Суманаки Наврӯзӣ

Таҳияи суманак аз тар кардани гандум шурӯъ мешавад. Бо гузашти як рӯз гандум неш мезанад

Панҷ рӯз баъд гандум сар кашида месабзад

Гандуми сабзида барои кӯфтан омода шуд

Гандуми сабзидаро дар ӯғур мекӯбанд. Дар хонаводаҳои замонавӣ гандумро бо истифодаи мошини гӯшткӯбӣ майда мекунанд, то ки шир ё оби гандум ҷудо шавад 

Шири гандум

Шири гандумро тадриҷан дар дохили деги гарм рехта, бо каме равған ва миқдори муайяни орд омехта мекунанд. Андозаи орд ба миқдори шир ё оби гандум вобаста аст

Атолаи суманакро соатҳои тӯлонӣ (16-20 соат) дар болои оташи гарм нигоҳ дошта бо кафгир мекобанд. Орди суманак бояд пурра об шавад 

Ранги суманак тадриҷан аз ширранг ба қаҳваӣ табдил мешавад 

Барои пешгирӣ аз сахт шудани орд дар дохили деги суманак бо нияти нек дар дохили дег сангпора ва ё чормағзро меандозанд. 

Баъзеҳо мегӯянд, ба ҳар косае, ки чормағз ё сангчаи суманак афтод, ниятҳои он шахс ҳатман иҷро мешаванд

Як қадам то пурра омода шудани суманак

Суманаки наврӯзӣ баъди соатҳои тӯлонӣ пурра омода шуд. Оташе зери дег хомӯш мешавад. Баъди ин, баъзе кадбонуҳо болои дегро зери кӯрпаву кампалҳои гарм маҳкам пӯшонда ба муддати 4-5 соат дам меандозанд. Дар ин муддат суманак сард ва барои чашидан омода мешавад. 

Суманакро дар пиёлаву коса гирифта, ба наздикону ҳамсояҳо тақсим мекунанд. Суманакро мардуми тоҷик "ғизои биҳиштӣ" меноманд ва мегӯянд, ҳар касе, ки дар шабу рӯзи таҷлили иди Наврӯз суманакро чашида дар дил нияти неке кард, ҳатман иҷро мешавад. Наврӯзи шумо муборак!

Тарзи таҳияи "Суманаки Наврӯзӣ" - ғизои ҷашнии тоҷикон дар аксҳо қадам ба қадам намоиш дода мешавад.