Тими мубоҳисони ҷавони Тоҷикистон барои сафар ба Ирландия ва ширкат дар Форуми ҷаҳонии ҷавонон то ҳол маблағи кофӣ пайдо накардааст.
Тими мубоҳисони ҷавони Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё-2013, ки аз 8-ум то 21-уми апрели соли равон бо иштироки 120 толибилм аз 13 давлати Осиё дар Иссиқкули Қирғизистон баргузор гардид, ширкати фаъолона намуда, ба даври ниҳоии ин озмун роҳхат гирифт. Қарор аст, даври ниҳоии Форуми ҷавонони ҷаҳон дар Ирландия моҳи август баргузор гардад. Аммо ба гуфтаи аъзои тим, феълан набуди маблағ иштироки тими Тоҷикистонро дар ин форуми ҷаҳонӣ зери суол бурдааст. Аврангзеби Асрориён, узви тими мубоҳисони Тоҷикистон ва хонандаи синфи 11-и литсейи иқтисодии тоҷикӣ-туркии шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт:
Аврангзеб Асрориён: Моҳи апрел тамоми масрафи сафари Қирғизистонро ташаббускори форум - ташкилоти байналмилалии таълимии IDEA ба ӯҳда гирифта буд. Барои иштирок дар форуми ҷаҳонӣ бошад, мо ба мушкилии молиявӣ рӯбарӯ ҳастем. Ҳоло муаллимаи мо, ки амрикоист, ба Амрико баргаштааст ва ба мо тариқи интернет нома навишт, ки тавассути интернет барои мо маблағ ҷамъоварӣ карда истодааст. Ин гуна ҷамъоварии маблағ, ки аксаран барои дастгирии он нафароне, ки дар ингуна маҳфилҳо ширкат меварзанд, бо номи крауд пандинг ҳоло дар ҷаҳон маъмул аст. Ва хоҳишмандон чунин афродро тариқи интернет сармоягузорӣ мекунанд. Мо ҳарчанд кӯшиш карда истодаем, ки одамон аз давлатҳои Амрико, Аврупо ба фонди дебати мо даромада, тими моро маблағгузорӣ кунанд, лекин то ҳол бенатиҷа аст. Зеро медонем, ки ин давлатҳо фақат шаҳрвандони худро сарпарастӣ мекунанд. Ва мо мехостем, ки соҳибкорон, тоҷикони бурунмарзӣ ва онҳое, ки дар кишвар ҳастанду имконияти молиявиашон хуб аст, ба сомонаи мо бо нишонии http://www.gofundme.com/3el0bo ворид шуда, кумаки худро бароямон расонанд. То ин ки мо тавонем дар форуми ҷаҳонӣ ҳам Тоҷикистонро муаррифӣ намоем.
Озодӣ: Барои иштирок дар Форуми ҷавонони ҷаҳон барои тими Тоҷикистон чӣ қадар маблағ зарур аст?
Аврангзеб Асрориён: Тими мо аз 5 нафар иборат аст ва барои ширкат дар ин форум 12 ҳазор доллари амрикоӣ лозим буд. Тими Хоруғ, ки 3 нафаранд, барои маблағгузорӣ ба фонди Сорос муроҷиат карданд. Вале тими Душанбе, ки мо аз ду нафар иборатем, барои супоридани ҳуҷҷатҳо ба ин фонд дер кард, чунки Сорос ҳуҷҷатҳоро дар муддати якуним моҳ дида баромада, сипас пул ҷудо мекунад. Ҳоло вақт кам мондааст ва мо бояд то 8 июл посухи худро диҳем, ки дар ин форум иштирок мекунем ё на? Барои ҳамин ҳоло ба умеди он ҳастем, ки нафароне пайдо шуда, моро сарпарастӣ мекунанд. Як узви тими Душанбе аллакай ба сарпарастӣ аз Тоҷикистон бовар надорад ва умеди худро аз иштирок дар ин форум кандааст, лекин ман то ҳоло умед дорам, ки нафарони саховатпеша ёфт мешаванд. Ва ҳоло аз тими мо танҳо ман боқӣ мондаам, ки маблағи заруриро, ки 3 ҳазор доллар аст, дастрас намоям.
Озодӣ: Аврангзеб, чаро ин қадар талош доред, ки дар форуми мубоҳисони ҷавони ҷаҳон ширкат варзед ва ин форум барои шумо чӣ аҳамият дорад?
Аврангзеб Асрориён: Дебат ин як усуле аст, ки тариқи баҳсу мунозираҳо ҷавонон ҳуқуқи худро ва дар маҷмӯъ ҳуқуқи инсонро меомӯзанд. Ва ин ба мо дар оянда, агар дар сохтори давлатӣ кор кунем, хеле манфиат дорад. Вақте ки дар Қирғизистон иштирок кардем, ба худ таҷрибаи хуб гирифтем. Фикр мекунам, иштирок дар форуми ҷаҳонӣ, ки онҷо аз Ҷопон, Амрико, Британия, яъне давлатҳои пешрафтаи дунё, толибилмон ширкат меварзанд, барои мо барин дебатёрҳо аҳамияти калон дорад. Зеро таҷрибаамон боз ҳам афзунтар мегардад, ҷаҳонбиниамон васеъ мешавад, шеваи мудирияти демократии дигар кишварҳои ҷаҳонро меомӯзем ва аз ҳама муҳим метавонем номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон ҳарчӣ бештар муаррифӣ кунем.
Озодӣ: Дар Форуми мубоҳисони ҷавони ҷаҳон, чунон ки гуфтед, толибилмон аз тамоми кишварҳои рушдкарда ширкат меварзанд, оё итминон доред, ки дар рақобат бо онҳо муваффақ хоҳед шуд?
Аврангзеб Асрориён: Тими Тоҷикистон аз хонандагони ягон кишвари дигар ҳарос надорад. Дуруст аст, ки забони ин дебатҳо англисӣ аст ва ин забони модарии мо нест. Аммо мо тайёрии хуб дидаем ва нишон хоҳем дод, ки толибилмони Тоҷикистон ҳам метавонанд худро хуб муаррифӣ намоянд. Дар Қирғизистон ҳам вақте ки бори аввал иштирок кардем, ба мо қаблан гуфтанд, ки дар онҷо тимҳои пурқувват аз Индонезия, Филиппин, Камбоҷа, Малайзия ва ҳоказо, ки сарпарасти хуб доранд, иштирок мекунанд. Вале мо тавонистем дар ин форум худро хеле хуб нишон диҳем ва ҳатто тимҳои дигарро дар ҳайрат гузорем. Ва гуфтаниам, ки дар форуми ҷаҳонӣ низ, агар иштирок кунем, муваффақ мешавем, чунки мо ба худ эътимоди калон дорем ва мо метавонем».