Рӯзи панҷшанбеи 7 ноябр ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон иди касбии худ - Рӯзи театри тоҷикро таҷлил карданд.
Таҷлили 84-умин солгарди театри тоҷик бо зиёрати макони охирати поягузорони театри миллӣ дар оромгоҳҳои Лучоб ва Сариосиё оғоз шуд ва сипас тантанаҳои ҷашнӣ дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов идома ёфтанд.
Ба меҳмонон намоиши «Моҷаро» аз рӯи асари Карло Голдонӣ дар таҳияи Баҳодур Миралибеков пешниҳод шуд. Ҳамчунин аҳли театри Лоҳутӣ дар як маҳфил аз аз ҳунарманди шинохта Ато Муҳаммадҷонов ёд карданд ва 75-солагии ӯро ҷашн гирифтанд.
Аммо бо ин вуҷуд ҷашни театр шукӯҳи шаҳомати қаблиро надошт ва рӯҳияи ҳунармандон низ чандон шоду идона ба назар намерасид. Нахустин театри тоҷик соли 1929 таъсис ёфта, дар аҳди Шӯравӣ театрҳои Тоҷикистон дар байни театрҳои собиқ Шӯравӣ аз беҳтаринҳо номбар мешуд. Вале ҳоло Рӯзи театри тоҷик дар замоне таҷлил мешавад, ки худи театр ва дар буҳрони амиқ қарор дорад ва ҳунару ҳунарманд ҷойгоҳашро дар ҷомеа аз даст додаст.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбони Собир мегӯяд, дар ин рӯз ҳиссиёти махлут дорад, шод аст, ки ҳунар дорад ва ин касбро интихоб кардааст, аммо аз он дилгир аст, ки дар солҳои ахир дар театр нақши наве иҷро накардааст ва то андозае аз фаъолияти театрӣ дур мондааст.
Қурбони Собир мегӯяд, «вақте инсон ҳамагӣ панҷоҳ сол дорад, бояд корҳои зиёде анҷом диҳад. Бахусус, ҳунармандро бояд истифода кунанд, ҳар чизе дар дарунаш ҳаст, ба манфиати миллат ҷафида бигиранд». Аммо ба андешаи ӯ ҳоло коргардонҳои ҳирфаӣ бекор мондаанд ва онҳое, ки умуман бояд кор накунанд, кор мекунанд ва чунин ҳолат боис шудааст, ки ҳунармандони хуб ба намоишҳо ҷалб нашаванд.
Ба таъкиди Қурбони Собир баъзе ҳунармандон маҷбур шудаанд, ки аз ноилоҷӣ рӯ ба кино оваранд: «Сатҳи филми тоҷик дар кадом дараҷа аст, ҳама медонанд. Дар он сатҳ кор кардан барои ҳунармандҳое, ки хубанд ва дар сатҳи олӣ кор кунанд, нашояд боиси кафкӯбӣ бошанд. Аммо агар илоҷи дигаре надошта бошӣ, маҷбурӣ, ҳамин корро бикунӣ.»
Замони шӯравӣ театр як бахши муҳими ҳаёти ҷомеа буд ва фарҳангиёни кишвар талош мекарданд аз тамошои ягон намоишҳои нав бебаҳра намонанд. Ҳунармандон ҳам дар ҷомеа мавқеу мақоми хос доштанд ва аз рӯзгору шароити хубе бархурдор буданд.
Вақте соли 1989 коргардони саршиноси тоҷик Фаррухи Қосим театри «Аҳорун»-ро бунёд кард ва аз рӯи офаридаҳои Фирдавсиву Ҳофиз, Мавлонову Аттор ва дигар бузургони адабиёт намоишҳо рӯи саҳна овард, ихлосмандони ҳунар ин иқдомро инқилобе дар театр ва эҳёи театри миллӣ қаламдод карданд. Ҳатто замони даргириҳои дохилӣ толори театри «Аҳорун» пур аз тамошогар буд ва намоишҳои театрро мардуми зиёде бо шавқу дилбастагӣ тамошо мекарданд.
Аммо баъди он ки вазъи кишвар оромтар ва зиндагӣ ба ҷараёни қаблии худ ворид шуд, театр баръакс мақоми қаблии худро аз даст дод, ба гирдоби бӯҳрон печид ва ба андешаи худи ҳунармандон ин бӯҳрон тадриҷан амиқтар мешавад. Намоиши хубу диданӣ хеле кам рӯи саҳна меоянд, театр тамошогарашро аз даст дод ва ҳоло одамонро аз мактабу донишгоҳ ва муассисаҳои давлатӣ маҷбур мекунанд, ки билет харанду ба тамошои театр оянд.
Нурулло Абдуллоев, ҳунарманди маъруфи тоҷик мегӯяд, аз он ки тамошогаронро иҷборан ба театр меоранд, ҳарчанд толор пур ҳам бошад, театр обод намешавад, чун онҳо ташнаи театр нестанд.
Ба таъкиди Нурулло Абдулоев, тамошогарро гунаҳкор кардан худ гуноҳ аст: «Тамошогар харидор аст. Вай меояд, ки намоиши хуберо тамошо кунад. Чун ин чизро аз театр наёфт, ҳақ дорад танқид кунад».
Аз сӯи дигар Баҳодур Миралибеков, саркоргардони театри русии Маяковский мегӯяд, бо вуҷуди бӯҳрони молӣ театри онҳо тамошогаронашро аз даст надодааст. Вай гуфт, театри Маяковский ҳар сол 4-5 намоиши нав барои калонсолон ва чанд намоиш барои хурдсолон таҳия мекунад ва сафарҳои ҳунарии зиёд дорад. Ҷаноби Миралибеков мегӯяд, «тамошогар ба он намоишҳое, ки барояш ҷолиб аст, меояд ва тамошо мекунад. Азбаски замона дигар шуд, сохти зиндагӣ ва сохти сиёсӣ дигар шуд, ниёзи мардум ҳам дигар шуд ва коргардонҳо бояд мувофиқ ба талаботи замон асар офаранд».
Аммо ба андешаи ҳунарпешаи тоҷик Абдумуъмин Шарифӣ, ҳар театр шабеҳи ҷомеааш аст, аммо агар як намоиш аз ин равиши ҷомеа берун барояд ва чанд қадам пеш равад, ин муваффақияти театр аст. «Бинандаҳои театр хосатаанд ва мо вазифадорем, хостаҳои онҳоро иҷро кунем», - мегӯяд ӯ.
Қурбони Собир мегӯяд, барои он ки театр ҷойгоҳи арзандаи худро дар ҷомеа пайдо кунад, бояд коргардони шоистаро ба театр ҷалб кард, зеро пешбари театр коргардон аст.
Ин дар ҳолест, ки ду коргардони машҳури тоҷик Барзу Абдураззоқов ва Султон Усмонов, ки чандин ҷоизаи сатҳи ҷаҳонӣ ба даст овардаанд, имрӯз бекор ҳастанд ва танҳо тариқи шартнома дар кишварҳои дигар намоишҳое рӯи саҳна меоранд.
Ба меҳмонон намоиши «Моҷаро» аз рӯи асари Карло Голдонӣ дар таҳияи Баҳодур Миралибеков пешниҳод шуд. Ҳамчунин аҳли театри Лоҳутӣ дар як маҳфил аз аз ҳунарманди шинохта Ато Муҳаммадҷонов ёд карданд ва 75-солагии ӯро ҷашн гирифтанд.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбони Собир мегӯяд, дар ин рӯз ҳиссиёти махлут дорад, шод аст, ки ҳунар дорад ва ин касбро интихоб кардааст, аммо аз он дилгир аст, ки дар солҳои ахир дар театр нақши наве иҷро накардааст ва то андозае аз фаъолияти театрӣ дур мондааст.
Қурбони Собир мегӯяд, «вақте инсон ҳамагӣ панҷоҳ сол дорад, бояд корҳои зиёде анҷом диҳад. Бахусус, ҳунармандро бояд истифода кунанд, ҳар чизе дар дарунаш ҳаст, ба манфиати миллат ҷафида бигиранд». Аммо ба андешаи ӯ ҳоло коргардонҳои ҳирфаӣ бекор мондаанд ва онҳое, ки умуман бояд кор накунанд, кор мекунанд ва чунин ҳолат боис шудааст, ки ҳунармандони хуб ба намоишҳо ҷалб нашаванд.
Ба таъкиди Қурбони Собир баъзе ҳунармандон маҷбур шудаанд, ки аз ноилоҷӣ рӯ ба кино оваранд: «Сатҳи филми тоҷик дар кадом дараҷа аст, ҳама медонанд. Дар он сатҳ кор кардан барои ҳунармандҳое, ки хубанд ва дар сатҳи олӣ кор кунанд, нашояд боиси кафкӯбӣ бошанд. Аммо агар илоҷи дигаре надошта бошӣ, маҷбурӣ, ҳамин корро бикунӣ.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад