Дар Исфара аз Вандам хостанд, номашро дигар кунад

Вандам Абдукабирзода ба варзиш ҳам машғул аст.

Вандам Абдукабирзода ҷавони 17-солаи тоҷик аз ноҳияи Исфара имсол мисли дигар ҳамсолонаш барои гирифтани шиноснома ба мақомот муроҷиат кард. Чун имсол мактаби деҳаи Чилгазиии ноҳияро хатм мекунад, бояд барои шомил шудан ба донишгоҳ бояд шиноснома бигирад.

Аммо вақте ба идораи шиносномадиҳӣ рафт, кормандони идораи шиносномадиҳӣ ҳайратзада шуданд ва бовар накарданд, ки номи воқеиаш Вандам аст.

“Як моҳи қабл барои гирифтани шиноснома ба мақомот муроҷиат кардам. Вақте номамро диданд бовар накарданд. Гуфтанд ин лақабат ҳаст ва номи асосиат кадом аст? Ман гуфтам номи асосиам Вандам аст” - гуфт, Абдукабирзода.

Гуфтанд ин лақабат ҳаст ва номи асосиат кадом аст? Ман гуфтам номи асосиам Вандам аст.

Вандами тоҷик, ки рӯзи 27-уми декабр бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ба ӯ пешниҳод карданд, ки номашро тағйир диҳад. Аммо Вандам намехоҳад, номашро дигар кунад, чун мегӯяд, ки 17 сол боз ин номро дорад ва мехоҳад, дар шиноснома ва то охири умр Вандам бимонад.

“Падари ман пеш аз таваллуд шуданам бисёр филмҳои ҳунарпешаи амрикоӣ Жан Клод Вандамро тамошо мекардаанд. Ин ҳунарпешаро дӯст медоранд ва барои ҳамин маро Вандам ном гузоштанд”- гуфт, ҷавони тоҷик.

Пешниҳоди номи дигар ба ҷойи Вандам

Кормандони идораи шиносномадиҳӣ барои он ба Вандам пешниҳод кардаанд, ки номашро дигар кунад, ки дар Тоҷикистон нимаи аввали имсол як феҳристи номҳои тоҷикиро таҳия ва нашр карданд ва волидон бояд аз ҳамон феҳраст ном интихоб кунанд. Дар ин феҳраст 3 ҳазор ном шомил шудааст ва бархе аз номҳои қаблан роиҷ ба мисли Табар, Теша ва иловаи пасвандҳои "мулло", "халифа", "тура", "хоҷа", "хӯҷа", "шайх", "валӣ", "охун", "амир", "суфӣ" “хон”, “тӯра” ва ғайра феҳраст берун монданд. Волидон ҳақ надоранд, ба фарзандонашон номҳои берун аз феҳрастро бигзоранд.

Вандам Абдукабирзода

Ташвиши Вандам ҳам аз он аст, ки номи ӯ дар феҳрист нест ва мумкин аст, ӯро маҷбур кунанд, ки аз ин номи маъруф даст кашаду номи дигаре интихоб кунад. Аммо Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ниҳоди масъули таҳияи феҳрасти номҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Вандам ҳаққи нигаҳ доштани номашро дорад.

Ӯ рӯзи 27-уми декабр гуфт: “Аз феҳрасти номҳо гузоштани ном танҳо барои тифлони навзод ҳатмӣ аст. Ин ҷавон, ки қабл аз таҳияи феҳраст таваллуд шудааст метавонад, номашро ҳифз кунад. Лекин ӯ ҳақ дорад, бо хоҳиши худаш номашро иваз кунад”.

Матробиён афзуд, дар сурати нофаҳмие дар бораи номаш ҳангоми шиносномагирӣ, Вандам метавонад, ба Кумитаи забон ва истилоҳот муроҷиат кунад ва онҳо ба мақомоти зиддахл талаботи феҳрастро тавзеҳ медиҳанд.

Мухлиси Вандам ҳастам, аммо ҳунарпеша намешавам

Худи Абдукабирзода низ мухлиси ҳунарпешаи машҳури Ҳолливуд - Вандам аст, ки даҳҳо нақшро дар киноҳои ҷангӣ бозидааст. Авҷи шӯҳрати ин ҳунарманди зодаи Белгия, ки баъдан шаҳрванди Амрико шуд, ба солҳои 2000-ум рост меояд, замоне ки Вандам Абдукабирзода таваллуд шудааст.

Филмҳои амрикоӣ аввали солҳои 90-уми асри гузашта ба Тоҷикистон роҳ ёфтанд ва мардум ин филмҳоро дар видеомагнитофонҳо тамошо мекарданд. Филмҳои Жан Клод Вандам аз фиттаҳои пурхаридор буд.

“Ман ҳамаи филмҳое, ки Жан Клод Вандам бозидааст борҳо тамошо кардаам. Бисёре аз ҳаракатҳое, ки Вандам дар филм иҷро кардааст, иҷро карда метавонам. Аз синфи 4-умӣ ҳар рӯз машқ мекунам. Турник мекашам” - мегӯяд Абдукабирзода.

Бо вуҷуди мухлисӣ ва номаш, Вандам майли пайравӣ ба Жан Клод Вандами воқеиро надорад ва намехоҳад ҳунарпеша бошад. Баръакс, шавқу ҳавасаш бештар ба илмҳои дақиқ аст ва нияти ҳавонавард шуданро дорад.

Жан Клод Вандам бо Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон

“Орзу доштам, ки як маротиба ба Амрико равам ва бо Жан Клод Вандам вохӯрам, аммо то ба ҳол ин хел имконият надорам. Лекин нияти актёр шуданро надорам. Ман мехоҳам ба Донишгоҳи олии ҳавонавардии шаҳри Санкт – Петербург дохил шуда ҳавонавард шавам.”

Майли Вандами тоҷик ба таҳсил дар шаҳри канори рӯди Нева аз он аст, ки падари муҳоҷираш дар ин шаҳр кору зиндагӣ мекунад. Падараш дар муҳоҷират ба бинокорӣ машғул аст ва 5 соли қабл аҳли оиларо ҳам ба ин шаҳр бурд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд:

“Ҳамаи моро падарам ба Петербург бурда буд. Ман аз синфи чаҳорум то синфи ҳафтум дар ин шаҳр таҳсил кардаам. Аз ин рӯ русиро хуб медонам ва орзу дорам дар академияи ҳавонавардии ин шаҳр таҳсил кунам”.

Номи маъруф, вале ҳайратангези ҷавони тоҷик

Вандам мегӯяд, вақте бори аввал номашро мешунаванд, тааҷҷуб мекунанд. Аммо номи машҳур ва бозӯи тануманд ягона ифтихори Вандам нест.

Мегӯяд, дар омӯзиши илми физика, ки барои пешаи интихобкардааш ниҳоят муҳим аст, сахт кӯшиш дорад ва ахиран дар яке аз озмунҳои ихтироъкорони шаҳри Душанбе пирӯз шудааст.

“Дар шаҳри Душанбе озмуни ихтироъкорони ҷавон бо номи “Бозёфт” ҳаст. Порсол дар ин озмун ҷойи дуввумро гифрифтам, имсол соҳиби ҷои аввал шудам” - афзуд Абдукабирзода.

Бо ин ҳама нақшаву дастовардҳо, айни замон ҳуши Вандам Абдукабирзода ба гирифтани шиносномааш банд аст, чунки бидуни он донишҷӯ шуда наметавонанд.