Сарвиноз шоҳҷоиза гирифт, Гулрӯ ва Шабнам - ҷойҳои 1 ва 2

Сарвиноз Юсуфӣ

Дар пайи натиҷагирӣ аз озмуни варзишии "Пештоз-2015", Сарвиноз Юсуфӣ соҳиби шоҳҷоиза шуда, Гулрӯ Табарова ва Шабнам Собирӣ дар мақомҳои як ва ду қарор гирифтанд.

Дар маросими натиҷагирӣ аз сабқати варзишии "Пештоз-2015", ки 2 июн баргузор шуд, Сарвиноз Юсуфӣ дар миёни беш аз 20 зани овозхон ғолиб эълон шуда ва шоҳҷоизаро соҳибӣ кард. Гулрӯ Табарова аз рӯи овоздиҳӣ тариқи паёмак ё СМС дар мақоми аввал ва Шабнам Собирӣ дар ҷои қарор гирифтанд.

Ин сабқат аз ҷониби ширкати "Positive production" бо ҳадафи таблиғи тарзи ҳаёти солим дар миёни овозхонони зан гузаронда шуд ва Фирӯза Ҳафизова, Фарангис Аҳмадӣ, Сарвиноз Юсуфӣ, Шабнам Собирӣ, Шабнами Тоҷиддину дигарон барои ба даст овардани ҷоиза дар 5 навъи варзиш бо ҳам рақобат карданд.

Баҳриддин Сабурӣ, раҳбари маркази продюсерии "Пештоз-2015" мегӯяд, санъаткорони зан ҳарчанд танбалӣ накарданд ва талош доштанд, аммо дар партофтани найза, давидан ва футболбозӣ чандон муваффақ нашуданд. Вай бештар аз Сарвиноз Юсуфӣ, ки ба гуфтаи ӯ дар бисёр навъи варзиш, аз ҷумла давидан, хеле маҳорати хуб нишон додааст, таъриф кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сарвиноз Юсуфӣ беҳтарин овозхони варзишкор шуд

Худи Сарвиноз Юсуфӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Аз замони мактабхонӣ ба варзиш шавқ доштам ва дарси варзишро дӯст медоштам ва ҳамеша пешсаф будам. Дар ин сабқат барои ман аз ҳама осон баландпарак ва боулинг буд. Мушкил бароям камонзанӣ буд ва чандон аз ӯҳдааш набаромадам. Ростӣ, ду соли охир бо фарзанди хурдсолам машғулам ва вақти зиёд барои варзиш надорам."

Дар ин маросим ба фарқ аз даврҳои дигари озмун, овозхонҳо на бо либоси варзишӣ, балки бо либосҳои зебои саҳнавӣ зоҳир шуданд ва таронаҳои нави худро ҳам иҷро карданд. Ба табрики санъаткорони зан ба ин маросим Шаҳроми Абубакр ва Зиёвуддини Нурзод ҳам омада буданд. Шаҳром, ки вақтҳои холӣ ба гуштии навъи самбо машғул будааст, гуфт, ташкили чунин сабқатҳо миёни мардони овозхон ҳам муҳим аст. Ба қавли ӯ, барои овозхон, ки рӯи саҳна назди ҳазорон нафар ҳунарнамоӣ мекунад, машғул шудан ба варзиш ва нигаҳ доштани андому вазни худ муҳим аст.

Фирӯза Ҳафизова

Барои аксар санъаткорони зан дар сабқати “Пештоз” шарте, ки бояд бо баландапарак иҷро мекарданд, аз ҳама осон будааст. Аммо Фирӯза Ҳафизова мегӯяд барояш бисёр шартҳои ин озмун писанд наомадааст. Махсусан футбол, ки Фирӯза мегӯяд, барои ӯ ва духтарони дигар мушкил буд. “Бо як задан бояд гол мезадем, ки ин бисёр мушкил буд бароям. Охир дар ҳаётам футболбозӣ накардаам, вале бояд мо ин корро мекардем. Баъди фарзанддор шудан, ростӣ, каме вазни зиёдатӣ гирифтам, вале ҳоло ба варзиш машғулам, вазни қаблии худро барқарор кунам.”

Баҳриддин Сабурӣ мегӯяд, ин сабқат тавонист таваҷҷӯҳи бархе аз бонувони овозхонро ба варзиш ҷалб кунад ва дар фикри машқи бадану нигоҳ доштани вазни худ бошанд. "Баъд аз ин озмун Шабнам Собирӣ гуфт, ҳар рӯз машқ мекунад ва вазн партофтааст. Онҳо аксарият дар

Шабнам Собирӣ

экрану наворҳо худро дар майдони варзишӣ диданд, иштибоҳи худро дарк карданд ва ба ин хулоса омаданд, ки вазнашон чандон мувофиқ нест ва ба машқи бадан сар карданд," -- гуфт ӯ.

Раҳбари маркази продюсерии "Positive production” мегӯяд, ҳарчанд ташкили чунин маъарака осон набуд, “вале талош мекунем ин чорабинӣ ҳамасола миёни овозхонон баргузор шавад ва на танҳо занон, балки мардонро ҳам ба навъҳои вазнинтари варзиш ҷалб кунем.”