Бархе аз чеҳраҳои ҳунару фарҳанг мегӯянд, ба иллати он ки номашон дар «рӯйхати сиёҳ» афтодааст, роҳи онҳо ба Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон бастааст.
Аммо Сафаралӣ Қурбонов, сармуҳаррири барномаҳои мусиқии ин шабака мавҷудияти ҳама гуна «рӯйхати сиёҳ»-ро дар телевизион рад мекунад ва мегӯяд, ки ширкат дар барномаҳои телевизионӣ озод аст ва ҳар касе мехоҳад, метавонад, маҳсули эҷодашро пешниҳод кунад.
Ҷаноби Қурбонов афзуд, «касе муқобили касе нест. Дарвозаи мо кушода аст. Марҳамат, мо қабул мекунем. Ягон монеае, ки мардум мегӯянд, вуҷуд надорад. Кай Ҷонибек Муродов ё Шабнами Сурайё омаду мо қабул накардем? Ман Шабнами Сурайёро даъват мекунам. Марҳамат, биёяд. Ҳеҷ касе муқобили Шабнами Сурайё, Ҷонибек ё Садриддин нест».
Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов, он нафароне, ки маҳз Шабакаи якум онҳоро муаррифӣ кард, имрӯз дар атрофи ин шабака ҳар гуна овозаҳо паҳн мекунанд. Ҳамчунин Сафаралӣ Қурбонов овозаҳоро дар бораи пулакӣ будани пахши суруд дар телевизион низ рад карда, аммо афзуд, «агар сурудҳояшон аз шӯрои бадеӣ гузарад ва мазмуну мӯҳтавои баланд дошта бошад, ҳама хоҳишмандон метавонанд дар барномаҳо ширкат кунанд.»
Ҷаноби Қурбонов гуфт, имсол барномаи солинавии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон зери унвони «Саманди иқбол» тӯли 7 соат пахш мешавад ва дар он беш аз 150 чеҳраи саршинос ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Ин сӯҳбат дар ҳоле ҷараён мегирад, барои намуна, ситораҳои эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов, Фарзонаи Хуршед, Садриддини Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ дар барномаҳои солинавии Шабакаи якум ширкат намеварзанд. Дар ҳамин ҳол, Баҳром Ғафурӣ иқрор кард, ки шахсан ба ин шабака муроҷиат накардааст, аммо шабака ҳам ӯро даъват накардааст.
Бархе аз ҳунармандон мегӯянд, ширкат дар телевизион барои тарғиби ҳунарашон хеле муҳим аст, зеро мардум мехоҳанд ҳунармандонеро ба тӯю сурашон даъват кунанд, ки дар телевизион мебинанд. Ҷонибек Муродов, сарояндаи тоҷик мегӯяд, чанд сол аст, ки таронаҳои ӯ тавассути шабакаҳои давлатии телевизион пахш намешаванд, ӯ ва чанде аз дигаронро телевизион ба барномаҳои ҷашнӣ даъват намекунад. Айни ҳолат бо Шабнами Сурайё низ иттифоқ афтодааст ва бархе аз ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, интихоби овозхонон барои ширкат дар консертҳои муҳим ба завқи шахсии афроди тасмимгиранда бастагӣ дорад.
Аммо на танҳо ҳунармандон, балки як идда чеҳраҳои фарҳангиву сиёсӣ ва аъзои ҳизбҳои сиёии мухолиф ҳам мегӯянд, ки роҳи шабакаҳои телевизионӣ барои онҳо баста аст. Гулрухсор, шоири маъруфи тоҷик изҳор дошт, ки чанд сол боз ӯро ба барномаҳои телевизион даъват намекунанд, аммо вай аз ин нороҳат нест, чун барояш муҳимтар аст, ки мардум ӯро дӯст медоранд.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик мегӯяд, тӯли бисту як сол танҳо як дафъа дар остонаи интихоботии президентӣ ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ аз ҲНИТ ва ИНИТ ӯро дар телевизионҳои давлатӣ намоиш додаанд.
Дар ҳоле, ки нашрияҳо бо теъдоди кам нашр мешаванд ва на ҳама қишрҳои ҷомеа имкони харидани онҳоро доранд, шабакаҳои телевизион дастрастарин василаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки тамоми ҳудуди кишварро фаро мегирад ва барномаҳояшро тавассути моҳвора дар хориҷи кишвар низ пахш мешавад. Барои ширкат дар барномаҳои солинавии охири моҳи декабр Садриддини Наҷмиддин ва Баҳром Ғафурӣ ба телевизиони «Сафина» даъват шудаанд.
Ҷаноби Қурбонов афзуд, «касе муқобили касе нест. Дарвозаи мо кушода аст. Марҳамат, мо қабул мекунем. Ягон монеае, ки мардум мегӯянд, вуҷуд надорад. Кай Ҷонибек Муродов ё Шабнами Сурайё омаду мо қабул накардем? Ман Шабнами Сурайёро даъват мекунам. Марҳамат, биёяд. Ҳеҷ касе муқобили Шабнами Сурайё, Ҷонибек ё Садриддин нест».
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад