Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми 70 нафар барои "омодагӣ ба ошӯб" дар зиндонҳо. Норозиён ҳастанд. САДО


Зиндони шаҳри Ваҳдат
Зиндони шаҳри Ваҳдат

70 нафар бо гуноҳи "омодагӣ ба ошӯб" дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳкум шуда, парвандаи беш аз 30 нафари дигар бо айни иттиҳом дар ҳоли баррасӣ будааст. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ин рақамҳоро рӯзи 24-уми январ дар ҷавоб ба суоли аъзои Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон, дар бораи мубориза бо терроризм ба забон овард. Аммо дақиқ нагуфт, ки ин афрод барои омодагӣ ба ошӯб дар маҳбаси рақами яки Душанбе дар моҳи июни соли гузашта айбдоранд, ё дар ошӯб дар зиндонҳои шаҳри Хуҷанду Ваҳдат.

То ин дам барои Радиои Озодӣ боздошти 20 нафар бо гумони омодагӣ ба ошӯб дар зиндони рақами яки Душанбе, мурофиа ва маҳкумияти беш аз 60 нафар барои иштирок дар ошӯб дар зиндонҳои Хуҷанду Ваҳдат маълум буд.

Наздикони бархе аз маҳкумшудаҳо бо ҷурми иштирок ва ҳамдастӣ дар ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат ҳукмро "ноодилона" хонда, бознигарии онро талаб карда буданд.

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, онҳо дар маҷмуъ парвандаи беш аз 100 нафарро бо айби "тайёрӣ ба ҷиноятҳои ошкоршуда" дар зиндонҳо ба додгоҳ фиристодаанд.

Дар ду ошӯб дар зиндонҳои шаҳри Хуҷанд ва Ваҳдат беш аз 50 нафар кушта шуданд, ки дар миёнашон зиндонбонҳо низ ҳастанд. Мақомот ҳарду ошӯбро кори дасти ҷангҷӯёни ДОИШ донистанд ва ин гуруҳи даҳшатафкан низ масъулиятро пазируфт. Вале гурӯҳ ё созмонҳои мустақил ҳанӯз имкони таҳқиқи бетарафи ҳодисаҳоро надоранд.

Дар бораи омодагӣ ба ошӯб дар зиндони рақами яки пойтахт иттилои пурра дар даст нест. Мақомот дар бораи мурофиаи гумонбарон низ чизе нагуфтаанд.

Ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат моҳи майи соли 2019 рӯй дод. Ҳодиса дар зиндони шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 2018 буд, вале муҳокимаи муттаҳамонаш соли гузашта дар додгоҳҳо идома кард.

Human Rights Watch, созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, рӯзи 14-уми январи имсол бо ишора ба ду ошӯб ва саркӯби зиндониён, мақомоти Тоҷикистонро ба даст доштан "дар шиканҷаи густарда, истифодаи номутаносиб аз нерӯҳои амниятӣ ва қатлу куштори зиндониён" муттаҳам кардааст. Мақомот ҳанӯз ба ин иттиҳом посух надодаанд.

Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи ҳамла ба "Ишқобод" ва ошӯб дар зиндонҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00
Линки мустақим

Ин масъала дар Маҷлиси Миллии Тоҷикистон баъди он баррасӣ шуд, ки як узви он аз Юсуф Раҳмон пурсид, Додитонии кул барои пешгирӣ аз ҷиноятҳои марбут ба терроризму ифротгароӣ чӣ чора андешидааст ва дар ин самт чӣ мушкилҳо вуҷуд дорад. Ӯ гуфт, "терроризм дар ҷомеаи мо проблемаи рақами як ба шумор меравад. Хавфи амалҳои террористӣ ба амнияти мамлакат ва амнияти ҷомеа ҳамеша ҷой дорад."

Юсуф Раҳмон дар идомаи суханонаш хабар дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар соли 2019-ум 1062 ҷинояти вобаста ба терроризму эестремизмро сабт кардаанд ва он дар муқоиса ба соли 2018-ум 306 маврид зиёд будааст.

"Афзоиши ҷиноятҳо аз ҳисобҳои ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии "Ишқобод" ва ҳамчунин тайёрӣ ба ҷиноятҳои ошкоршуда дар муассисаҳои адои ҷазо марбут аст," -- шарҳ дод додситони кул.

Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" ҷавоби дақиқ надод ва танҳо ишора кард, ки "қисме аз гунаҳкорон безарар гардонда шуда, қисме дигар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд", аммо рақами мушаххасеро баён накард.

Қаблан мақомоти Додситонии кул дар ҷавоб ба дархости расмии Радиои Озодӣ дар бораи ҷузъиёти ҳодиса гуфтанд, бо далели махфӣ будани ҷараёни тафтиш наметавонанд дар ин замина иттилоъ бидиҳанд. Пӯшида будани ҷараёни тафтишот ва махфӣ будани ҳар гуна иттилоъ дар ин бора фарзияҳои гуногуни ҳамла ба дидбонгоҳро ба вуҷуд овардааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта борҳо гуфтаанд, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ аз авлавиятҳои кори онҳост. Кишвар стратегияи миллии мубориза бо терроризмро низ қабул кардааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ба аҳамияти ҳифзи амният ва суботи ҷомеа таъкид мекунанд, вале меафзоянд, талошҳои мубориза бо тундгароӣ ва терроризм набояд баҳонае барои саркӯби мухолифони сиёсӣ бошанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG