Чойхона ва... палави тоҷикӣ дар Канада (ВИДЕО)

Валерий Баротов

​Валерий Баротов, зодаи шаҳри Хуҷанд, ки 23 сол боз дар Канада кору зиндагӣ дорад, дар шаҳри Торонто чойхона боз намуда, ба муштариён бештар палави тоҷикӣ пешниҳод мекунад.

Валерий Баротов, зодаи шаҳри Хуҷанд, ки аз соли 1992 ба ин сӯ дар Канада кору зиндагӣ мекунад, ахиран дар шаҳри Торонто як чойхонаи тоҷикӣ боз кардааст. Ӯ дар сӯҳбат бо торнамои "TV Vestnik.ca" гуфтааст, дар ин чойхона бештар палави тоҷикӣ ва дигар анвои ғизои миллии тоҷикону узбакҳоро омода ва ба муштариён пешниҳод мекунанд.

Ба қавли Баротов, дар чойхонаи ӯ ду таббох ваё ошпази тоҷику узбак фаъолият доранд, ки дар баробари палав, инчунин, шӯрбо, лағмон ва манту низ таҳия месозанд. Вай нақл кардааст, худи ӯ низ палавро ба хубӣ омода мекунад ва ин ҳунарро ҳанӯз дар шонздаҳсолагӣ аз модараш омӯхтааст.

"Пеш аз он ки ба Русия барои идомаи таҳсил биравам, модарам ошпазиро ёд дода буд,"-мегӯяд ӯ. Валерий Баротов хатмкардаи яке аз донишкдааҳои Маскав будааст ва мегӯяд, ҳар вақте ба ёди ватану хонавоад меуфтод, палав таҳия мекард ва ин ҳунар дар ғурбат ҳамеша дастгираш буд.

Дар гузашта дар шаҳри Боулдери иёлати Колорадо, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст, низ як чойхонаи тоҷикӣ боз шуда буд. Ҷозеф Степанник, раиси Анҷумани бародаршаҳрҳои Боулдер ва Душанбе, гуфта буд, чойхонаи тоҷикӣ ҷойи маъруф барои истироҳати бошандагони ин шаҳри амрикоӣ гардидааст.

Дар Русия, ки беш аз 1 миллион аҳолии кишвар барои дарёфти рисқу рӯзӣ дар он ҷо қарор доранд, чандин ошхона ва тарабхонаи тоҷикӣ фаъол аст.