Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Содиқов ба Канада рафтааст


Александр Содиқов ва ҳамсараш
Александр Содиқов ва ҳамсараш

Пажӯҳишгари ҷавон Александр Содиқов, ки дар Тоҷикистон ба "ҷосусӣ" ба нафъи яке аз кишварҳои хориҷӣ муттаҳам мешуд, ду рӯз пеш ҳамроҳи оилааш ба Торонтои Канада рафтааст.

Наздикони Александр Содиқов рӯзи 12 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки Александр Содиқов ҳамроҳи аҳли хонаводааш - ба Торонтои Канада рафта ва аз он ҷо занг задааст, ки ҳамроҳ бо ҳамсару духтарчааш сиҳату саломат расидаанд. Наздикони Александр Содиқов мегӯянд, ки ҳанӯз тафтишоти парвандаи ӯ бо иттиҳоми ҷосусӣ идома дорад. Онҳо дар мавриди таҳти чӣ шарту шуруте ба Торонто рафтани Содиқов изҳори бехабарӣ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон низ то кунун ба кадом далел ва таҳти чӣ шароите ба хориҷи кишвар сафар кардани Александр Содиқовро ташреҳ накардаанд ва ҳам маълум нест, ки оё тафтиши парвандаи ӯ идома хоҳад ёфт ваё бидуни сару садои зиёд бо рафтани ӯ аз Тоҷикистон ба дасти фаромӯшӣ супурда хоҳад шуд.

Мақомот тоза дар моҳи август замони тафтиши парвандаи Содиқовро тамдид карда буданд.

Парвандаи боздошти ин пажӯҳишгар ва он ҳам бо иттиҳоми баланди ҷосусӣ дар саҳнаҳои байналмилалӣ сару садои зиёде ба по кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқ ин қазияро нақзи ҳуқуқи инсону озодии баён ва худи Содиқовро маҳбуси ақидатӣ ё маҳбуси сиёсӣ унвон мекунанд. Мақомоти амниятии Душанбе аммо дар посух мегӯянд, ки далелҳои кофие дар ин парванда ҷамъоварӣ шудааст.

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Александр Содиқови 31-сола, ки ба гуфтаи ӯву наздиконаш, барои таҳқиқи заминаҳои ноамнӣ ба шаҳри Хоруғ рафта буд, рӯзи 16-уми июн дар ин ҳангоми мулоқоташ бо Алим Шерзамонов, раиси созмони вилоятии ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дастгир карданд. Баъд аз ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки Александр Содиқов ба хиёнат ба ватан ва ҷосусӣ ба нафъи кишвари бегона муттаҳам мешавад. Мақомот аммо нагуфтаанд, ки Содиқов ба нафъи кадом кишвар ҷосусӣ мекард.

Рӯзи 18-уми июн Александр Содиқовро дар телевизиони вилояти Бадахшон намоиш доданд, ки мегуфт, фақат ба хотири таҳқиқи заминаҳои ноамнӣ ба Хоруғ, маркази вилоят сафар кардааст ва мусоҳиба бо Алим Шерзамонов як бахши кори таҳқиқотиаш буд. Аммо рӯзе баъд аз ин Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар ҳузури сафирону намояндагони баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ гуфт, ки ҷосусони хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд ва зери ниқоби созмонҳои ғайридавлатӣ мехоҳанд, суботу амният дар кишварро халалдор кунанд.

Ба думболи боздошти Александр Содиқов, Иттиҳодияи Аврупо, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва доираҳои илмии ҷаҳон аз давлати Тоҷикистон хостанд, Александр Содиқовро аз боздошт раҳо кунад. Мақомоти Бритониё, ки Александр Содиқов бо Донишгоҳи Экстерери он кишвар низ дар пажӯҳишҳои омилҳои низоъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ мекард, масъалаи боздошти пажӯҳишгарро бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузоштанд. Баъд аз ин Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 22–уми июл ва баъди 36 рӯзи боздошт Александр Содиқовро раҳо кард, вале ба шарти онки то анҷоми тафтишот маҳалли зисташро тарк накунад.

Дар оғози моҳи сентябр созмони “Пен”-и Канада дар муроҷиатномае бо изҳори нигаронӣ аз вазъи ин муҳаққиқ гуфто, бар асоси муқаррароти тафтишот, Александр Содиқов бояд дар замони тафтишот дар маҳалли зисташ бошад ва ҳақ надорад, ки Тоҷикистонро тарк карда ва барои идомаи таҳсилаш ба Канада баргардад. Таҳсили ӯ боядрӯзи 8-уми сентябр шурӯъ мешуд.

Эътирозҳо дар Хоруғ. 21 май
Эътирозҳо дар Хоруғ. 21 май

Боздошти пажӯҳишгар аз Донишгоҳи Торонто дар маркази Бадахшон баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 21-уми май баъди амалиёти маъмурони амниятӣ барои боздошти, ба гуфтаи мақомот, “қочоқбарони маводи мухаддир” дар Хоруғ эътирозҳое сар зад, ки 3 куштаву 7 маҷрӯҳ ба ҷо гузошт. Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ бинои додситонӣ ва раёсати умури дохилиро ҳам дар он рӯзҳои нооромиҳо оташ заданд.

Ҳамин тавр, маркази вилояти Бадахшон дар тобистони соли 2012 низ шоҳиди амалиёти вижаи нирӯҳои давлатӣ алайҳи “гурӯҳҳои худсар”-и маҳаллӣ шуд, ки ба қатли Абдулло Назаров, сардори идораи амнияти вилоят айбдор шуданд. Дар рӯёрӯиҳои ду соли пеш дар шаҳри Хоруғ, бино ба ҳисобҳо, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG