Занон дар Тоҷикистон аз ним зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд ва агар тасмими мустақилона гиранд ё танҳо аз номзадҳои зан ҳимоят кунанд, шумораи занон дар порлумони ояндаи кишвар метавонад ба маротиб бештар шавад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки аксари онҳо ба номзадҳои мард бартарӣ медиҳанд. Бархе ба ҷойгоҳи ниҳодина ва одатии мард дар ҷомеаи суннатӣ такя мекунанд ва бархеи дигар мегӯянд, ҳалли мушкилоти имрӯзаи ин ҷомеа аз тавони занон фаротар аст.
Гулҷаҳон, як зани хонанишини тоҷик, мегӯяд, “роҳбар бояд ҳама вақт мард бошад”, зеро дар ҷомиаи мардсолори Тоҷикистон занон ба ҳадди мардон тавони расидагӣ ба мушкилоти ҷомеаро надоранд. Вай меафзояд, баъд аз мулоқот бо як вакили зан дар порлумон мӯътақид шудааст, ки ҳоло ягонзани тоҷик тамоми зарфиятҳои як вакилро надорад: ”Намехоҳам аз ӯ ном барам, аммо ман бо як намояндаи порлумон чанд лаҳза сӯҳбат доштаму дар охир ӯ ба ман гуфт, ягон бор маро дида будӣ? Гуфтам, танҳо аз тариқи телевизион. Гуфт, акнун маро аз наздик дидӣ? Гуфтам, ҳа. Гуфт, зебо будаам? Гуфтам, бале. Дигар ба худтавсифкунӣ даромад ва ман фикр кардам, ки агар як фикри зани роҳбар, вакили мо чунин бошад, аз дигар занҳо чӣ интизор шавем?”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз нигоҳи Гулҷаҳон, зиндагии занон дар Тоҷикистон мушкилтар аст ва афроде бояд вориди порлумон шаванд, ки зимни қабули қонунҳо бекорӣ, бемаълумотӣ ва хушунатзадагии ин қишрро ба назар гиранд.
Аммо баръакси мусоҳиби аввали мо, Нисо, як зани дигар, ки омӯзгор аст, мегӯяд, мушкилоти зани тоҷикро танҳо зан дарк карда метавонад. Бо вуҷуди ин, Нисо бар ин аст, ки дар Тоҷикистон бештар ба ҳарфи мард бартарӣ дода мешавад: “Охир занҳои моро кӣ дастгирӣ мекунад? Аз як тараф, хонавода, шавҳар инро қабул надорад, аз сӯи дигар, дар ҷомеаи мо тарбияи кӯдаку хонавода ҳама бори зиндагӣ ба дӯши зан аст. Онҳо дастгирӣ намеёбанд, шароити молии хуб надоранд.”
Зоҳиран, райъи занони тоҷик, ки беш аз 50 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, барои дилхоҳ нафаре, ки вакил шудан мехоҳад, тақдирсоз аст. Бо дарназардошти ин, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо наздик шудани маъракаи интихоботӣ талош доранд, таваҷҷӯҳи занонро бештар ба худ ҷалб кунанд.
Дар охирин ҷаласаи ҳизби ҳокими хаалқии демократӣ раиси он – раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ширкати фаъоли занон дар интихобот таъкид кард ва раҳбарияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам ахиран дар як ҷаласае бо бонувони ҳизб даъват кард, то таваҷҷӯҳ бештар ба масоили занон равона шавад.
Музафар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик, раҳбари маркази назарсанҷии “Шарқ” мегӯяд, таносуби занони интихобкунанда нисбат ба мардон дар кишвар бештар аст ва аҳзоб ҳам ба хотири ба даст овардани раъйи бештар онҳоро ба худ ҷалб мекунанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар интихоботҳо танҳо райъи занон истифода мешавад, аммо худи онҳо хеле кам номзад мешаванд.
Музаффар Олимов мегӯяд, ҷомеаи Тоҷикистон мардпарвар аст ва ба ҷинси зан дар кишвар мардум як навъ нобоварӣ доранд: “Ҳатто агар номзади зан бисёр шахсияти бодонишу бомаҳорат ҳам бошад, наметавонад дар сабқатҳои сиёсӣ аз мардон пеш гузарад. Чун дар ҷомеаи мардсолору суннатии тоҷик, худи занон ҳам натанҳо дар хона, балки дар корхонаву дар курсиҳои раҳбарикунанда ҳам бештар мардонро дидан мехоҳанд. Аммо як сабаби аслии ноком гаштани занони номзад ба порлумон ва маҷлисҳои шаҳру навоҳӣ ин аст, ки интихобкунандаҳо медонанд, ки занон ба сиёсат роҳ дода намешаванд.”
Бо ёдоварӣ аз ширкати ҳуқуқдони шинохта ва нахустин номзади зан дар таърихи интихоботҳои раёсатҷуҳурии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова дар интихоботи президентии соли 2013 ҳамсӯҳбати мо гуфт, ин аз қабл ва барои ҳама маълум буд, ки ӯ овози ночиз мегирад ва ҳадафи пешбарии Бобоназарова чизе бештар аз намоиши эҳтиром ба зан аз ҷониби як ҳизби исломӣ набуд.
Вале дар ҷомеа ин андеша низ мавҷуд аст, ки мардҳо дар 23 соли истиқлолият ҳамаи тавоноӣ ва имкониятҳои худро нишон доданд ва тағйири куллие дар вазъи кишвар ба миён наоварданд. Бархе мегӯянд, занон аз мардон дида, камтар ба сулолаву авлодбозӣ, сарватғундорӣ, зӯроварии сиёсӣ ва якравӣ мубталоянд. Дар сурати ба қудрат расидан онҳо хеле зуд метавонанд, дар ҷомеа дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оранд ё лоақал даричаи умедеро ба ояндаи беҳтар боз кунанд.
Дар ҳоли ҳозир аз 63 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон танҳо 8 нафарро бонувон ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо аъзои ҳизби халқии демократӣ буда, тибқи квотаи ҳизбӣ ба порлумон роҳ ёфтаанд.
Яке аз раҳбарони аввали Тоҷикистон дар замони шӯравӣ Гулҷаҳон Бобосодиқова мегӯяд, занон барои матраҳ намудани чеҳраи сиёсӣ ва сарварии худ талоши кам доранд: “Агар зан соҳиби маълумоти кофӣ, малакаи ҳаётӣ бошад, мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодии ҷомеаро дарк кунад, он вақт мешавад гуфт, ки ин зан метавонад дар зинаи боло ҳам ба занону ба ҷомеа манфиате расонад ва метавонад раъйи мардумро ба даст орад. Надониста ба ин зан кӣ овоз медиҳад?”
Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ба хотири таъмини баробарӣ аҳзоби сиёсӣ бояд занонро ҳам дар радаҳои аввали рӯйхати ҳизбии худ роҳ диҳанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи як талаботи Созмони Милали Муттаҳид низ занон дар рӯйхатҳои интихоботӣ набояд камтар аз се дарсадро ташкил диҳанд.
Интихоботҳои Тоҷикистон ҳам дар ҳоле баргузор мешаванд, ки аксари мардони тоҷик дар муҳоҷират дар Русия ба сар мебаранд ва дар рӯзи интихобот аксаран ҳамин занҳо ба раъйдиҳӣ мераванд. Мераванд, ки тибқи одат, ба ягон номзади мард овоз диҳанд.