Табибон тавсия медиҳанд, ки барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ё бемории COVID-19 ҳар нафар бояд беҳдошт ва ё гигиенаи шахсиро риоя кунад. Пайваста дастонро бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд, ба бинӣ, чашму даҳон камтар даст расонад.
Барои тақвияти масуният ва муқовимат ба беморӣ истеъмоли мева ва сабзавотро фаромӯш накунад. Профессор Саидбек Сатторов - мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба чанд суол доир ба роҳҳои пешгирӣ аз сирояти вирус посух дод.
Радиои Озодӣ: Пеш аз ҳама дар бораи коронавирус мегуфтед, ки чӣ ҳасту чӣ гуна аст?
Саидбек Сатторов: "Пеш аз он ки мо дар бораи каронавирус ё КОВИД-19 сӯҳбат кунем, аввал бояд дар бораи микроорганизмҳои зинда маълумот дошта бошем. Микроорганизмҳо гуногун мешаванд: бактерияҳо, вирусҳо замбурӯғҳои сироятовар. Ҳар яке аз инҳо вобаста ба сохти таркибии худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Бактерияҳо сохти ҳуҷайравӣ дошта вирусҳо инро надоранд. Бактерияҳо ба бисёре аз антибиотикҳо ҳассос мебошанд, аммо вирусҳо бошанд, ба антибиотикҳо муқовиманд. Аз ин рӯ набояд фаромӯш кард, ки ҳангоми бемориҳои сироятӣ истифодаи антибиотик фоида надорад ва метавонад баръакс камубеш таъсири манфӣ расонад. Антибиотик метавонад, масунияти баданро паст кунад. Антибиотикро замоне мешавад, истифода кард, ки баъд аз бемориҳои сироятӣ ба инсон ориза пайдо шавад. Инро ҳам танҳо бо тавсияи духтури оилавӣ ва ё мутахассиси соҳа бояд истифода кард."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Оё то имрӯз коронавирус дар табиат вуҷуд дошт?
Саидбек Сатторов: Коронавирус ба гурӯҳи бемориҳои шадиди роҳи нафаскашӣ шомил мешавад. Дар марҳилаи имрӯза дар табиат зиёда аз 40 намуди коронавирусҳо маълуманд. Ин вирус ба ҳайвонҳову паррандаву хазандаҳо хос аст. Даҳ навъи онҳо барои бадани инсон вуҷуд дорад. Дар аксар ҳолат ин вирусҳо метавонанд, ба организмҳои зиндаи гуногун, аз ҷумла одам, ҳайвонот, паррандагону хазандагон сироят кунанд. Вируси мазкур ба он хотир зернамуди нав номида мешавад, ки дар баъзе ҳолатҳо байни зернамудҳои гуногун мубодилаи ирсӣ ба амал меояд.
Радиои Озодӣ: Агар чунин аст пас чаро ин ҳарфҳо ҳам садо медиҳад, ки гӯё вируси КОВИД-19 дар шароити озмоишгоҳӣ ё ба таври сунъӣ сохта баъдан паҳн карда шудааст?
Саидбек Сатторов: Аксар олимони соҳа ба ин назар ҳастанд, ки ин вирус дар натиҷаи омехташавии ирсии ду навъи вирус, аз ҷумла барои парранда ва хазанда ба ҳам омехта шуда, дар натиҷа вирусе пайдо шуд, ки натанҳо организми ҳайвону паррандаҳо, балки бадани инсон ҳам ба он тобовар нест. Ҳангоми пайдо шудани зернамуди нав организми инсон бо сабаби надоштани масуният наметавонад, худро ҳимоя намояд. Аз ин хотир бемор онро вазнин пушти сар мекунад ва гоҳи дигар бо оқибатҳои нохуш анҷом меёбад. “
Радиои Озодӣ: Нишонаҳои аввали ин беморӣ чигуна аст?
Саидбек Сатторов: “Нишонаҳои асосии коронавирус ҳарорати баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо, дарди гулӯ, бемадорӣ ва пайдошавии оризаҳои сафед дар забон мебошанд. Дар натиҷаи чунин нишонаҳо роҳҳои нафас ва шуш осеб ёфта, дар мӯҳлати кӯтоҳ вазъи бемор вазнин мешавад. Яъне, дар ҳолати ба ин беморӣ гирифтор шудан душвор шудани нафаскашӣ, нарасидани ҳаво ба мушоҳида мерасад.»
Радиои Озодӣ: Ин вирус аз кадом роҳ аз бемор ба нафари солим сироят мекунад ва роҳҳои пешгирӣ кадом аст?
Саидбек Сатторов: “Роҳи аслии сироят ба коронавирус ҳавоӣ-қатрагӣ буда, он ҳангоми нафас гирифтан ва атсаву сулфа задан мегузарад. Ҳангоми атса ва ё сулфа задан бемор метавонад, вирусро ба муҳити атроф паҳн намояд ва шахси солим дар мавриди риоя накардани масофае, ки байни шахси бемор ва солим ба андозаи на кам аз як метр муайян гардидааст, метавонад аз ин вирус сироят ёбад. Дар ин ҷо бояд одамон аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунанд. Тавсия дода мешавад, агар ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда истифода карда шавад. Дигар ин ки ин вирус тавассути пардаҳои луобӣ, аз ҷумла бинӣ, чашм метавонад сироят кунад. Барои ин бояд дастонро бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд.
Бар асоси талаботҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ набояд дастро обгардон кард, балки то 30 сония шуст. Набояд дастро ба даҳон, руй, бинӣ ва чашм расонид. Усули дигари муҳим барои сиҳатии инсон, ин обутоб додани бадан аст. Дар ин ҳолат бояд масуниятро баланд кард. Чун ин натанҳо барои бемориҳои сироятӣ, балки барои бемориҳои соматикӣ ҳам муҳим аст. Дар навбати аввал бояд дар бадани одам миқдори муайяни витамини С мавҷуд бошад. Ба гигиена дар хонавода ҳам бояд аҳамияти ҷиддӣ дод. Ҳавои хонаро зуд-зуд иваз кард, то дар ҳолати вуҷуд доштани вирусҳо он аз шуъои офтоб қобилияти фаъолнокиро аз даст медиҳад. Одамон метавонанд дастаҳои дару тирезаҳои хонаро бо маҳлули Domestos пок кунанд. Инро Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва зерсохторҳои вазорати тандурустӣ ҳамчун маводи безараркунанда тавсия медиҳанд.“