Донишманди ҷавони тоҷик компютерро "мағлуб" кард. ВИДЕО

Фаридун Раҳмонқулов

Фаридун Раҳмонқулов, донишманди ҷавони тоҷик, қобилияти зеҳние дорад, ки бисёре аз инсонҳо надоранд. Ӯ метавонад, рақами 1000-ададиро дар ёд бигирад ва ба Шумо бигӯяд.

Ончиро табиат додааст, рушду такмил медиҳам. Ва бо ҳамин қаноат намекунам. Бояд ин истеъдодро такмил дод, агар ба кор набарам, зоеъ мешавад

Фаридун Раҳмонқуловро моҳи феврали имсол дар Академияи илмҳои Тоҷикистон рақамборон карданд, то ба саволашон ҷавоб наёбад. Фаридун решаи печидаи рақами дарозеро гуфт, ки дар ёд гирифтани он ба ҳар кас муяссар намешавад.

Фаридун Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ хатм кардааст. Ҳангоми таҳсил устодонашро ҳайрон мекард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Донишманди ҷавони тоҷик компютерро дар зарбу тақсим бурд

Комилҷон Ҳамидов, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамон тавр ки баъзеҳо шеъри зиёд медонанд, ӯ рақамҳоро аз ёд медонад. Шеър мазмун дорад, мантиқ дорад. Рақам аломати хушк аст. Чӣ хел аломати хушкро аз ёд кардан мумкин аст? Вақте аз наздик бо ӯ шинос шудем, истеъдодашро бештар ёфтам. Ин хел истеъдодҳо кам мешаванд."

Дар соли саввуми таҳсил қобилияти фавқулодаи зеҳниаш зоҳир шуд ва бо маслиҳати устод онро такмил кард. "Шоҳид шудем, ки адади сирақамиро дар се дақиқа дар ёд мегирад ва аз рост ба чап ё бараъкс якто-якто гуфта медиҳад", - гуфт Ҳамидов.

Комилҷон Ҳомидов

Фаридун Раҳқонқулов истеъдодашро худодод медонад ва мегӯяд, онро набояд барҳадар дод. "Ончиро табиат додааст, рушду такмил медиҳам. Ва бо ҳамин қаноат намекунам. Бояд ин истеъдодро такмил дод, агар ба кор набарам, зоеъ мешавад", - гуфт ӯ.

Хабарнигори Радиои Озодӣ ҳам истеъдоди зеҳнии Фаридунро имтиҳон кард. Ба ӯ як рақамро нишон дод, ки нигоҳ кунад ва дар хотир бигирад ва бигӯяд.

Фаридун Раҳмонқулов ҳоло дар Пажӯҳишгоҳи геологияи Тоҷикистон таҳсилро дар магистратура идома медиҳад. Мехоҳад, дар ихтисосаш, ки муҳандисӣ аст, кор кунад. Мегӯяд, ҳар инсон истеъдод дорад, ки бояд кашф кунаду такомул диҳад то ба ҷое ва мақоме бирасад.

Дар ин бора бештар бихонед: