Пайвандҳои дастрасӣ

 
Қазияи марде, ки гуфт аз фишори пулис худкушӣ кардааст, аз нав тафтиш мешавад. ВИДЕО
Хабари нав

Қазияи марде, ки гуфт аз фишори пулис худкушӣ кардааст, аз нав тафтиш мешавад. ВИДЕО


Саидамир Сӯфиев
Саидамир Сӯфиев

Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи худкушии Саидамир Сӯфиев, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъро аз нав баррасӣ хоҳад кард.

Нисбат ба ин мард ягон парванда набуд. Танҳо ба сифати гумонбар даъват карда, дар доираи қонун ҳамроҳаш сӯҳбат доштем

Хонаводаи Сӯфиев рӯзи 23-юми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, тайи тақрибан се моҳи охир ин ҳодисаро Додситонии ноҳияи Восеъ тафтиш мекард. Парванда аз рӯи моддаи "ба худкушӣ расондан" боз шуда, дар ин қазия як муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ гумонбар аст.

Масъала кай ба додгоҳ хоҳад рафт?

Саидаҳмад Сӯфиев, бародари Саидамир Сӯфиев, рӯзи 23-юми феврал гуфт, аввали ҳафтаи равон ба онҳо хабар додаанд, ки парвандаро Додситонии кулл аз нав тафтиш мекунад.

"Чанд вақт боз додситонии ноҳия ин корро пеш мебурд. Рӯзи душанбеи гузашта аз онҳо пурсидем, ки кор ба куҷо расид ва оё қазия ба додгоҳ меравад, ё не. Ба мо гуфтанд, ки кори худро ба анҷом расонданд, аммо парвандаро Додситонии кул дубора мебинад. Баъди хулосаи онҳо, парванда ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Видео: "Падруд... аз ҷабри ноҳаққон" – номаи пеш аз марги Саидамир Сӯфиев

“Падруд... аз ҷабри ноҳаққон” – номаи пеш аз марги Саидамир Сӯфиев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:41 0:00

Шикоят аз маъмурони милиса

Ҷасади Саидамир Сӯфиев, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ, рӯзи 30-юми ноябри соли гузашта дар оғилхонаи манзилаш пайдо шуд. Ӯ дар номаи пеш аз маргаш навиштааст, ки маъмурони милисаи ноҳияи Восеъ беасос ӯро дар марги Сӯҳроб Нуров, як сокини ноҳия, муттаҳам медонанд.

Ҷасади Сӯҳроб Нуров моҳи ноябр дар як кӯчаи ноҳияи Восеъ пайдо шуд ва гумони аслӣ ин аст, ки ин мард зери чархи мошин ба ҳалокат расидаааст.

Хайриннисо Суфиева, хоҳари Саидамир Сӯфиев, гуфт, рӯзи ҳалокати ин мард бародараш дар Душанбе қарор дошт. Аммо вай гуфт, дар як ҳодисаи оғози соли гузашта Нуров зери чархи мошини Сӯфиев монда, ҷароҳат бардошта буд ва ин боис шудааст, ки бародараш дубора мавриди шубҳа қарор бигирад.

Ҳикматуллоев: Дар доираи қонун бо ӯ суҳбат кардем

Хайриннисо Сӯфиева
Хайриннисо Сӯфиева

Саидамир Сӯфиев аз корманди пулисе, ки гуё ӯро таҳдид кардааст, Баҳром ном бурдааст. Баҳром Ҳикматуллоев, муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ моҳи декабри соли гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки марҳум Саидамир Сӯфиевро рӯзи 30-юми ноябр ба Шуъбаи корҳои дохилӣ даъват карда буд. Ӯ гуфт, "нисбат ба ин мард ягон парванда набуд. Танҳо ба сифати гумонбар даъват карда, дар доираи қонун ҳамроҳаш сӯҳбат доштем."

Нисбат ба Баҳром Ҳикматуллоев, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ, аз рӯи моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “ба худкушӣ расондан” парванда боз кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ дар нӯҳ моҳи соли гузашта ҳудуди 130 129 ҳолати сӯиқасд ба ҷон ва худкушӣ сабт шудааст, ки дар натиҷа 89 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳудуди даҳ нафари онҳо мард ва беш аз 50 нафар зан будаанд.

XS
SM
MD
LG