Кумитаи андози Тоҷикистон беш аз 100 овозхонро барои фаъолияти бидуни патент ва фирор аз пардохти молиёт айбдор кард. Раҳбарияти кумита рӯзи 23-юми январ дар баёнияе гуфт, ин овозхонҳо дар аввал барои қонунӣ кардани фаъолияташон патент гирифта, сипас, онро қатъ намудаанд ё бо гузашти солҳо дар бораи даромади худ гузориш надодаанд.
"Патент надоранд, аммо ба маърака мераванд"
Теъдоди онҳое, ки ҳамчун овозхон дар идораҳои андоз сабт шудаанд, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.
"Аксари онҳо дар ҷашну маърака ва барномаи алоҳидаи консертӣ ҳунарнамоӣ мекунанд... Ин овозхонҳо манфиати худро аз манфиати давлат авло мешуморанд", - гуфта шудааст дар баёнияи Кумитаи андоз.
Молиёт ё иҷозаи фаъолият барои овозхонӣ дар Тоҷикистон чанд соли пеш шуд ва овозхонон ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бояд ҳар моҳ ба буҷети давлат пул супоранд. Маблағи патент барои овозхонон гуногун аст, аммо худи онҳо мегӯянд дар асоси патент ҳар моҳ беш аз 800 сомонӣ ба буҷет месупоранд.
Аз Садриддин то раҳбари "Ғарибшо"
Раҳбарияти Кумитаи андоз теъдоди овозхонҳоеро, ки ба иддаои онҳо айни замон бидуни патент фаъолият доранд ё пардохти молиёт мегурезанд, 102 нафар шумурдааст. Дар миёни онҳо исми Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Меҳрнигори Рустам, Суруш Холов, Пенҷӣ Анаев, Сафаргул Юсуфова, Сарвиноз Юсуфӣ ва Фахриддини Малик низ ҳаст. Инчунин, ба иддаои мақомоти андоз, Сӯҳроби Маҳмуд ва Сӯҳроб Отаев ду соли пеш санади фаъолияти соҳибкории худро қатъ карда, “ҳоло бидуни сабт дар идораи андоз ҳунарнамоӣ доранд”.
Кумитаи андози Тоҷикистон ҳаҷвнигор Бахтиёр Раҳимов, раҳбари гурӯҳи “Ғарибшо Компания”-ро ба он муттаҳам кард, ки як сол боз ҳисоботи худро пешниҳод накардааст. Ба иддаои масъулони Кумитаи андоз, Баҳром Ғафурӣ низ аз моҳи майи соли 2014 то инҷониб ба мақомоти андоз ҳисоботи худро дар бораи даромадҳояш насупурдааст.
Садриддин Наҷмиддин, овозхони маъруфи Тоҷикистон дар вокуниш ба иддаои Кумитаи андоз дар бораи фирор аз молиёт гуфт, ки ин иддаоро қабул надорад. Садриддин Наҷмиддин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду соли ахир асосан дар хориҷи кишвар буд ва барои ҳар фаъолияташ дар дохили Тоҷикистон андозашро супурдааст.
“Шумо худатон мебинед, ки ду соли ахир ман дар Тоҷикистон нестам, ҳамааш дар берун, дар консертҳо ҳастам. Ман чӣ хел андоз месупорам? Маро то ҳол ягон маротиба ҷарима накардаанд ва ягон бор нашудааст, ки ман андозро насупорида бошам. Ман патентамро ба он хотир маҳкам кардам, ки дар Тоҷикистон нестам",-афзуд Садриддин Наҷмиддин.
Ин овозхони маъруфи тоҷик мегӯяд, “ҳар маротибае, ки ба Тоҷикистон меоям ва як ё ду моҳ меистам, патентамро мегирам, чанд тӯю маъракаҳае, ки мегузаронам, андозамро месупорам.”
Дар ҳамин ҳол, теъдоди онҳое, ки ҳамчун овозхон дар идораҳои андоз сабт шудаанд, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Тибқи омори Кумитаи андоз, "то 1-уми январи имсол дар мақомоти андоз беш аз 1500 нафар аз рӯи фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, сабти овоз ва сабти ҷашну маъракаҳо ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд." Ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 730 адад кам будааст.
Кумитаи андоз нархи хидматрасонии овозхонҳои тоҷикро барои баргузории як тӯй аз 1000 то 5000 доллар ҳисоб кардааст.
“Агар манфиати худро фикр мекардам, барвақт мерафтам”
Иттиҳоми фирор аз молиёт дар ҳоле нисбат ба ҳунармандон садо медиҳад, ки худи онҳо мегӯянд, даромадашон башиддат кам шудааст ва ба ҷуз аз бастани патент дигар чорае надоранд. Бахтиёр Раҳимов, раҳбари гурӯҳи “Ғарибшо-Компания” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иттиҳоми Кумитаи андозро рад кард ва гуфт, бори охир 1,5 моҳи пеш андоз супурдааст.
“Бемор будам, дар ягон ҷо фаъолият намекардам. Ҳофизон ҳама бекоранд, мани ҳаҷвнигорро, ки ба тӯй мебарад? Якуним моҳ пеш як қисмашро бурда супоридам, гуфтам, ки мондаашро баъдан оварда месупорам. Ҳозир тӯй нест, маърака нест, ҳофизони машҳур ҳам бекоранд”, - афзуд ӯ.
Бахтиёр Раҳимов дар вокуниш ба иддаои Кумитаи андоз, ки ҳунармандонро ба боло гузоштани манфиати худ аз манфиати давлат муттаҳам карданд, гуфт, “агар чунин мебуд, барвақт баромада мерафтам.”
“Маошамро барои патент супорам?”
Ҳунармандони тоҷик мегӯянд, онҳо давоми сол даромади дақиқ надоранд ва ба ҳамин хотир наметавонанд патенташонро доимӣ фаъол нигоҳ доранд. Муҳаммадрафии Кароматулло, овозхони шинохтаи тоҷик дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо сабаби набудани даромад ӯ ҳам маҷбур шуд, ки як моҳи қабл патенташро қатъ кунад.
Ин овозхони тоҷик гуфт, мақомоти андозро зарур аст, ки вазъияти онҳоро дарк кунанд: “Дар ҳамаи давру замон дар фасли зимистон тӯй кам аст. Мавсими тӯй аз тобистон то тирамоҳ аст. Даромади мо аслан аз ҳисоби тӯй аст, мо ягон шоу-бизнес надорем. Аз ҳамин хотир мебинем, ки як-ду моҳ бидуни ягон даромад маблағи патент месупорем. Аз он беҳтар аст, ки ду-се моҳ маҳкам кунем, зимистон гузарад ва кор, ки сар шуд боз патент гирем”, - афзуд ин овозхони тоҷик.
Муҳаммадрафии Кароматулло суол гузошт, ки вақте даромад надоранд, аз куҷо бояд андоз супоранд? “Маоши ҷойи корро гирифта, ба патент супорем? То ба ин ҳад ҳам нест, охир”.
Раҳбари Кумитаи андози Тоҷикистон қаблан дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, исми 90 дарсади овозхонҳое, ки ҳунарнамоиашон тариқи телевизионҳо намоиш дода мешавад, дар феҳрасти андозсупорандаҳо нест. Овозхонӣ дар Тоҷикистон як соҳаи сердаромад дониста мешавад ва вобаста ба меъёри маъруфияташон, санъаткорон пули хуб ҳам ба даст меоранд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин 8 соли қабл Кумитаи андоз пардохти молиётро барои овозхонон ҳатмӣ кард. Дар ин байн борҳо масъулони ин ниҳод исми ҳунармандони маъруферо, ки аз андоз саркашӣ мекунанд, барои ҷомеа шинос кард ва соли 2013 ҳатто аз тариқи шабакаи аввал онҳо аз ҷаримабандии 200 овозхони тоҷик хабар дода аз онҳо ном бурд.