Вале шояд кам касоне медонанд, ки биринҷ - маҳсулоти аслии ин ғизо дар асри 2-и пеш аз милод ба сарзамини мо оварда шуда, пайдоши оши палав ба асри 14-и мелодӣ рост меояд. То имрӯз 228 усули таёр кардани палав маъмул аст, ки гуфта мешавад, ҳанӯз дар асри 19 дар Бухоро ҳамаи ин намудҳо омода карда мешуд.
“Оши палав хӯроки миллии тоҷикон аст”
Аслан палавро хӯроки осиёимиёнагӣ меноманд, аммо Мӯъмина Шовалиева, корманди илмии пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии академияи улуми Тоҷикистон, ки ягона пажӯҳишгари ғизоҳои миллӣ дар кишвар аст, мегӯяд, ӯ пас гузаронидани таҳқиқот дар рисолаи илмии худ исбот кардааст, ки палав хӯроки миллии тоҷикон аст.
Ба гуфтаи Мӯъмина Шовалиева, феълан дар Тоҷикистон 48 намуд ва дар Ӯзбакистон 38 намуди палав таҳия карда мешавад. Фарқи аслии миёни таёр кардани ин навъи ғизо дар миёни мардуми ин ду кишвар дар он аст, ки дар палави тоҷикӣ ҳама маҳсулоташ якҷоя зирбонда ва пухта мешавад.
Хонум Мӯъмина мегӯяд, чун мардуми тоҷик аз замонҳои қадим ба зироатпарварӣ машғул буданд, ғизоҳое, ки аз гандуму биринҷ таёр карда мешаванд, хӯрокҳои миллӣ ва қадимии ин мардум дониста мешаванд.
Қадимтарин хӯроки тоҷикӣ
Ба гуфтаи таърихшиносон, аз ҳама хӯроки қадимаи тоҷикон далда аст, ки аз гандум ва бо иловаи чаҳормағзу ишкамбаи гову гӯсфанд таҳия мешавад. Сарчашмаҳои таърихӣ ҳокӣ аз онанд, ки мардуми тоҷик завқи зебои хӯрокпазиву хурокхӯрӣ доранд.
Гуфта мешавад, хӯрокҳои миллии тоҷикӣ вобаста ба мавқеи ҷуғрофии мардуми ин кишвар пайдо ва таҳия карда мешуданд. Аз ҷумла дар кӯҳистон, ки бештар чорводорӣ маъмул буд, асосан хӯрокҳои шириву гуштӣ, аммо дар водиҳои зироатпарвар аз маҳсулоти донагӣ ғизо омода мекардаанд.
Ширбиринҷ, ширчой, ширкаду, ширҷӯш, ширкочӣ аз ҷумлаи ғизоҳое ҳасатанд, ки то имрӯз дар бархе аз минтақаҳои кишвар тайёр мешаванд ва хусусияти табобатӣ доранд. Аз ҷумла умочро низ имрӯз аксаран барои онҳое таёр мекунанд, ки сармо хӯрдаанд.
Ғизои бенавоён ва сарватмандон
Гуфта мешавад, ҳанӯз аз замони қадим ғизоҳо ба ду гурӯҳ тақсим карда мешуданд: барои бенавоён ва барои дарбориёну сарватмандон. Хӯроки аслии мардуми камбизоат пиёба буд, ки бидуни гӯшт ва бо сабзавоту шалғам ва маҳсулоти донагӣ пухта мешуд.
Аммо дар дарбор бештар ғизоҳои гӯштӣ, аз қабили танӯркабоб ва калиякабоб, маъмул буд. Бо номи танӯркабоб гӯсфандро яклухт дар танӯр мепухтанд ва дар мизи сарватмандон мегузоштанд ва пас аз ғизохӯрӣ зиёдатии ин хӯрокро ба хизматгорҳо тақсим мекарданд. Ба ҷуз аз ҷурғот, ки низ барои подшоҳ пешниҳод мешуд, дигар хӯрокҳои ширӣ ба ҳайси хӯриш истифода мешуд.
Нафъи ғизоҳои миллӣ
Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки дар Осиёи Миёна ба хусус Тоҷикистон, бештар аз 60 намуди кабобҳои гуштӣ, 228 намуди муррабо, аз ҷумла бо гули садбарг ва 33 намуди хӯриши сабзавотӣ таёр карда мешудааст.
Муҳаббат, ҷавондухтари 30-солаи тоҷик, мегӯяд, ҳамеша барои хонаводааш ғизоҳои миллӣ, аз ҷумла шакаробу қурутоб, угро, гаҷ, суманак ва ба ин монандро омода мекунад. Ба ақидаи Муҳаббат, хӯрокҳои миллӣ серғизо буда, барои сиҳатӣ низ муфид аст.
Дар Душанбе чойхонаи “Роҳат” аз ягона ошхонаест, ки барои шаҳрвандон аксаран ғизоҳои миллиро пешниҳод мекунад. Ҷобир Қаҳҳоров, муовини сарошпази ин чойхона мегӯяд, арзиши ғизоҳои миллӣ дар нисбати дигар хӯрокҳо нисбатан пойин буда, баъзан бо фармоиши қаблии мизоҷон таҳия карда мешаванд.
Гуфта мешавад, то имрӯз китобҳои махсусе, ки сирф хӯрокҳои миллии тоҷикро бо забони тоҷикӣ дар бар гирифта бошад, чоп нашудааст. Аммо Мӯъмина Шовалиева, корманди илмии пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати ҷамъ овардани тамоми ғизоҳои милли тоҷикӣ метавон чанд ҷилд китобро мунташир кард.