Ширкати ронандаҳои тоҷик дар эътирози зидди "Uber" дар Амрико

Эътирози таксиронҳои "Uber" дар Ню-Йорк маълум кард, ки бештари ҷавонони тоҷики муқими Амрико дар ин ширкат кор мекунанд. "Uber", ширкати мусофиркашонӣ, ки тариқи нармафзори мобилӣ кор мекунад, барои аксари ҷамъияти беш аз шаш ҳазораи тоҷикон дар Амрико кордиҳандаи асосӣ аст.

Маъмурияти "Uber" ахиран тасмими дигар кардани шароити кор ва тақсими даромад аз мусофиркашониро гирифт, ки ба эътирози ронандаҳо рӯ ба рӯ шуд. Дар наворҳое, ки аз ин эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ронандаҳои тоҷик низ дида мешуданд.

Рӯзи 17-уми сентябр ронандагони таксӣ, ки тавассути "Uber" муштарӣ дарёфт мекунанд, ба нишони эътироз суръати ҳаракатро дар болои пули маъруфи Бруклини Ню-Йорк суст карданд, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт дар як қисмати ин шаҳри азим ба ҳам зад.

Расонаҳои Амрико гузориш доданд, ки ҳаракати нақлиёт дар минтақаи Манҳеттени шаҳри Ню-Йорк барои чанд соат комилан қатъ шуд.

Фаридун Мӯъминзода, ҷавони тоҷики муқими шаҳри Ню-Йорк, ки беш аз як сол аст бо "Uber" кор мекунад, рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду тасмими ахири ин ширкат боиси эътирози таксиронҳо шуд.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, "Uber" эълон кард, ки дар оянда дар соатҳое, ки муштарӣ зиёд нест, саҳифаҳои як қисмате аз таксиронҳоро хомӯш мекунанд, то ки ба кор набароянд. Танҳо дар соатҳое, ки талабот зиёд мешавад онҳоро ба кор роҳ медиҳад. Дар рӯзҳои ҷашну ид ва ё боронгарӣ, ки маъмулан талабот ба таксӣ зиёд мешавад нархи хизматрасонӣ боло меравад. Аммо Uber қисмати зиёди ҳамин пулро ки муштариён медиҳанд худаш мегираду ба ронандаҳо хеле кам медиҳад. Ҳамин чизҳо боиси эътирозҳо шуд."

Як ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ, ки низ бо "Uber" кор мекунад гуфт, то кунун ширкат 40 дарсади ҳаққи роҳкироро дар рӯзҳои ҷашну ид мегирифт ва боқиро ба ронанда медод, вале бар асоси тағйироти ахир хеле бештар аз он мегирад. Ӯ нақл кард, ки "муштарие ба ӯ 200 доллар ҳаққи хизмат дод, вале 150 долларашро ширкат аз худ кард, ҳол он ки бояд баръакс бошад".

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ки солҳои зиёд дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, ширкати таксиронии "Uber" кордиҳандаи асосии барои муҳоҷирони тоҷик дар Амрико аст. Аксари муҳоҷирони тоҷик пас аз ҳиҷрат ба ин кишвар ба шабакаи "Uber" мепайванданд ва таксиронӣ мекунанд.

Аҳмад Каримзода

Аҳмад Каримзода, раҳбари "Ҷамъияти тоҷикон дар Амрико" мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик бештар дар шаҳри Ню-Йорк ба сар мебаранд ва бинобар мушоҳидаҳои ӯ беш аз 60 дарсади онҳо бо ширкати "Uber" кор мекунанд.

"Бисёре аз тоҷиконе, ки ҳар сол бо роҳҳои гуногун аз ҷумла бо бурди "Грин корт" ба Амрико меоянд, забони англисиро намедонанд. Тақрибан ду сол қабл шаҳрдории Ню-Йорк имтиҳони таксиронҳоро осон кард. Онро бо забони русӣ ва ҳатто ба шунидаи ман, бо забони узбекӣ мешавад супурд. Литсензия таксӣ 700 доллар аст ва барои кор дар "Uber" камтарин дониши забони англисӣ кофист. Аз ин рӯ аксарияти тоҷикон баробари омадан ба Амрико ба "Uber" мепайванданд",-гуфт Каримзода.

Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, даромади ронандагони "Uber" дар ду соли охир тақрибан ду баробар кам шуд ва эътирози ронадагонро ба бор овард.

Каримзода афзуд, ахиран як гуруҳ аз ҷавонони тоҷики муқими Амрико ба кори барномасозӣ ва санҷиши дурустии кори барномаҳои компютерӣ рӯ овардаанд, ки як қадам ба пеш аст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз шумори тоҷикони муқими Амрико мегӯянд, ҷавонони тоҷик аз имкониятҳои таҳсил ва рушд дар ин кишвар истифода намекунанд.

Саидато Лутфулло, ҷавони тоҷик, ки беш аз 6 сол аст дар Амрико ба сар мебарад мегӯяд, бисёре аз тоҷикон баробари ворид шудан ба Амрико на пайи таҳсил ва гирифтани касбу малакаи нав, балки аз паси корҳое мераванд, ки дар Амрико бо номи "Survival jobs-кор барои зинда мондан" маъруф аст.

"Албатта ин ҷо ду сабаб аст. Сабаби аввал молиявӣ аст. Чун онҳое, ки меоянд, гоҳ пул қарз кардаанд ва наздиконашон ҳам вазъи хуби иқтисодие надоранд, аз ин рӯ, талош мекунанд, зуд кор ёбанд ва пул кор кунанд. Аммо онҳое ҳам, ки аз оилаҳои сарватманду доро ба Амрико меоянд, бо мақсади таҳсил дар муҳити он ҳамсолонашон қарор мегиранд, ки аз 100 ва ё 200 доллар маблағи кор кардаашон бо "Uber" дар анҷоми рӯз ифтихор мекунанд ва инҳо низ таҳсилро як сӯ гузошта пайи пулкоркунӣ мешаванд",-- иброз дошт Саидато Лутфулло.

Аммо ҳамсуҳбати мо мегӯяд, тарки таҳсил ва рӯ овардан ба корҳои ҷисмонӣ ба хотири даромади муваққатӣ рафтори дурандешона нест ва дар дарозмуддат бо ин роҳ ҷавонони тоҷик ба муввафақиятҳои чашмрас ноил шуда наметавонанд.

Бо ин вуҷуд Саидато Лутфулло аз чанд "Star-up"- лоиҳаҳои навоварона ва тозатаъсиси ҷавонони тоҷик дар аёлати Вирҷиния ва Калифорния ёдовар шуд, ки зоҳиран муввафақ ва рӯ ба рушд ҳастанд.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар барномаи иқомати муваққатӣ дар Амрико ё "Грин-карт", аз Тоҷикистон ҳар сол ҳудуди 700 нафар лотереяи муҳоҷират ва иқомат дар Амрикоро ба даст меоранд. Бинобар иттилои пажуҳишгоҳи "Rethinkinstitute" дар Вашингтон, ки маълумоти то соли 2015-ро дар бар мегирад, дар Амрико 6 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба сар мебаранд.