Риёзидонҳои навраси тоҷик аз озмуни байналмилалии илмҳои дақиқ, ки аз 11 то 17-уми январи соли ҷорӣ дар Қазоқистон баргузор шуд, бо ҳафт медал – як тило, як нуқра ва панҷ биринҷӣ ба Ватан баргаштанд. Меҳрубон Тӯраев, хонандаи синфи 11-и гимназия-интернати Тоҷикистону Русия “Ҳотам ва ПВ”, ки дар ин олимпиада аз фанни информатика барандаи медали тило шуд, гуфт, дарёфти чунин мақом барояш чандон саҳлу сода набуд.
Ӯ афзуд, “ду сол пеш дар ин олимпиада ширкат карда, медали биринҷӣ гирифта будам. Баъд, дар соли дигараш медали нуқра ба даст овардам. Бояд ин бор тило мегирифтам. Ҳамин хел ҳам шуд ва ман тавонистам бо дарёфти мақоми аввал, ба Ватан баргардам.” Тӯраев афзуд, дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Қазоқистон аз 16 кишвари асосан пасошӯравӣ ҳудуди 400 нафар мактаббача миёни ҳам сабқат кардаанд, ки танҳо нуҳ нафарашон тавонистаанд медали тило ба даст оранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маъмурияти гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва ПВ", ки фаъолияташ сирф ба таълими илмҳои дақиқ ва технологияҳои муосир ихтисос ёфтааст, мегӯянд, бори дувум аст, ки шогирдони онҳо дар ин олимпиадаи бонуфуз сазовори медали тило мегарданд. Ба гуфтаи Юсуфбек Ҳотамов, як масъули гимназия, бори аввал дар ин озмун медали тилоро барои Тоҷикистон 5 соли пеш шогирди онҳо Афзали Беҳрӯз ба даст оварда буд, “ки ҳоло дар магистратураи Донишгоҳи фанновариҳои ҷадид, механика ва оптикаи шаҳри Санкт-Петербург таҳсил дорад ва ҳамзамон дар ширкати Яндекс кор мекунад”.
Масъулони гимназияи “Ҳотам ва ПВ” мегӯянд, дар панҷ соли пеш пирӯзии Беҳрӯз барои аксарият ғайриинтизор буд, аммо онҳо ин дафъа ба ғолибияти Меҳрубон бовар доштаанд.
Дар баробари Меҳрубон Тӯраев аз озмуни байналмилалии илмҳои дақиқ, Диловар Маҳмудов - хонандаи дигари гимназия-интернати "Ҳотам ва ПВ" аз фанни математика ба гирифтани медали биринҷӣ сазовор шудааст. Як нишони нуқра ва чор биринҷӣ насиби хонандагони литсейи муштараки тоҷикӣ-туркӣ низ гардида, хонандагони мактаби президентӣ бидуни медал ба ватан бозгаштаанд.
Хонандагоне, ки дар ин олимпиада ба гирифтани медали тило, нуқра ва биринҷӣ сазовор шуданд, имкони шомил гардидан ба донишгоҳҳои Қазоқистон, аз ҷумла донишгоҳи ба номи Назарбоевро пайдо кардаанд.
Айни видео дар Ютуб: