Дар натиҷаи аз баландӣ сарозер шудани мошине дар ҷамоати Ғаллаободи ноҳияи Хуросон як сокини маҳаллӣ ва 14 сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон захмӣ шудаанд. Дар ҳукумати ноҳияи Хуросон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса рӯзи шанбеи 1 октябр, замоне иттифоқ афтодааст, ки сарбозон аз ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди Хуросон барои ҳезумчинӣ рафтаанд.
То кунун исми 5 сарбози маҷруҳ дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, ки аз онҳо Шукрулло Сайфуллоев, Абдуҳалим Тошпӯлодов, Неъматулло Ҷамиев, Босалмурод Бобоҷонов ва Қобил Шомуродов ном бурда мешаванд.
Ин хабарро дар Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карда, аммо гуфтанд, онҳо феълан ба сафари президент дар минтақа банданд ва аз гуфтани ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ мекунанд. Як манбаъ дар ҳукумати Хуросон рӯзи 3 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сарбозон аз қисми низомии "5018"-и Вазорати дифоъ дар ноҳияи Рӯдакӣ буда, се нафари онҳо ҳанӯз дар бемористон ва боқимондаҳо ба шаҳри Душанбе бурда шудаанд.
Ӯ гуфт, "онҳо барои ҷамъоварии ҳезум ба як баландӣ дар ноҳияи Хуросон баромадаанд. Сарбозе, ки ронандаи мошини боркаш будааст, натавонистааст, дар кӯтал ё нишебии кӯҳ ҳаракат кунадва мошин чаппа шудааст. Марде, ки дар ин ҳодиса ҷон дод, Шириналӣ Шукуров, сокини 47-солаи деҳаи Сабзазори ноҳияи Хуросон буда, вазифаи роҳбаладиро иҷро мекардааст."
Раҷабалӣ Гулов, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо рӯзи шанбе 14 сарбозро бо осебҳои мухталиф, аз ҷумла осеби косахонаи сар, пой ва даст дар беморхона қабул кардаанд. Вай гуфт, баъди ин ҳодиса раҳбарияти қисми низомӣ ба хабаргирии сарбозон омада, онҳоробарои идомаи табобат бо худ бурдаанд.
То кунун исми 5 сарбози маҷруҳ дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, ки аз онҳо Шукрулло Сайфуллоев, Абдуҳалим Тошпӯлодов, Неъматулло Ҷамиев, Босалмурод Бобоҷонов ва Қобил Шомуродов ном бурда мешаванд. То ҳол масъулони қисми низомии 5018 дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки оё воқеан сарбозон барои ҳезумчинӣ рафта буданд, ё хайр.
Ин бори аввал нест, ки сарбозони тоҷик дар пайи ба ҳезумчинӣ рафтан ба ҳодисаҳои нохуш дучор мешаванд. Дар охири соли 2014 чаҳор сарбози тоҷик, ки ба қавли худашон барои ҳезумчинӣ рафта, силоҳҳои худро фаромӯш карда будаанд, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба асорати Толибон афтода ва ним солро дар он сӯи Омӯ пушти сар карданд. Ин чаҳор сарбоз танҳо бо дахолати мақомоти Тоҷикистону Афғонистон дар тобистони соли гузашта раҳо шуда ба назди пайвандони худ баргаштанд.
Додгоҳи низомии Хатлон моҳи апрели соли 2015 Алимуҳаммад Додокалонов – сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 2610-и ноҳияи Панҷро, ки гуфта мешавад, бо фармони ӯ ин чаҳор сарбоз барои ҳезумчинӣ ба соҳили Омӯ рафта, баъдан ба дасти Толибон афтодаанд, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.