Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Мадина расид

Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ расид. Зоирони тоҷик соати 6-и субҳи 21-уми август аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба шаҳри Мадинаи Мунаввара парвоз намуданд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар фурудгоҳи шаҳри Мадинаи мунаввар зоирони тоҷикро сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷҷи ин кумита Абдуғаффор Юсуфов, аъзои гурӯҳи корӣ ва намояндагони ширкати хизматрасони кишвари Арабистони Саудӣ, истиқбол намуданд.

Ба гуфтаи вай, зоирони тоҷик дар меҳмонхонаҳои атрофи ҳарам, ки то масҷиди набавӣ ҳамагӣ то сад метр масофа доранд, ҷойгир карда шуданд. "Дар назар аст, ки фардо 22-юми август ин гурӯҳи зоирони мо аз мавзеъҳои таърихии Мадинаи мунаввара, аз ҷумла масҷиди “Қубо”, масҷиди “Қиблатайн”, кӯҳи Уҳуд ва амсоли он дидан намоянд. Баъди чанд рӯзи будубош дар Мадинаи мунаввара, зоирон ба Маккаи мукаррама мераванд",-афзуд Афшини Муқим.

Масъулони Кумитаи дин мегӯянд, ки соли ҷорӣ нисфе аз зоирони тоҷикро ширкатҳои ватании ҳавопаймоӣ ва нисфи дигаро ширкати худи Арабистони Саъудӣ Flynas (Флайнас) ба Ҷидда мебаранд ва пас аз анҷоми мавсими ҳаҷҷ дубора ба Тоҷикистон меоранд. Аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик тавассути ширкати ҳавопаймоии "Сомонэйр" ба шаҳри Мадинаи мунаввара парвоз карданд.

Масъулон мегӯянд, ки як сабаби боло рафтани нархи сафари Ҳаҷҷ, боло рафтани қурби доллар мебошад.

Тибқи нақша, сафари ҳоҷиёни Тоҷикистон аз 21-уми август оғоз гардида, дар назар аст, то 5-уми сентябр идома ёбад. Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз сафари Ҳаҷ, дар назар аст, ки 17-уми сентябр оғоз шавад. Арзиши хизматрасониҳо дар мавсими Ҳаҷ-2016 дар Тоҷикистон 28 ҳазору 649 сомониву 10 дирам муқаррар шуда буд.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи сабабҳои имсол боз тақрибан 5000 сомонӣ боло рафтани нархи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик гуфт, як сабаби асосӣ боло рафтани қурби доллар аст. Сабаби дигар, ба гуфтаи масъулини ин кумита, шароити назар ба солҳои гузашта беҳтарест, ки имсол барои зоирони тоҷик дар Маккаву Мадина дар ҷараёни иҷрои маносики Ҳаҷ фароҳам оварда мешаванд.

Имсол аз Тоҷикистон каме беш аз 6 ҳазор нафар имкон пайдо кардаад барои адои маносики Ҳаҷ ба шаҳрҳои Маккаву Мадинаи Арабистони саъудӣ сафар кунанд.

Омодагӣ барои қабули зоирони тоҷик дар Макка