Пешвози президент – “мавсими нав” дар тақвими тоҷикон

Дар тақвими сокинони Тоҷикистон мавсими хосе илова шудааст, ки он “омодагӣ ба пешвози президент” ном дорад. Ин “мавсим” бо тағйири моҳҳо ҳар сол такрор мешавад. Яке барои мизбонӣ омодагӣ мегирад ва дигаре барои шикоят.

Аз нигоҳи ман, ин на айби раҳбари давлат, балки нафарони наздик ба ҳукумат аст. Зеро ҳар нафар мехоҳад, дар назди раҳбараш худро хуб нишон бидиҳад ва ба истилоҳ ширин кунад. Сафар ба минтақаҳо як ҷузъи вазифаи президент аст ва набояд дар онҳо ба зиёдаравӣ роҳ дод
Хурсанд Хуррамов

Афроде, ки шикоят мекунанд, ба назди Эмомалӣ Раҳмон роҳ намеёбанд, аммо мактабхонҳо аз рӯи барномаи хос дар васфи президент шеър мехонанд, сокинон барои “хидматҳои беназир” сипос мегӯянд, кӯҳансолон дуо медиҳанд ва сарояндагон суруд мехонанд. Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло бо сафари корӣ дар навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа қарор дорад. Омодагии сокинон барои пешвози президент, мисли соли гузашта аз ду моҳи пеш оғоз шуд.

Вазифа: Парчамбардорӣ

Фаррух Камолови 31-сола, омӯзгори яке аз мактабҳои ноҳияи Вахш, барои пешвози президент моҳе боз ҳамроҳи хонандагони мактаб кор мекунад. Вазифаи беш аз 200 хонандаи мактаб, ки Фаррух ва чанд омӯзгори дигар бо онҳо кор мекунад, ҳангоми гузаштани президент аз роҳи назди деҳа парчамафшонӣ ҳаст. Ӯ ҳанӯз рухсатпулии тобистонаашро нагирифтааст, вале шиквае надорад. “Муҳим Ҷаноби Олиро хуш гусел кунем. Мо омодагии ҷиддӣ дидаем. Аз ду тарафи роҳ ҳамроҳ бо хонандагон парчам меафшонем”, - гуфт ӯ рӯзи 12-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дӯстмурод Шарифов, кишоварзи 54-солаи ноҳияи Вахш, ба роҳсозон ёрӣ медиҳад. Онҳо роҳеро таъмир мекунанд, ки аз он бояд Эмомалӣ Раҳмон бигузарад. Дӯстмурод ин корро бидуни дастмузд иҷро мекунад ва онро вазифаи шаҳрвандии худ медонад.

Ин амалҳоро Фаррух ва Дӯстмурод беш аз даҳ сол боз ба шакле анҷом медиҳанд. Дӯстмурод мегӯяд, чун дар гузашта зимни пешвози президент вазифаҳои ба зимма гузоштаро хуб иҷро кард, дигар ҳар сол корҳоеро ба ӯ бовар мекунанд.

Байрам барои вохӯрӣ навбат мепояд

Байрам Темиров, сокини 26-солаи шаҳраки Гаровтии ноҳияи Дӯстӣ, дар арафаи омодагӣ ба пешвози президент бори даҳум аст, ки ба утоқи кории раиси ноҳия меравад. Ӯ мехоҳад барояш иҷозат диҳанд, ки дар назди президент суханронӣ кунад. Байрам нобино аст ва дархосташ аз раиси ҷумҳур ин аст, ки барояш кор диҳанд.

Байрам рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгориро хатм кардааст, вале кор намеёбад. “Аз 16-солагиам мехоҳам бо президент вохӯрам. Ҳоло мехоҳам, бароям ҷойи кор диҳанд. Ягон мактаб маро ба ҳайси омӯзгор қабул намекунад Пеши вазири маориф рафтам, гуфт, ки ба мудири маориф супориш медиҳад. Лекин қабулам накарданд”, - афзуд ӯ.

Байрам ду кӯдак дорад ва ҳамсараш низ нобино аст. Зиндагии ӯро модараш таъмин мекунад, ки дар беморхона кор мекунад. Ин ҷавони нобино зоҳиран аз ҷумлаи онҳоест, ки ҳеҷ гоҳ ба сӯҳбати президент роҳ намеёбанд.

Ҳадафи сафарҳои ба такрор чист?

Хурсанд Хуррамов, коршиноси масоили сиёсӣ, рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, сафарҳои президент ба шаҳру навоҳӣ бештар ҷанбаи идеологӣ дошта, “барои имиҷсозии раиси ҷумҳур равона шудаанд”. Ин коршинос сафарҳои президентро ба як намоиши театрӣ монанд кард, ки аз худи раиси ҷумҳур то сокинону мансабдорон дар он нақш мебозанд. Ӯ гуфт, аксари биноҳое, ки президент боз мекунад, бо ташаббуси соҳибкорон сохта шудааст ва дар сафарҳо низ дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон амри сохтани ин ё он иншоотро медиҳад.

Хурсанд Хуррамов

“Давлат ҳеҷ гоҳ ба бахши хусусӣ дахолат накунад ва соҳибкоронро маҷбур насозад, ки аз ҳисоби пули худ чорабиниҳоро маблағгузорӣ кунанд. Вақте маблағи соҳибкор оқилона истифода намешавад, ин барои давлат хуб нест. Аз нигоҳи ман, ин на айби раҳбари давлат, балки нафарони наздик ба ҳукумат аст. Зеро ҳар нафар мехоҳад, дар назди раҳбараш худро хуб нишон бидиҳад ва ба истилоҳ ширин кунад. Сафар ба минтақаҳо як ҷузъи вазифаи президент аст ва набояд дар онҳо ба зиёдаравӣ роҳ дод”, - афзуд ӯ.

Хуррамов мегӯяд, ҳатто то ҷое ӯ огоҳ аст, дар аксар маврид харҷи сафари омодагӣ ба президентро соҳибкорон мепардозанд, ки ин як навъ фишор ба тиҷорату соҳибкор аст.

“Ба ғайри падари террорист ҳама розист”

Сайфулло Сафаров, муовини Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, рӯзи 11-уми август гуфт, сафарҳои солонаи президент ба шаҳру навоҳӣ як рукни муҳими давлатдорист, ки он бояд анҷом бигирад. Ӯ гуфт, ҳадаф аз ин сафарҳо огоҳӣ аз дарди дили мардум аст. “Рафтани президент мардумро хеле фаъол мекунад. Ба хусус, соҳибкорон ободкориҳои зиёде мекунанд. Мебинем, ки дар ин вохӯриҳо идеяҳои ҷолибе садо медиҳанд”, - гуфт Сафаров.

Сайфулло Сафаров

Ӯ ҳамчунин афзуд, сафарҳои президент “сарфу харҷ доранд, вале дар назди он манфиате, ки мардум аз сафарҳо мебинанд, ин харҷҳо ночизанд”. Сайфулло Сафаров гуфт, “шояд ягон нафаре, ки падари террорист аст, аз ин сафару ободкориҳо хушаш наояд, вале 99,9 дарсад аз ин сафарҳо хушҳоланд. Ҳатто борҳо шоҳид шудаем, ки мардум Худо мегӯянд, президент ба маҳалли онҳо биоянд. Худо мегӯянд, ки ба ноҳияи онҳо раванд, то дар онҷо ободӣ шавад. Онҳо мегӯянд, президент ба онҷо биояд, раҳбарони ноҳия ба ободӣ даст мезананд. Ё инки майдони кишташон хушк шудааст ва президент равад, ба онҷо об меоранд”.

“Вақте ҳама чиз аз як нафар вобаста аст”

Хурсанд Хуррамов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, дуруст аст, ки бо рафтани президент роҳҳо аз навсозӣ мешаванд, вале ин аз нигоҳи сиёсӣ чандон паёми хубе нест. Ӯ гуфт, “қабл аз сафари президент ба ин ё он минтақа воқеан баъзе ободкорӣ сурат мегирад. Бояд дарк кард, вақте ҳама чиз аз як нафар вобаста аст, пас, низоми мо дуруст кор намекунад. Ин заъфи низомро нишон медиҳад.”

Сафари тобистонаи президенти Тоҷикистон ба минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон рӯзи 9-уми август аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз шуд. Қарор аст, сафари ӯ дар ин минтақа як ҳафтаи дигар идома кунад.