Як тир дар Ромит зиндагии нишонзани тоҷикро зеру забар кард.ВИДЕО

Дилшод бисёри рӯзашро дар бистар мегузаронад.

Бо гузашти се сол аз ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазорати дифо, як нишонзани собиқи гурӯҳи таъйиноти махсуси вазорати корҳои дохилӣ ҳанӯз ҳам наметавонад, ба зиндагии маъмулӣ баргардад. Амалиёти низомии 12-рӯза, саҳнаҳои тирандозӣ, захмиҳо ва кушташудаҳо ҳамеша ба хоби Дилшод Зокиров медарояд.

Амалиёти 12-рӯзаи зидди афроди мусаллаҳ дар дараи Ромит 39 кушта ва даҳҳо маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Чанд моҳ баъди ин додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафарро бо ҷурми ширкат ва пуштибонӣ аз ошӯб ба зиндон маҳкум карданд.

Ошӯб субҳи 4 сентябри соли 2015 баъди ҳамла ба посгоҳҳои милиса дар Душанбе ва шаҳри Ваҳдат шуруъ шуд ва чанд маъмури милиса ба ҳалокат расиданд.

Баъдан гуруҳҳои тарафдорони муовини собиқи вазири дифо ба дараи Ромит фирор карданд ва амалиёт ба зидди онҳо бо марги худи Абдуҳалим Назарзода ва даҳҳо тарафдори у анҷом ёфт.

Мақомот гуфтанд, Абдуҳалим Назарзода ва тарафдоронаш мехостанд, дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ анҷом бидиҳанд. Ин ҳодисаҳо на танҳо самтгириҳои сиёсии Тоҷикистон, балки зиндагии баъдии Дилшод Зокиров, нишонзани собиқи ОМОН-ро ҳам тағйир дод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як тир Дилшодро хонавайрону муҳтоҷу дастнигар кард

Дилшод Зокиров мегӯяд, бар асоси фармони раҳбарият дар амалиёт иштирок кард ва умед дошт, ки базудӣ зиндагиаш ба маҷрои оддӣ бармегардад ва шояд баъди рутбаи капитан, рутбаи баландтаре мегирад. Аммо ҳоло ягона орзуяш ин аст, ки зудтар захмҳояш шифо ёбанд ва дасти фалаҷаш ба ҳаракат дарояд.

Даҳ дақиқае, ки зиндагии Дилшодро талх кард

Дилшод Зокиров мегӯяд, ки зиндагиаш даҳ дақиқа пештар аз хотимаи амалиёт тағйир ёфт. Дар охирин рӯзи амалиёт ҳадафи тири нишонзани ошубгарон қарор гирифт ва аз сараш ҷароҳат бардошт. Дигар намедонад, ки чӣ шуд. Се моҳ беҳушу беёд, зери назари табибон буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳоҷӣ-Ҳалимро ба хок супурдаанд

«Ошубгарҳои Назарзода дар баландӣ қарор доштанд ва бартариашон хуб буд. Аз ҳамон баландӣ бисёриҳоро заданд. Бисёр одамонро куштанд. Ман ҳам аз сарам тир хӯрдам. Вақте аз кома ба ҳуш омадам, як дастам кор намекард, то ҳол кор намекунад» мегӯяд, ӯ.

Ӯ ҳам монда шуд, шок, асабонӣ. Ҷангу ҷанҷол шудем ва хеста баромада, рафт аз хона.

Дилшод ҳамроҳи даҳҳо афсари неруҳои таъиноти махсус шаби 5-уми сентябр ба амалиёти гурӯҳи ошубгар сафарбар шуд. Ин ҷавон, ки нишонзан, ё снайпер аст, мегӯяд, бо таҷрибаи беш аз 10-солаи фаъолият дар сохтори низомӣ, дар бисёр амалиёту ҳодисаҳои маҳви ҷинояткорон ширкат кардааст, аммо мушкилтарини онҳо муқовимат бо ошубгарони гурӯҳи генерал Назарзода буд.

Баъди ба ҳуш омадан, дӯстонаш гуфтанд, ки 10 дақиқа баъди тир хӯрдани ӯ ҷанг тамом шудааст, гурӯҳи ошубгар ва худи Назарзодаро маҳв кардаанд. Афсари собиқи гуруҳи таъйиноти махсус баъди чаҳор ҷарроҳии мушкил, аз ҷумла ҷарроҳии сар, бо доруву даво зиндагӣ дорад.

Ҳамсараш ҳам рафт, худаш хост худкушӣ кунад

Нисфи баданаш беҳаракат аст. Мақомоти вазорати корҳои дохилӣ ва ҳукумат дар ин муддат барои табобати ӯ кумак карданд. Ба гуфтаи Дилшод, тасмим буд, ки ӯ ба хориҷа барои табобат фиристода шавад, аммо табибони тоҷик масъулияти барқарор кардани саломатии ӯро ба дӯши худ гирифтанд. Ҳоло мегӯяд, ки беҳтар шудани вазъи саломатиашро эҳсос намекунад.

Абдуҳалим Назарзода маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим аз фармондеҳони собиқи замони ҷанги дохилӣ буд.

Баъди ин амалиёт, ба ӯ хона доданд, аммо зиндагӣ дар ин хона бо ҳамсару фарзандон дер давом накард. Дар ҳамсоягии падару модараш, вале танҳо зиндагӣ дорад ва модараш омада, ӯро нигоҳубин мекунад. Мегӯяд, дар як лаҳза ба кулли тағйир ёфтани зиндагӣ ва аз як одами солим ба маъюбу муҳтоҷ табдил ёфтан барои ӯ хеле сахт буд.

“Як замон ҳатто аз ҳама чӣ хаста шудам. Худкушӣ ҳаром аст, вагарна ин фикрро ҳам кардам” – гуфт, ӯ.

Аммо ҳоло ин фикрҳоро аз сар дур кардааст ва мегӯяд, барои барқарор кардани сиҳатиаш бояд талош кунад. Ба зиндагӣ дилгарм аст ва ягона дархосташ аз мақомот ин аст, ки ба ӯ кӯмак кунанд, то бо ҷалби табибони хориҷӣ, ба дардаш даво ёбад.

Якуним ҳазор сомонӣ ҳаққи бознишастагиву маъюбӣ мегирад. Мехоҳад, издивоҷ кунад ва зиндагии худро бидуни дастнигар будан ба касе пеш барад.

“Каме табобат кунанд, ки дастам кор кунад ва муҳтоҷи касе нашавам. Ҳозир модарро мекобам, ки либосамро пӯшонад. Ӯ ҳам пир аст. Наметавонад, як умр маро нигоҳубин кунад. Ман намегӯям, ки ба хориҷ баранд. Бигзор ҳамин табибоне, ки аз хориҷ меоянд, як бор маро ташхис кунанд”- мегӯяд, ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ду сол пас аз "ошӯб"-и Назарзода. ВИДЕО

Ошӯбе, ки ҳанӯз омилҳояш возеҳ нест

​Мақомоти Тоҷикистон баъди ошӯб дар се соли пеш ва анҷоми амалиёт ба зидди ошӯбгарон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба тарҳрезии ошӯб муттаҳам карданд ва фаъолияти онро мамнӯъ карданд. Чаҳордаҳ узви раёсати ҳизб ба зиндон маҳкум шуданд.

Ҳарчанд раҳбарони ҳизби ҳоло мамнуъ гуфтааанд, ҳеҷ иртиботе ба ошӯб надоштанд ва ин ҳодиса танҳо баҳонае барои бастани ягона ҳизби мухолифи давлат буд.

Дар робита ба ошӯб садҳо нафар зиндонӣ шуданд, аз ҷумла даҳ мақоми ниҳодҳои интизомиву қудратии Тоҷикистон. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ муҳокимаҳоро ношаффофу ғайриодилона номида, ҳукуматро сахт танқид карданд.

Парвандаи Абдуҳалим Назарзода ва тарафдоронаш ба таври пӯшида ҷараён гирифт ва ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам намедонад, ки муовини собиқи вазири дифоъ, аз фармондеҳони вафодор ба ҳукумат буд, чӣ мехост ва чаро ба кӯҳ фирор кард. Дилшод Зокиров ҳам намедонад, вале ҷабрашро мекашад.