Додситонии вилояти Хатлон дастур додааст, ки парвандаи худкушии Сайдамир Сӯфиев як сокини ноҳияи Восеъ, ки дар номаи қабл аз марг муфаттишонро гунаҳкор карда буд, аз нав таҳқиқ шавад.
Эътилофи зидди шиканҷа, гуруҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон хабар дод, ки додситонии вилоят қарори додситони ноҳияи Восеъро, ки таҳқиқи парвандаро боздошта буд, беэътибор кардааст.
Додситонии Восеъ рӯзи 19-уми апрели имсол таҳқиқи парвандаи марги падари чанд фарзандро ба далели “муайян нагардидани шахсияти нафаре, ки бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад", боздошт.
Саидамир Сӯфиев, сокини 53-солаи деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ аст, ки қабл аз худкушӣ дар номаи ҳаштсаҳифа кормандони милисаро ба беадолатӣ муттаҳам карда ва гуфтааст, ки гунаҳкори марги ӯ ноҳаққӣ ва ҷабри муфаттишон аст.
Ҷасади Саидамир Сӯфиеро рӯзи 30-юми ноябри соли 2017 дар оғилхона ва дар банди доре ёфтанд, ки аз бозор харида овардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қазияи марде, ки гуфт аз фишори пулис худкушӣ кардааст, аз нав тафтиш мешавад. ВИДЕОАкнун қарор аст, худи додситонии вилоят, таҳқиқ кунад, ки оё дар воқеъ муфаттише, ки Сӯфиевро бозпурсӣ мекард, дар марги ӯ гунаҳкор аст, ё не.
Ҳоло ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон умедворанд, ки парванда то ба охир таҳқиқ мешавад ва онҳое, ки марди 57-соларо то ба худкушӣ расонидаанд, ҷазои сазовор мегиранд. Аз ҳаққи хешовандони Сӯфиев, Гуруҳи кўмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ҳимоят мекунанд.
Саидамир Сӯфиевро мақомоти интизомии ноҳияи Восеъ барои бозпурсӣ дар бораи марги Суҳроб Нуров даъват кардаанд, ки зери чархи мошине монда ҳалок шудааст.
Азбаски Саидамир Сӯфиев соли 2016 як дафъа ин ҷавонро бо мошин зада будааст, мақомоти милиса ӯро ба ҳайси гумонбар дар ҷиноят барои бозпурсӣ ба даъват кардаанд. Он дафъа ҷавон баъди муолиҷа сиҳат шуда ва шикояте ҳам дигар аз Саидамир Сӯфиев накардааст.
Сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ дар номаи пеш аз маргаш навиштааст, ки “Маро Баҳром гуфтанӣ шахс, уголовник (муфаттиш) аз Душанбе фарёд кард. Баёноти бардурӯғ навишта угражат мекунад, ки гӯё Суҳробро ман зада кушта бошам. Суҳробро кадом мошин зада гурехта рафтааст, қасдашонро аз ман гирифта истодаанд. Агар коркунони милитсия ҳақ кор мекарданд...”
Худи Баҳром Ҳикматуллоев, муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ дар гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ Саидамир Сӯфиеро бозпурсӣ кард, вале ҳеҷ “ноҳаққие нисбати ӯ раво надидааст.“
Вале ба гуфтаи писари марҳум Саидҷон Сӯфиев, падараш баъди бозгашт аз идораи милиса сахт дар изтиробу нороҳат буд ва ба ӯ чизе дар бораи бозпурсӣ нагуфт, Аммо дар номаи пеш аз марги марди 57-сола омадааст, ки корманди милиса таҳдид кардааст, ки ӯро барои задани Нуров 10 сол ба зиндон маҳкум мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муфаттише дар Восеъ баъди гузориши Озодӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд. ВИДЕОҲомиёни ҳуқуқ мегӯянд, баъди шикояти онҳо аз қарори додситонии ноҳияи Восеъ, ки тафтиши сабабҳои худкуширо боздошт, додситонии вилояти Хатлон баъди омӯхтани парванда, қарори додситонии ноҳиявиро беэътибор кард ва “маводи парвандаи ҷиноятӣ ба муфаттиши додситонии вилояти Хатлон супоридаву тафтишоти он аз сар гирифта шуд”.
Зимнан додситонии Тоҷикистон баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи худкушии Саидамир Сӯфиев ба таҳқиқи сабабҳои марги ӯ пардохт ва парванда боз кард.
Видео дар бораи Саидамир Сӯфиев аз моҳи декабрро инҷо бубинед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад