Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б. Раҷабалиев: Ба Олимпиадаи Рио 10-12 роҳхати дигар мегирем


Дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ гуфт, Тоҷикистон аз варзишгарон боз 10-12 роҳхати олимпӣ чашмдор аст.

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз 20 варзишгари тоҷик дар мусобиқоти литсензионӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд ва аз онҳо 10-12 роҳхат интизорем.

Ӯ гуфт, “гурзандози машҳур Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир аз нахустин варзишгарони тоҷик аст, ки ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат гирифтааст. Мо аз ӯ, ки соли гузашта дар чемпионати ҷаҳон дар Пекин дар гурзандозӣ мақоми дувумро касб кард, дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро медал чашмдорем. Ҳамакнун варзишгарони тоҷик барои роҳхатҳои олимпӣ дар риштаҳои бокс, гӯштии озод, гӯштии юнониву румӣ, ҷудо ва таэквондо WTF талош доранд. Дар байни онҳо варзишгарони номдор, ба мисли муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Асрор Воҳидов, Шоира Зулқарнаёва, дзюдочиён Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Фарҳод Раҳимов, гӯштигирони озод Азамат Сӯфиев, Фарҳод Анақулов, Искандари Рустам, Баҳодур Қодиров, гӯштигирони юнониву румӣ Муродҷон Тӯйчиев, Шодӣ Баҳромов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабалиев, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба варзишгарони тоҷик барои ширкат дар Олимпиадаи соли 2016 се квота (дуто дар риштаи шиноварӣ ва якто оид ба варзиши сабук) ихтисос медиҳад.

Варзишгарони тоҷик дар се мусобиқаи литсензионӣ оид ба гӯштии озод ва гӯштии юнониву румӣ ширкат мекунанд. Нахуст онҳо аз 18 то 20 март дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, баъдан рӯзҳои 22-24 апрел дар Муғулистон ва 6-8 май дар Туркия барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза хоҳанд бурд.

Варзишгарони тоҷик дар риштаи таэквондо WTF рӯзҳои 16-18 апрел дар шаҳри Манилаи Филиппин дар ягона мусобиқае, ки барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ доир мешавад, ширкат меварзанд.

Барои муштзанҳои тоҷик бошад, дар пеш се мусобиқаи литсензионист: 23 март-3 апрел (Чин, Гуян), 7-19 июн (Озарбойҷон, Боку), 16-18 май (Қазоқистон, Остона).

Варзишгарони тоҷик дар намуди ҷудо, ки имсол дар чаҳор мусобиқаи байналмилалӣ ширкат доштанд, боз 12-13 март дар мусобиқаи бози Африқо дар Касабланкаи Марокаш, моҳи апрел дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканди Ӯзбакистон ва моҳи май дар Гран-прии ҷудо дар Остонаи Қазоқистон барои гирифтани имтиёзҳои олимпӣ талош хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ҳамагӣ 16 варзишгар намояндагӣ карда буд ва мо соҳиби як медали биринҷӣ шудем. Умедворем, ки дар Олимпиадаи навбатӣ низ теъдоди варзишгарони мо ҳамин миқдор мешавад ва бе медал намемонем”, - таъкид намуд Баҳрулло Раҷабалиев.

Б. Раҷабалиев: Ба Олимпиадаи Рио боз 10-12 роҳхат мегирем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00

XS
SM
MD
LG