Мансаби нави Амонулло Саъдуллоев

Амонулло Саъдуллоев

Амонулло Саъдуллоев, ки моҳи августи соли гузашта аз мақоми муовини раиси ширкати "Барқи тоҷик" барканор шуда буд, сардори "Шабакаҳои барқи ҷануб" таъин шудааст.

Амонулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи августи соли гузашта аз мақоми муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” барканор шуда буд, сардори “Шабакаҳои барқи ҷануб” дар Қӯрғонтеппа таъин шудааст. “Шабакаҳои барқи ҷануб” ҷамъияти саҳомии шакли кушода аст ва тақсими нерӯи барқ ба манотиқи Хатлонро назорат мекунад.

Як масъули “Шабакаҳои барқи ҷануб” рӯзи 22 апрел дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин таъинот даҳ рӯз пеш сурат гирифтааст. Сардори пешини ин шабака Сафаралӣ Убайдуллоев дар ин мақом ҳамагӣ як солу се моҳ кор кардааст.

Амоннуло Саъдуллоев рӯзи 27 августи соли гузашта дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ширкати “Барқи тоҷик” ҳамроҳ бо Даврон Исҳоқӣ ва Елена Лашкарбекова аз муовинати раиси ин ширкат барканор шуд. Саъдуллоев 29 августи соли 2014 муовини раиси ширкати "Барқи тоҷик" таъин шуда буд. Ӯ аз моҳи июни соли 2013 то расиданаш ба муовинат ба ҳайси раҳбари бахши фурӯши барқ дар ширкати давлатии “Барқи тоҷик” кор мекард.

Амонулло Саъдуллоев додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон ва бародари Ҳасан Асадуллоҳзода - раиси “Ориёнбонк” - мебошад. Бародари дигари ӯ Амируллои Асадулло раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад.