Панҷ зиндонбони тоҷикро барои "ришвахорӣ" муҳокима мекунанд. ВИДЕО

Акс аз зиндоне воқеъ дар маркази Душанбе аст. 3-уми июни соли 2011. Мақомот хабарнигоронро барои ошноӣ ба дохили зиндон роҳ доданд.

Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон 5 корманди зиндонҳоро бо иттиҳоми ришваситонӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидааcт. Намояндагони оҷонсӣ рӯзи 11-уми феврал дар Душанбе гуфтанд, ки ин афрод барои иваз кардани низоми адои ҷазо аз зиндониён ришва хостаанд.

Қутбиддин Сафарзода, сардори раёсати тафтишотӣ дар оҷонсӣ баъд аз нишасти хабарӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кормандони муассисаҳои ислоҳӣ ба қаллобӣ ва гирифтани пора муттаҳам мешаванд. Таҳқиқи парвандаҳояшон хотима ёфтааст ва онҳоро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодаанд. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, дар миёни боздоштшудаҳо муовини сардори раёсати муассисаи ислоҳӣ, як сардори шуъба, боқӣ маъмурони зиндонҳои Ёвону Душанбе буданд.

Қутбиддин Сафарзода гуфт: “Муовини сардори раёсати муассисаи ислоҳӣ 13 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст ва дигарон барои тартиб надодани ҳуҷҷату ба додгоҳ пешниҳод накардан аз як нафар чор ҳазор сомонӣ гирифтаанд, ки омада шикоят кард”.

Ӯ нагуфт, ки ин афрод кай боздошт шудаанд. Бори аввал аст, ки мақомоти Тоҷикистон ошкоро эълон мекунанд, ки маъмурони зиндонҳоро барои ришвахорӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд, ҳарчанд маҳбусон ва зиндониёни собиқ аз фасоду ришвахорӣ зиёд шикоят кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти 5 нозири маҳбас бо иттиҳоми фасод

Райҳона Саидова вакили собиқи дифо, ки чанде пеш аз зиндон озод шудааст, дар суҳбате бо Радиои Озодӣ онҳоро “муассисаҳои тиҷоратӣ” номид. Ӯ, ки панҷ соли умрашро паси панҷара сипарӣ кардааст, моҳи декабр гуфт: “Ин муддате, ки ман адои ҷазо мекардам, ба ҳамин хулоса омадам ки ин муассиса ислоҳӣ не, балки тиҷоратӣ аст. Вақте шахс ба маҳбас меафтад, бе пул ҳеҷ кас нест. Агар пул дошта бошӣ адои ҷазо хуб мегузарад, вагарна не. Ҳатто мегуфтанд, ки фалон чӣ шикастааст, бояд мо таъмир кунем. Писари донишҷӯям кор карда, ба ман пул мефиристод”.

Мисоли рушани ришвахорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон, телефонҳои ҳамроҳ дар байни зиндониён аст, ки дар ивази пардохти маблағ ба посбонҳо онро пинҳонӣ бо худ мегардонанд. Радиои Озодӣ аз ин зиндониён борҳо дар бораи қонуншиканӣ ва ришвахорӣ паём фиристодаанд. Яке аз онҳо навишта буд: "Барои ҳама чӣ пул мехоҳанд, барои утоқи беҳтар барои лат накарданд, барои халос шудан аз ҳақорату дашноми онҳо бояд пул диҳӣ”.

Дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ду соли ахир чанд ошӯбе сар зад, ки камбудиҳои мавҷуд дар онҳоро бармало ва мақомоти қудратиро шармсор кард. Дар ошӯбҳо дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат, ки солҳои 2018 ва 2019 рух дод, дар маҷмуъ 50 нафар кушта шуданд. Ҳарчанд мақомот гуфтанд, ки ошӯб кори дасти ифротгароёни исломӣ буд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ ва зиндониён гуфтаанд, бадрафторӣ бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯӣ аз омилҳои дигари исёнҳо будаанд.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. То замони қабули Қонуни авф дар охири соли гузашта дар ин муассисаҳо тақрибан 13 ҳазор маҳбусро нигаҳ медоштанд. Бар асоси қонуни мазкур бештар аз 7 ҳазори онҳо аз зиндонҳо озод карда шуданд.