиҳодӣ" шудан писарашро ба артиш мефиристад

Бархе аз волидон аз хавфи пайвастани фарзандонашон ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ талош доранд, онҳоро ҳарчӣ зудтар ба хидмати сарбозӣ ба артиши Тоҷикистон гусел кунанд.

Бархе аз волидайн дар Тоҷикистон фарзандони саркаши худро ба артиш фиристодан мехоҳанд, то дар низоми ҳарбӣ роҳи дурусти зиндагиро биомӯзанд.

Нозукбӣ Рӯзиева, сокини 42-солаи шаҳри Кӯлоб ба комиссариати ҳарбии ин шаҳр ариза навиштааст, то писари 21-солаашро ба хидмати сарбозӣ ҷалб кунанд. Ин зан мегӯяд, тарбияи писараш як соли охир комилан дигар шудааст ва аз пайвастани ӯ ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ хавф дорад.

Ба қавли Рӯзиева, ҳамакнун ин ҷавонписар бо риши дамида рӯзи худро дар масҷид бегоҳ мекунад ва коре барои аҳли хонавода анҷом намедиҳад. Хонум Нозукбӣ мегӯяд, ба намозхонии фарзандаш мушкил надорад, аммо ҳоло ба назар мерасад, ки андешаҳои ӯ фаротар аз исломи суннатӣ рафтааст ва чанде боз ҳатто бо модараш сӯҳбат мекунад ва аз салом кардан бо даст аз модаре, ки 21 сол ӯро парвариш кардааст, парҳез менамояд. Ин зан тамоми ранҷ дар хидмати ҳарбиро беҳтар аз он медонад, ки рӯзе хабари пайвастани фарзандаш ба гурӯҳҳои ифротиро бишунавад.

Ӯ гуфт: “Пас аз хатми мактаб, ки ба зудӣ натавонистем ба мактаби олӣ дохилаш кунем, гӯшанишин шуд. Ҳамин тавр, якбора ба масҷид часпид ва ҳоло дигар саҳар аз хона берун мешавад ва шом бармегардад.”

Ин писар дар хонаводаи таҳсилдида бузург шудааст ва модару падараш ҳарду омӯзгоранд. Ин ду омӯзгор, ки солҳо фарзандони дигарро тарбия кардаанд, аз дигаргун шудани тарбияи фарзандашон ҳайрон шудаанд.

Ҳаким Ҳошимов -- писари ин хонавода дар як тамоси телефонӣ бо мо 24 апрел дар соати 12:30 гуфт, ҳоло барои рафтан ба намози ҷумъа омодагӣ мебинад ва аз ин рӯ наметавонад, сӯҳбат кунад. Пас аз ин дигар телефони ӯ хомӯш буд ва талошҳои мо барои тамос бо ӯ натиҷа надод.

Талоши ба артиш фиристодани ин ҷавон дар ҳолест, ки волидайн тамоми роҳҳо барои мӯътадил гардонидани андешаи ӯро анҷом

Фаридун Маҳмадалиев

додаанд. Дар ҳамин ҳол, Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар чанд соли ахир хоҳиши волидайн, ки фарзандонашон ба артиш ҷалб шаванд, афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло соле нест, ки як комиссариати ҳарбӣ бештар аз даҳ аризаи волидайнро ҷиҳати ихтиёрӣ ҷалб намудани фарзандаш ба артишро дастрас накунад.

Маҳмадалиев мегӯяд, тарбия аз аввал ба вазъи ахлоқии оила вобаста аст, аммо дар низоми артиши Тоҷикистон давоми ду сол талош мешавад, то ҷавон минбаъд як роҳи дурусти зиндагиро интихоб намояд. Вай афзуд, "дар хонаи падар муҳим нест, ки фарзанд кай аз хоб мехезад, аммо ин ҷо ҳама соати муайян дорад. Ин ҷо дигар фикри ифротӣ шуданро сарбоз пайдо намекунад. Дарсҳои сиёсӣ мехонанд ва дар ин муҳит андешаи сарбозро дигар менамояд."

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳоло бинобар муаассир будани тарбия дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳеҷ далеле рӯи даст нест, ки ҷавонони фориғшуда аз хидмати артиш ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафта бошанд. Аксари падару модарони ҷавононе, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҳастанд, дар сӯҳбат бо мо мегӯянд, "писарашон инсони хуб буд, вале намедонанд, ки чаро ба ин роҳ рафт."

Анвар Шарифов, равоншиноси ҷавон, мегӯяд, дар тарбияи фарзанд омилҳои берунӣ низ метавонад нақш дошта бошад, аммо ҳама гуна тарбия заминааш аз ҷониби волидайн дар оила гузошта мешавад.

Марям Давлатова

Аммо ҷомеашиноси тоҷик Марям Давлатова мегӯяд, аксари оилаҳои тоҷик аз нигоҳи равонӣ солим нестанд. Ӯ мегӯяд, дар аксари хонаводаҳои тоҷик миёни зану шавҳар ҷанг аст, ки ин бузургтарин садамаро ба фарзанд мерасонад. Ба қавли Давлатова, “вақте фарзанд садамаи равонӣ мегирад, ними умри як равоншинос лозим меояд, ки онро шифо бахшад. Бо садамаи равонӣ фарзанд сустирода ва дилшикаста ба воя мерасад, ки оянда ҷалби ӯ ба ҳама гуна роҳ осон аст.”

Ҳоло дар Тоҷикистон мавсими даъвати баҳорӣ ба сафи артиш ҷараён дорад. Ин мавсим дар ҳолест, ки аз пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳи худхонадаи “Давлати исломӣ” зиёд хабар мерасад. Нозукбӣ Рӯзиева, як зани тоҷик талош дорад, то бо шомил кардани фарзанди худ ба артиши Тоҷикистон ӯро аз эҳтимоли пайвастан ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” наҷот бидиҳад.

Гурӯҳе, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ҳоло бештар аз 300 навҷавони тоҷикро ба сафи худ ҷалб кардааст ва то кунун ҳудуди 60 тани онҳо кушта шудаанд.