Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон рӯзи 23 май дар Кохи Борбад доир шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханрониаш бо тавсиф аз қишри ҷавони аҳолӣ ҳамчун “ нерӯи созандаву бунёд кор” ба эҷоди шароити таҳсил ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва танзими раванди муҳоҷирати ҷавонон, ки 50 дар сади куллияи муҳоҷирони корӣ дар хориҷи кишварро ташкил медиҳанд, таъкид кард.
Оқои Раҳмон ҳамин тавр, гуфт, гаравиши ҷавонон ба мазҳабу равияҳои бегона ва боздошту маҳкум шудани онҳо бо ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои тундрав ташвишовар боқӣ мемонад. Ба таъкиди президенти Тоҷикистон, «баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш намекунанд ва аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд ва хулоса бе шуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси шомил шудани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд.» Оқои Раҳмон ифротгароӣ ва хурофотпарастӣро сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ хонд ва гуфт, ки ин барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.
Аз сӯи дигар, президенти Тоҷикистон мавориди афзояндаи даст задани ҷавонони тоҷик ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамонро низ боиси ташвиши ҷиддӣ донист. Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, «дар тӯли даҳ соли охир қариб 6 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 174 ҷинояти аз ҷониби ноболиғону ҷавонон содиршуда ба қайд гирифта шудааст. Инчунин бо иштироки онҳо дар даҳ соли охир 33 ҳазор ва дар се моҳи аввали соли равон 1050 ҷиноят содир гардидааст. Ҳамчунин дар ин муддат 26 ҳодисаи ба қатл расонидани падару модарон аз тарафи фарзандон, аз ҷумла 11 ҳодисаи аз ҷониби ҷавонон рух додани чунин ҷиноят ба қайд гирифта шудааст».
Оқои Раҳмон гуфт, барои бо манзил таъмин кардани ҷавонон, ки беш аз 5 миллион ё 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, бояд ба қонуни ипотека тағйирот ворид шавад. Ӯ гуфт, ки дар чанд соли охир ба 870 000 хонаводаи ҷавон қитъаи замин барои сохтани манзил ҷудо кардаанд.
Оқои Раҳмон аз дастрасии озоду бемониаи ҷавонони тоҷик ба фанновариҳои навин тавсиф кард, вале гуфт, “истифодаи бесарусомон ва аз ҳадди зиёди онҳо ба саломатии инсон зиёни калон дорад.” Оқои Раҳмон аз ҷумла аз ин интиқод кард, ки дар Тоҷикистони аҳолиаш ҳамагӣ 8 миллион нафар шумораи корбарони телефонҳои мобил беш аз 10 миллион шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар дидори имрӯза аз ҷавонон хост, то ҳушёру зирак бошанд. Оқои Раҳмон гуфтааст, барои рушду такомули ин қишри ҷомеа тамоми шароитҳо муҳаёй аст ва ҷавонони тоҷик бояд ҳарчӣ бештар забонҳои хориҷӣ ва улуми муосирро биомӯзанд.
Ҳар сол 23-юми май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи ин ҷашн «Ҳафтаи ҷавонон» баргузор мешавад, ки маҳфилҳо ва нишастҳои мухталиферо дар бар мегирад. Ҳамчунин ба ин ифтихори ин ҷашн - Рӯзи дави миллӣ низ доир мешавад, ки ҳазорҳо тафар аз ҷавонон ва кормандони касбу кори гуногун ширкат мекунанд.
Бино ба хабарҳо, дар поёни мулоқот ба ҳамаи 2200 иштироккунандааш планшет ҳам тақдим кардаанд.
Аксари ҷавонони тоҷикро, ки дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон ширкат дошанд, беш аз ҳама ҳамин тӯҳфаи ғайриинтизор хурсанд кардааст. Ин ҷавонон ба як вижагии дигари мулоқоти имрӯза низ ишора мекунанд, ки президент дар ин дидор бо онҳо самимитар буд ва бештар насиҳат мекард.
Ба гуфтаи онҳо дар ин мулоқот, ки ҳудуди 5 соат идома ёфт, раисиҷумуҳур ҷавононро ба илмомузӣ ташвиқ карда, ҳамзамон таъкид намудааст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд.
Баҳрулло Насруллоев, яке аз ширкаткунандагони мулоқот дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «Раисиҷумҳур ба мо ҷавонон ваъда доданд, ки мо барои шумо тамоми имкониятро фароҳам меорем, шумо танҳо таҳсил кунед.»
Ба фарқ аз Баҳрулло, Меҳрангез, як ҳамсӯҳбати дигари мо, ки дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент таҳсил мекунад, мегӯяд агарчӣ аз ин мулоқот хеле рӯҳбаланд шудааст, аммо ба иҷро шудани дастурҳои президент ва ҳали мушкилоти ҷавонон чандон хушбин нест. Вай гуфт, «масалан, президент гуфт, ҷавонони боистеъдодро дастгирӣ кунед. Вале ба ин бовар надорам. Зеро ман худ аз деҳаи дурдастам, ҳатто китобам аз чоп баромад, аммо маро касе дастгирӣ намекунад. Ҷои моро дигарон, онҳое, ки пул доранд, гирифтаанд. Мо ҳоло мисли як фармонбардору хомӯшу нотавонем, вале онҳо рӯи обанд.»
Меҳрангез афзуд, зимни ин мулоқот ӯ китоби ашъори худро, ки бештар дар пояи шикоят аз нобаробарии иҷтимоӣ таълиф шудааст, ба раисиҷумҳур тақдим намудааст. Дар мулоқот ҳамчунин иддае аз ҷавонон тавонистаанд бо суолу пешниҳодоти худ ба президент муроҷиат кунанд.
Амирхӯҷа Сангов, аз Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аз он норошигӣ кард, ки дар ин дидор чун пештара ҷавонон бештар оиди мушкилоти инфиродии худ ҳарф заданд. Дар ҳоле, ки ба таъкиди вай мебоист бо истифода аз чунин фурсат пешниҳодҳое садо медод, ки имкони тағйир додани зиндагии ҳазорон ҷавонро дошта бошад. Амирхӯҷа аз ҷумла гуфт, «ман ростӣ аз сӯи ҷавонон пешниҳодҳои ҷолибро надидам. Чун солҳои пештара чун худтаърифкунӣ буд. Ман фикр намекунам, ки имрӯз он замонест, ки мо бигӯем, ман олими ҷавонаму муаллифи 7- 8 китоб. Бояд ин олим кайҳо илмашро дар амал татбиқ мекард. Муҳим он аст, ки мо бояд коре кунем, ки фазои ҷавонон холӣ набошад.»
Аммо Илҳомҷон Ҳомидов, олими ҷавони тоҷик дар муқоиса ба дигар ҷавонон муваффақ шудааст, ки пешниҳоди худро ба президенти Тоҷикистон роҷеъ ба таъсиси марказе, ки бояд манфиатҳои миллиро пуштибонӣ кунад, расонад. Ба гуфтаи Илҳомҷон ,бо назардошти он, ки дар ин авохир нисбати Тоҷикистон ҳамлаҳои зиёди иттиллоотӣ сурат мегирад ва ин ҳам дар ҳоле, ки ин кишвар дар пешорӯи маъракаҳои муҳими сиёсӣ қарор дорад, таъсиси чунин марказ амри зарурист. Ӯ афзуд, «баъзе нафароне ҳастанд, ки ободии кишварро намехоҳанд ва дар сомонаҳои гуногун ҳукумату давлати моро танқид мекунанд. Фаъолияти ин марказ чи гуна хоҳад буд? Ин марказ аз ҳисоби ҷавонони фаъол, ки ҳадди ақал се забони хориҷиро медонанд ва ба ҳама гуна тӯҳмату иғвоҳое, ки аз берун дар нисбати Тоҷикистон сурат мегирад, бояд посух гӯяд.»
Ин бори 7-ум буд, ки дар ҳафтаи вижаи ҷавонон президенти Тоҷикистон бо намояндагони мулоқот мекунад ва гуфта мешавад, ба чунин нишаст аксаран онҳое роҳ меёбанд, ки аз сиёсатҳои ҳукумат ҳимоят мекунанд ё дар зинаҳои он пуштибоне доранд.Ҷавонони фаъол шикоят мекунанд, ки ҷавонони дигарандеш ё мунтақидро ба чунин мулоқотҳо роҳ намедиҳанд.
Мулоқотҳои президент Раҳмон бо намояндагони ин ё он қишри ҷомиа маъмулан табиати ташрифотӣ ва хеле расмист. Ба ин нишастҳо асосан ҷавонони тарафдори давлат даъват мешаванд ва сенарияи сӯҳбатҳои раисиҷумҳур бо ин ҷавонони мунтахаб низ аз пеш тарҳрезишуда аст. Дар гузашта танҳо чанд мавриди истисноӣ ҳам мушоҳида шудааст, ки бархе ҷавонон берун аз сенария ба президент арзи худро расонда бошанд, вале арзи онҳо низ асосан аз мушкилоти иҷтимоияшон, назири мушкил дар роҳи вуруд ба донишгоҳ ё дар амри пайдо кардани ҷои кор будааст.