Александр Содиқов, унвонҷӯи донишгоҳи Торонтои Канада, ки дар тобистони соли равон бо гумони “ҷосусӣ” ва “хиёнат ба Ватан” беш аз як моҳро дар зодгоҳаш – Тоҷикистон – пушти панҷара ба сар бурд, баъди бозгашташ ба Канада дар паёме дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба ҳамаи онҳое, ки ӯву аҳли хонааводаашро “дар ин рӯзҳои печида” пуштибонӣ карданд, изҳори сипос кардааст.
Ӯ дар ин паёмаш менависад: “Ман мехоҳам ба ҳамаи он одамони чӣ шиносу чӣ ношиносе, кеи ба бегуноҳии ман бовар доштанд, ба нишони ҳимоят аз ман номаву мақолаҳо навиштанд, зери муроҷиатномаҳо имзо карданд, дар иқдомоти пуштибонӣ аз ман дар саросари ҷаҳон ширкат варзиданд, аз ҳукуматҳои кишварҳои худ талаби дахолат дар ин қазияро доштанд ваё барои ман даст ба дуо кушоданд, изҳори сипос кунам. Ман ҳамчунин мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар ин давраи сахт хонаводаи маро ҳимоят карданд, изҳори ташаккур кунам. Як ҷаҳон ташаккур ба ҳамаи шумо! Бидуни кумак ва пуштибонии шумо ин ҳама метавонист ба сурати комилан дигар тамом шавад.”
Александр Содиқов ҳамчунин дар як паёми дигар, ки тақрибан ҳамзамон дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст , аз журналистоне, ки қазияи ӯро дар матбуот “ба таври касбӣ ва беғаразона” пайгирӣ кардаанд, изҳори сипос карда, аз онҳо хостааст, то як муддат аз ин мавзӯъ чизе нанависанд: “Кумак ва пуштибонии шумо хеле муҳим буд. Аммо ҳоло ман мехоҳам аз шумо хоҳиш кунам, ки пайваста чизе навиштан дар мавриди ин парвандаву “ба оташ равған рехтан”-ро бас кунед. Ба ману хонаводаи ман ҳоло лозим аст, то ҳамаи он чизеро ки тобистони гузашта ба сари мо омад, фаромӯш кунему ба зиндагии қабиламон баргардем. Хоҳиш мекунем, ба мо дар ин роҳ халал нарасонед.”
Содиқов бидуни бурдани ном аз бархе расонаҳо гила кардааст, ки гӯё мӯҳтавои сӯҳбатҳои ӯ бо хабаргузории канадагии CBC-ро таҳриф кардаанд.
Бозгашти ногаҳонӣ ва бидуни шарҳ
Александр Содиқов, ки рӯзи 10 сентябр ба таври ногаҳонӣ бо иҷозати мақомоти тафтишотӣ аз Тоҷикистон ба Канада баргашт, дар мусоҳибаи рӯзи 23 сентябр нашршудааш бо CBC News бархе ҷузъиёти боздошташ дар Тоҷикистон, айбдор шуданаш ба ҷосусӣ ва хиёнат ба Ватан ва чигуна раҳо шудану баргаштанаш ба Канадаро нақл карда буд.
Содиқов дар ин мусоҳиба мегӯяд, ду ҳафта пеш мақомоти амниятии Тоҷикистон ӯро даъват карда, гуфтаанд, ки ӯ озод шудааст ва метавонад ба Канада баргардад. “Ман шок шудам,” – гуфтааст Александр Содиқов. CBC News менависад, ба Александр Содиқов дуруст дар остонаи оғози нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай иҷозати сафар доданд.
Эдвард Шатс, раҳбари илмии Александр Содиқов ва яке аз раҳбарони маъракаи байналмилалӣ бо талаби раҳоии ин муҳаққиқ ба CBC News гуфтааст, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон “ба ӯ гуфтаанд, ки зуду бегап бирав.”
Александр Содиқов дар ин мусоҳиба дар бораи чигуна боздошт шуданаш дар Хоруғ дар таърихи 16 июн низ сӯҳбат кардааст. Ӯ гуфтааст, бояд ҳамчун “кори тобистона” барои як донишманди бритониёӣ бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон мусоҳибаҳо анҷом медод, вале ӯро дар айни сӯҳбате бо яке аз фаъолон “гирифтанд”: “Онҳо ба ман гуфтанд, ки ман тибқи моддаи 30қ5-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (барои хиёнат ва ҷосусӣ” айбдор мешавам. Муҷозот тибқи ин модда аз 12 то 20 соли зиндон аст. Эҳсосам ин буд, ки Худоё, ман умрамро дигар дар зиндон сипарӣ хоҳам кард.”
Александр Содиқов соли 1983 дар Тоҷикистон ба дунё омада, ибтидо дар донишгоҳи Лидси Бритониё таҳсил кардаву аз соли 2011 шомили барномаи доктории донишгоҳи Торонто шудааст. Боздошти ӯ паёми манфие ба боқии муҳаққиқон дод, ки таҳқиқоти илмӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ ба як пешаи пурхатар табдил мешавад. Александр Содиқов ба CBC News гуфтааст, “дар гузашта ба шумо паём медоданд, ки шумо дар як қаламрави хатарнок қарор доред. Ҳоло дигар ҳушдор намедиҳанд, хатар якбора ба саратон меояд. Онҳо ҳукуматҳои Ғарбро барои чизҳое, ки аз назораташон хориҷ шудааст, айбдор мекунанд.”
Александр Содиқов, ки ба ҷосусӣ айбдор мешуд ва то замони тафтиши парвандааш ҳаққи тарки маҳалли зисти худро дар Душанбе надошт, рӯзи 10 сентябр ба таври ногаҳонӣ ҳамроҳ бо зану духтарчааш бо иҷозати мақомоти амниятии Тоҷикистон аз Тоҷикистон ба Канада рафт. Баъдан афроди огоҳ аз ҷараёни қазия ба Озодӣ хабар доданд, ки парвандаи зидди Содиқов гӯё комилан қатъ шудааст. Мақомоти амниятии Тоҷикистон аз шарҳи ин хабар худдорӣ карданд, вале гуфтанд, дар воқеъ сафари Содиқов бо аҳли хонаводааш ба Торонто бо иҷозати расмии тафтишот сурат гирифтааст.
Сафар ба Хоруғ ва оғози саргардониҳо
Александр Содиқов, унвонҷӯи 31-солаи донишгоҳи Торонто, ки ба гуфтаи ӯву наздиконаш, барои таҳқиқи заминаҳои ноамнӣ ба шаҳри Хоруғ рафта буд, рӯзи 16-уми июн, ҳамагӣ чанд ҳафта баъд аз нооромиҳои Хоруғ, ҳангоми мулоқоташ бо Алим Шерзамонов, раиси созмони вилоятии ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон дар маркази вилояти Бадахшон дастгир шуд. Ба дунбол Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки Александр Содиқов ба «хиёнат ба ватан» ва «ҷосусӣ ба нафъи кишвари бегона» муттаҳам мешавад. Мақомот аммо нагуфтаанд, ки Содиқов ба нафъи кадом кишвар ҷосусӣ мекард.
Рӯзи 18-уми июн Александр Содиқовро дар телевизиони вилояти Бадахшон намоиш доданд, ки мегуфт, ба хотири таҳқиқи заминаҳои эътирозҳои Хоруғ ба инҷо сафар кардааст ва мусоҳиба бо Шерзамонов як бахши кори таҳқиқотиаш буд. Аммо рӯзе баъд аз ин Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар ҳузури сафирону намояндагони баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ гуфт, ки ҷосусони хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд ва зери ниқоби созмонҳои ғайридавлатӣ мехоҳанд, суботу амният дар кишварро халалдор кунанд.
Боздошти ин пажӯҳишгар ва он ҳам бо иттиҳоми ҷосусӣ дар саҳнаҳои байналмилалӣ сару садои зиёде ба по кард. Ҳомиёни ҳуқуқ ин қазияро нақзи ҳуқуқи инсону озодии баён ва худи Содиқовро маҳбуси ақидатӣ ё маҳбуси сиёсӣ унвон карданд.Ба дунболи мавҷи эътирозҳо Александр Содиқовро дар таърихи 21 июл аз боздошт шартан раҳо карданд, вале ӯ ҳаққи тарки маҳалли зисташро то поёни тафтишот надошт.
Боздошти Александр Содиқов дар маркази Бадахшон баъд аз эътирозҳое буд, ки рӯзи 21 май ба дунболи амалиёти маъмурони амниятӣ барои боздошти, ба гуфтаи мақомот, “қочоқбарони маводи мухаддир” дар Хоруғ оғоз ёфт. Дар ин нооромиҳо 3 нафар куштаву 7 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ ба нишони эътироз бинои додситониву раёсати умури дохилӣ ва ҳам манзили хусусии сардори пулиси Хоруғ Бахтдавлат Бахтдавлатов дар маҳаллаи Бархоруғро дар он рӯзҳои нооромиҳо оташ заданд.
Ҳамин тавр, маркази вилояти Бадахшон дар тобистони соли 2012 низ шоҳиди амалиёти вижаи нирӯҳои давлатӣ алайҳи “гурӯҳҳои худсар”-и маҳаллӣ шуд, ки ба қатли Абдулло Назаров, сардори идораи амнияти вилоят айбдор шуданд. Дар рӯёрӯиҳои ду соли пеш дар шаҳри Хоруғ, бино ба ҳисобҳо, аз ҳарду тараф то 70 нафар кушта шуданд.