Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва падари ӯ Устопир Устопириён расонаӣ кардани масъалаи омодагии ин паҳлавон ба мусобиқоти муҳими байналмилалӣ аз сӯи муррабиаш Владимир Елчаниновро беасос ва ноҷо унвон мекунанд. Комроншоҳи Устопириён аз умедҳои асосии Тоҷикистон барои дарёфти медали олимпӣ дар навъи гуштии дзю-до шумурда мешавад.
Комроншоҳ Устопириён рӯзи 15 март дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз расонаӣ шудани масъалаи ширкаташ дар мусобиқоти байналмилалӣ нороҳат шудааст: “Ман бояд фикри мусобиқаҳоямро кунам. Маро ба сиёсат қӯш накунанд. Мардум инро дигар хел мефаҳманд. Ман як варзишгари оддиам. Барои ман сӯм ҷудо кунанд, ман дар мусобиқаҳо обрӯи Тоҷикистонро бардорам. Ман ягон даъвои дигар надорам.”
Владимир Елчанинов дар номаи саркушодае ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 12 март дар Радиои Озодӣ нашр шуд, аз камбуди маблағ барои омодагии шогирдаш Комроншоҳи Устопириён ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия изҳори нигаронӣ карда, кӯмаки молии бештар хоста буд.
Елчанинов аз ҷумла навишт, "мутаассифона, мансабдорони соҳа ба масоили ҳалталаби мо диққати зарурӣ намедиҳанд. Ҳеҷ гуна маблағгузорӣ вуҷуд надорад. Дар чаҳор мусобиқа Комроншоҳ бе ман гуштӣ гирифт. Чаҳор моҳ - аз ноябри 2015 то марти 2016 - вай, умуман, бе ман тамрин кардааст, ки ин ба натоиҷи қувваозмоиҳояш таъсири манфӣ расондааст. Ҳоло ӯ мошинашро фурӯхтааст, то ин ки мо замони зоеърафтаро барқарор кунем ва каме ҳам бошад, омодагӣ бигирем."
Аммо Комроншоҳ Устопириён дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Елчанинов ин номаро бе машварат навишта, вайро дар ҳолати ногувор гузоштааст: “Муаллим навиштааст, ки аз моҳи ноябр ман бо Комроншоҳ набудам. Ҳол он ки ҳамроҳи ман ба Абӯ-дабӣ рафт, баъди Абӯ-Дабӣ ҳамроҳ барои тамрин ба Австрия рафтем. Моҳи январ барои ширкат дар Гран-При ҳамроҳ Куба рафтем. Дар тамринҳо дар Дюсселдорфи Олмон низ муаллим ҳамроҳам буд. Ҳамин ҳарфҳояш асос надоранд. Аз тарафи дигар, ӯ мураббии шахсии ман аст, вале инҷо бе иҷозати ман нома навиштааст.”
Падари Комроншоҳ – Мураббии шоистаи Тоҷикистон Устопир Устопириён низ рӯзи 15 март бо нашри як баёния номаи саркушодаи муррабии писараш ба президенти Тоҷикистонро “беасос” ва “берун аз шартнома” номидааст. Устопир Устопириён мегӯяд, Елчанинов набояд ба фаъолияти сохторҳои варзишии Тоҷикистон дахолат мекард: “Мо борҳо дар сӯҳбат ӯро хотиррасон кардем, ки танҳо ҳуқуқи баҳодиҳии баромади Комроншоҳро дар мусобиқаҳо дораду бас, на ҳуқуқи баҳодиҳӣ ба сохторҳои варзишии кишварро.”
Устопир Устопириён навиштааст, ки барои ширкати писари ӯ дар мусобиқоти байналмилалӣ аз ҳисоби будҷаи давлатии Тоҷикистон 200 000 сомонӣ, муодили тақрибан 25 000 доллар ҷудо шудааст. Ҳамин тавр, ба гуфтаи падараш, Комроншоҳ ва мураббии ӯ бо кумаки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз 4 январ то поёни феврал ба Австрия, Куба ва Олмон ҳамроҳ сафар карда, то 28 март дар Маскав дар машқҳои дастаҷамъӣ ширкат мекунанд.
Комроншоҳи Устопириён ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст, Владимир Елчанинов рӯзи 28 март ба Хуҷанд биояд ва онҳо инҷо то 13 апрел барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии дзюдои Осиё тамрин хоҳанд кард: “Ин мусобиқа 14 апрел дар Тошканд оғоз мешавад ва ман хеле умедворам, ки аз он бо нишони тило баргардам ва натиҷаҳоямро беҳтар кунам.”
Комроншоҳи Устопириён дар ҳоли ҳозир дар раддабандии ҷаҳонии гуштигирони дзюдо дар мақоми 10 ва дар раддабандии олимпӣ дар зинаи 9-ум қарор дорад. Ӯ мегӯяд: “Дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро 22 паҳлавон ширкат мекунанд. Ман алакай дар ҷои 9-умам ва имтиёзҳои лозим барои роҳхат ба Олимпиадаро ҳанӯз соли 2015 ба даст овардам. Фақат инки рӯйхати ширкаткунандагонро рӯзи 31 май эълон мекунанд. Имтиёзҳои овардаи ман кофист, ки ба Тоҷикистон ҳамчун квота як роҳхати дигар ҳам бидиҳанд.”
Ин квотаи олимпӣ, ба гуфтаи манобеи Озодӣ, шояд ба Саидҷалол Саидов ё Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дода шавад.
Владимир Елчанинов, ки шогирди дигари тоҷикаш Расул Боқиев дар соли 2008 дар Олимпиадаи Пекин нишони биринҷӣ ба даст оварда буд, дар номааш ба президенти Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар ғайри сурати ироаи кӯмаки молӣ, барои медали олимпӣ мубориза бурдани Комроншоҳи Устопириён дар Бразилия мушкил хоҳад шуд. Аммо худи Комроншоҳ мутмаин аст, ки аз Рио-де-Жанейро ҳатман бо медал бар хоҳад гашт.
Комроншоҳи Устопириён соли 1993 дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, моҳи октябри соли 2015 дар Гран-прии дзюдо дар Тошканд ва аз он қабл дар Ҷоми кушодаи Осиё-2015 дар Тайван ду нишони нуқра ба даст овард. Дар моҳи май дар қаҳрамонии Осиё дар Кувайт соҳиби нишони биринҷӣ шуда, дар қаҳрамонии ҷаҳон дар мақоми панҷум қарор гирифт. Аз соли 2012 ба ин сӯ, Комроншоҳ ҳар сол ба даҳгонаи варзишгарони беҳтарини соли Тоҷикистон шомил мешавад.