Зикриоллоҳ Ҳакимов: «Сиёсат кори ҳунарманд нест»

Зикриоллоҳ Ҳакимов, овозхон ва оҳангсози саршиноси тоҷик аз сафари ҳунарӣ аз кишвари Ҳиндустон баргашт.
Ӯ дар ҷашнвораи байналмилалии фарҳангии «Сураҷкунд Мела-2014» ширкат дошт ва дар маркази фарҳангии Васант Виҳари Деҳлӣ ҳунарнамоӣ кард. Дар оғози суҳбат нахуст аз Зикриллоҳ дар бораи таассуроташ аз ин сафар пурсидем.

Зикриоллоҳ Ҳакимов: Албатта, ин сафари якуми ман ба Ҳиндустон набуд, аммо ин дафъа сафари ҳунарӣ буд. Ҳиндустон маркази санъати дунё, мардуми дигар ва зиндагии хос аст ва аз сафар хотироти хуши зиёде бо худ овардем. Дар ин ҷашнвора ҳунармандон аз Ҳиндустон ва бисёр кишварҳои ҷаҳон аз қабили Шри-Ланка, Русия, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбакистон даъват шуда буданд. Ба ман бештар ҳунарнамоии ҳунармандони Шри-Ланка писанд омад, ба хусус, як рақси раққосаи Шри-Ланка ва навозандаи хубе бо номи Муҳаммад.
Бори аввал дар ҳаётам ин қадар одами зиёдро дидам. Боғи калони шаҳр, ки маҳали баргузории ҷашнвора буд, пур аз мардум буд. Дар понздаҳ рӯзи консерт боғ ҳамеша серодам буд. Ин қадар он мардум ҳунарро дӯст медоштаанд. Хусусан дар Деҳлӣ. Ҳатто бархе тоҷиконе, ки он ҷо буданд, натавонистанд вориди боғ шаванд. Аммо он ҷо танҳо барномаи мусиқӣ набуд. Намоишгоҳ ҳам баргузор шуд. Либосҳои қадимии тоҷикиро дар таҳияи Зариф Валиев бо худ бурда будем. Мо ҳам барои худамон либосҳои ҳиндӣ харидем. Ба шаҳрҳои қадимаи Ҳиндустон рафтем, шаҳри Аграро тамошо кардем. Сохтонҳои қадимии он кишвар хеле ҷолибу зебоянд, як мӯъҷиза гӯем ҳам, хато намекунем.
Бо бисёр ҳунармандон шинос шудем, дӯстони худро зиёрат кардем, хотироти хуш дорем.

Радиои Озодӣ: Мардуми Ҳиндустон худ дар ҳунар басо мумтозанд. Пазирояшон аз ҳунари шумо чӣ гуна буд?

Зикриоллоҳ Ҳакимов: Пазироияшон хеле гарм буд. Дар ин сафар ба ғайр аз ширкат дар ҷашнвора ман як рӯз дар як клуби Деҳлӣ бо гулдухтарони дастари ҳунарии «Лола» консерт баргузор намудам. Албатта, барои онҳо ҳам ҷолиб буд ҳунари мардуми кӯҳистон, рақси гулдухтурони «Лола».

Радиои Озодӣ: Ягон тарона ба забони ҳиндӣ ҳам хондед?

Зикриоллоҳ Ҳакимов: Бо забони ҳиндӣ чандон балад набошам ҳам, тарона хондам. Хушашон омад. Ҳар боре суруд мехондам, ҳар кас маро мепурсид, ки ту кашмирӣ ҳастӣ. Фикр мекарданд, ман аз ҳамон ҷо ҳастам. Зиёд мепурсиданд, ки аз куҷо ҳастам.

Радиои Озодӣ: Оё бо ҳунармандони машҳури Ҳиндустон ҳам вохӯрдед?

Зикриллоҳ Ҳакимов: Фурсат кам буд. Мо дар ҷашнвора дар як рӯз ду бор ҳунарнамоӣ мекардем. Як бор саҳар, як бор бегоҳ. Рости гап, дӯстони зиёд доштам, бо онҳо ҳам вохӯрда натавонистам. Он ҷо ҳунармандони оммавӣ зиёд буданд, хусусан, гуруҳҳои рақсӣ. Бо ҳунармандон зиёд шинос шудем, вале онҳо ҳунармандони машҳур набуданд. Таронаҳои қадимиву классикӣ мехонданд.

Радиои Озодӣ: Мардуми тоҷик ҳамеша ба мусиқии ҳиндӣ таваҷҷуҳи хоса дошт, аммо солҳои охир дар оҳангҳои тоҷикӣ зарбу навои ҳиндӣ зиёд эҳсос мешавад. Ин далели чӣ бошад?

Зикриллоҳ Ҳакимов: Касе нест мусиқии ҳиндиро дӯст надорад. Мусиқии ҳиндӣ, дар тамоми ҷаҳон машҳур аст. Мусиқии ҳиндӣ мусиқиест, ки бисёр бой аст, мо ҳамаамон аз он истифода мебарем. Ман дар хона сози армонӣ дорам. Аз Ҳиндустон табл овардам. Чӣ хел дӯст надорем мусиқии ҳиндиро? Ман бо худ сурудҳои зиёд овардам. Хусусан сурудҳои қадимиро, дӯст медорам, меомӯзам ва пешкаши мухлисон мекунам. Ҳоло як тарона омода карда истодам бо номи «Ҳоя-ҳоя». Оҳангаш ҳиндии омехта бо шри-ланкист. Бо ин оҳанг ман месароям. Филмҳоро бо худ гирифтем.

Радиои Озодӣ: Аз тамошои филмҳои ҳиндӣ дар овони наврасӣ чӣ хотироте доред?

Зикриоллоҳ Ҳакимов: Албатта, якояки филмҳои ҳиндиро дӯст медоштаму бо шавқ тамошо мекардам. «Раққоси диско», «Бобби», «Қасос ва қонун»-ро дӯст медоштам. Мусиқии ҳиндӣ беҳад писандам буд. Бо ҳамон мусиқиҳо калон шудем, омӯхтем ва рӯи саҳна омадем.

Радиои Озодӣ: Бори нахуст кай рӯи саҳна тарона хондед?

Зикриоллоҳ Ҳакимов: Дар хотирам нест, хеле хурд будам. Пеш аз ба мактаб рафтан суруд мехондам. Дар гирди оташ мехондем. Дар бештари деҳаҳо барқ набуд.

Радиои Озодӣ: Солҳои охир бештар дар мавзӯи ватан ва истиқлол тарона мехонед. Ин таъсири чӣ бошад?

Зикриоллоҳ Ҳакимов: Чун дар консертҳои ҷашнии давлатӣ зиёд ширкат мекунам, ин тақозои ҳамон барномаҳост. Дар консертҳои давлатӣ дар бораи ватан сароидан лозим мешавад. Раисҷумҳури Тоҷикистон ва дар баъзеи онҳо сарони кишварҳои дигар ширкат мекунанд. Ба ҳар кас ҳам муяссар намегардад, ки аз минбар истода дар бораи ватан суруд хонаду насиҳат кунад. Ин масъулият аст. Албатта, мо суханони шоиронро ба оҳанг дароварда, аз номи шоирон мехонем.

Радиои Озодӣ: Як таронаи шумо бо номи «Истиқлол» бар матни устод Гулрухсор маҳбубияти зиёде касб кард. Ин тарона чӣ гуна пайдо шуд?

Зикриоллоҳ Ҳакимов: Ин тарона ба муносибати ҷашни истиқлол эҷод шуд. Одатан пеш аз ҷашнҳо шоирон барои мо шеър менависанд, гоҳе шеърҳои фармоишӣ ҳам мешаванд. Дар рӯи мизи таҳиягари ҷашн устод Убайдулло Раҷабов шеърҳо зиёд мешавад, ки ба мо медиҳанд. Устод Убайдулло Раҷабов гуфтанд, ки ягон шеърро барои худ интихоб кунам. Ман аз миёни шеърҳо ҳамин таронаро гирифтаму гурехтам. Ҳарчанд гуфтанд, бидеҳ, надодам. Гуфтам, ман ба ин шеър оҳанг мебандам. Навиштаму ба дасти шогирдаш равон кардам, ки ба устод диҳед. Бо устод Гулрухсор вохӯрдам, ба ӯ ҳам хуш омадааст. Ба табъи дили мухлисон бошад, шодам. Онҳо баҳо медиҳанд.

Радиои Озодӣ: Шералӣ Ҷӯраев, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон бар зидди нерӯгоҳи Роғун таронае эҷод кардааст. Оё ҳунармандони тоҷик намехоҳанд ба ӯ ҷавоб гӯянд?

Зикриоллоҳ Ҳакимов: Ростӣ, ман ин сурудро нашунидам. Аммо ба назарам, сиёсат кори ҳунарманд нест, кори ҳунарманд ҳунар аст.

Радиои Озодӣ: Оё намехоҳед дар бораи муҳоҷирони корӣ тарона хонед?

Зикриоллоҳ Ҳакимов: Ман дар бораи муҳоҷирон тарона дорам:
Мо булбулаконем, чаман гум кардем,
Тоҷикбачагонем, ватан гум кардем.
Овораи ҳар диёр, дур аз падару ёр,
Бо шеваи модарӣ сухан гум кардем…

Бо ин суруди ман чӣ қадар мардумон ба ватан баргаштанд. Таронаҳои зиёд дорам, аммо наметавонам ҳамаашонро пешкаш кунам. Дар Тоҷикистон ҳуқуқи муаллиф риоя намешавад, барои ҳамин сабтамонро пинҳон медорем. Ба ҳар ҷо намедиҳем, чун фоидааш ба мо намерасад. Сурудхо дар компютерҳои хонаанд. Ба дӯстон тақсим мекунем, дар барномаҳои радиову телевизион пешниҳод мекунем.

Радиои Озодӣ: Таваҷҷӯҳи аҳли хонаводаатон ба ҳунари шумо чӣ гуна аст? Пайравӣ доранд?

Зикриоллоҳ Ҳакимов: Дар хонадони мо ҳар кас ба кори худ машғул аст. Танҳо ман овозхонам. Ҳамин азоби ман бас аст. Кори осон нест ин. Ҳунарро нафаҳманд ва ҳунарпарвар набошанд, боз бадтар аст. Ҳунарро қадр кардан лозим. Ин роҳи пурмашаққат, вале бошараф аст, албатта. Ҳар кор душвории худро дорад, касби мо ҳам. Ҳам аз ҷиҳати фикрӣ ва ҳам ҷисмонӣ душвор аст.

Радиои Озодӣ: Онҳо шуморо дастгирӣ мекунанд?

Зикриоллоҳ Ҳакимов: Албатта, ҳамонҳоянд, ки ман бо ҳунар машғул мешавам. Онҳо ҳама корро ба ҷои ман мекунанд. Ман фақат дар фикри сароидан ҳастам. Онҳоро маро бисёр эҳтиёт мекунанд. Ман бисёр миннатдор ҳастам аз хонаводаи худ, аз фарзандон ва наберагони худ. Ман дуто набера ҳам дорам.

Радиои Озодӣ: Оё метавонед дар остонаи Иди бонувон ба ҳамсаратон изҳори муҳаббат кунед?

Зикриоллоҳ Ҳакимов: Ман оилаамро дӯст медорам. Ӯ бароям зани муқаддас аст. Мефахрам, ки вай маро доим мефаҳмад. Ҳурмату эҳтиром мекунад. Чашм нарасад (механдад) Ҳамчунин ҳаштуми март зодрӯзи модарам (рӯҳаш шод бод) ва духтарчам Фаришта аст. Мехоҳам тавассути Радиои Озодӣ ӯро табрик кунам. Рӯзҳои беҳтарин насибат гардад ва бахт ёрат бод, Фариштаҷон.