Як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, 90 дар сади шаҳрвандони тоҷике, ки дар сафи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия меҷанганд, аз тариқи Интернет ҷалб шудаанд. Маризо Халифаев рӯзи 11 октябр дар ҳамоиши "Роҳҳои ҳалли тундгароӣ – назари Осиёи Марказӣ" дар Душанбе гуфт, "85 дар сади онҳо муҳоҷироне ҳастанд, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон дар қаламрави Русия ба сафи созмонҳои тундгаро ҷалб шудаанд".
Таҳаммулпазирӣ ё ҳамзистии намояндагони мазҳабҳо ва адёни мухталиф аз дигар роҳҳои мубориза алайҳи ифротгароӣ унвон шудааст.
Ин масъули Додситонии кулли Тоҷикистон, инчунин, мавзӯи рӯз аз рӯз бад шудани вазъи Афғонистонро яке аз омилҳои паҳн шудани идеяҳои ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ ва ба хусус Тоҷикистон донист.
Ӯ гуфт, "дар стратегияи давлати Тоҷикистон барои муқобила бо зӯроварӣ ва тундгароӣ, ки ҳамроҳ бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар ҳоли таҳия аст, аҳамият додан ба масъалаи омӯзишу парвариш дар заминаи ҷилавгирӣ аз тундгароӣ ва ифротгароӣ муҳим дониста шудааст."
Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, таҳаммулпазирӣ ё ҳамзистии намояндагони мазҳабҳо ва адёни мухталиф аз дигар роҳҳои мубориза алайҳи ифротгароӣ унвон шудааст.
Ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои бегона, аз ҷумла, дар Сурияву Ироқ ва Афғонистони ҳамсоя солҳои ахир як мояи ҷиддии нигаронии мақомоти Душанбе боқӣ мемонад. Ба иттилои расмӣ, беш аз 1100 шаҳрванди кишвар ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун "Давлати исломӣ" пайвастаанд ва танҳо аз Сурияву Ироқ дар бораи ҳалокати ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон гузоришҳо расидаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз гароиши шаҳрвандонаш ба гурӯҳҳои ифротгаро як силсила тадбирҳоеро рӯи даст гирифтааст. Аз ҷумла дар Кодекси ҷиноии ин кишвар банди вижаи “зархаридӣ” шомил карда шуд, ки барои ширкат дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар то 12 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.
Ҳамзамон барои он ҷангҷӯёни тоҷике, ки довталабона аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, афви гуноҳ пешниҳод шудаст. Соли гузашта беш аз 50 нафар аз ин пешниҳод истифода карда, аз Ховари Миёна ба Тоҷикистон баргаштанд.
Гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки қаламравҳои васеи Ироқу Сурияро ишғол кардааст, бо қатлу куштор ва бераҳмии хос ва бахусус сар буридани шаҳрвандони ғарбӣ ва ғайримусулмон ном баровард. Дар Тоҷикистон он ба ҳайси созмони террористӣ шинохта шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад