Комилов аз омодагии Узбакистон барои беҳбуди равобит сӯҳбат кард

Акс аз Фейсбуки Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон

Рӯзи 29 сентябр дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов баргузор шуд. Дар ин нишаст сӯҳбат аз беҳтар намудани фазои ҳамкории ду кишвари ҳамсоя дар бахши иқтисоду иҷтимоъ ва масоили марбут ба энергетика ва нақлиёт рафтааст.

Комилов гуфт, Узбакистон омода аст ҳаракати роҳи оҳан, парвозҳои миёни ду кишвар барқарор шавад ва ҳалли мушкилоти обию энергетикӣ боадолат ва ба манфиати ҳарду кишвар бошад

Сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода баъди анҷоми ин мулоқот дар кохи раёсати ҷумҳурӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазири корҳои хориҷии Узбакистон бо паёми шифоҳии раҳбари он кишвар Шавкат Мирзиёев ба президенти Тоҷикистон омадааст. Вай гуфт, "дар ин паём доир ба беҳбуди ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Узбакистон, ҳалли баъзе мушкилот дар равобити ин ду кишвар ва барқарор кардани муносибатҳои ҳамсоягӣ, дӯстии байни Узбакистону Тоҷикистон сӯҳбат мешавад."

Ба қавли Шарифзода, баъд аз анҷоми мулоқот дар брифинге дар баробари телевизионҳои давлатии Тоҷикистон Абдулазиз Комилов гуфтааст, "Узбакистон омода аст, муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар бахши энергетикаро барқарор кунем, ҳаракати роҳи оҳан, парвозҳои миёни ду кишварро барқарор кунем. Ҳалли мушкилоти обию энергетикӣ боадолат ва ба манфиати ҳарду кишвар бошад".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Абдуфаттоҳ Шарифзода: Вазири хориҷаи Ӯзбакистон бо паёми Мирзиёев ба Тоҷикистон омад

Раҳбари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки вазири корҳои хориҷиаи Узбакистон бо як сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад ва яке аз масоили мавриди баррасӣ - фаъол намудани кори Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории иқтисодию савдо мебошад. "Бахши иқтисодӣ ва тиҷорат ҳамчун соҳаи муҳимтарини ҳамкории ду кишвар маҳсуб шуда, заминаҳоро барои беҳбуд бахшидани муносибатҳои ҳамсоядорӣ дар ҳар соҳаи дигар тақвият хоҳад бахшид", - мегӯяд Абдуфаттоҳ Шарифзода.

Дар бораи сафари вазири корҳои хориҷии Узбакистон ба Тоҷикистон қаблан хабаре пахш нашуда буд ва маълум нест, ки ин сафар аз қабл тарҳрезишуда аст ва ё ғайриинтизор сурат гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими дафни Ислом Каримов ширкат кард

Ин нахустин мулоқоти мақомоти баландпояи ду кишвар баъди даргузашти президенти Узбакистон Ислом Каримов дар таърихи 2 сентябри соли ҷорӣ мебошад. Раҳбари собиқи Узбакистон бар асари хунравии мағзӣ ҷон дод. Дар маросими дафни президенти нахустини Узбакистон дар шаҳри Самарқанд рӯзи 3 сентябр президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳузур дошт ва суханронӣ кард. Бар асоси тасмими Сенати ин кишвар, раҳбарии муваққатии ин кишварро нахуствазири собиқ Шавкат Мирзиёев ба ӯҳда гирифт. Моҳи декабр, қарор аст, дар Узбакистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад.

Коршиносон баъди даргузашти Каримов таъкид мекунанд, ки мардуми ҳарду кишвари ҳамсоя интизори гармиши бештаре дар равобити миёни ин ду давлат ҳастанд ва умедворанд, ки масоили зиёди матраҳ дар ҳамкориҳои дуҷониба ниҳоят ҳалли худро пайдо кунад. Ин мушкилот набуди иртибототи ҳавоӣ миёни ду кишвар, вуҷуди низоми раводид барои сафарҳои шаҳрвандон, поин будани мизони додугирифтҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ғайра мебошанд.

Шавкат Мирзиёев номзади аслии интихоботи президентии Ӯзбакистон аст

Баъди даргузашти президент, раҳбарияти Узбакистон гуфт, ки сиёсати Ислом Каримовро идома медиҳад. Аз ҷумла, ин изҳорот бори охир аз забони вазири умури хориҷаи ин кишвар дар ҷараёни Маҷмааи кулли СММ дар Ню-Йорк садо дод. Абдулазиз Комилов гуфтааст, "Узбакистон сиёсати хориҷиашро дар заминаи ҳимоят аз манофеи миллӣ ба роҳ мемонад». Вай гуфтааст, ки «мавқеи устувори сиёсати хориҷии Ӯзбакистон аз пойбандӣ ба принсипҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар Оинномаи СММ ва Конститутсияи ин кишвар сабт шудааст, маншаъ мегирад».

Абдулазиз Комилов, ки рӯзи 23-уми сентябр дар ҷаласаи Маҷмааи умумии Созмони Милал сӯҳбат мекард, истифодаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, хушкидани Баҳри Арал ва масоили муҳити зистро яке аз мушкилоти мубрамтарини минтақа номид, вале ҳеҷ ишорае ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон накард. Аммо айни замон ӯ ба “мавқеи усулии” Узбакистон дар масъалаи тақсими захираҳои об дар Осиёи Марказӣ таъкид кард. “Ин масъалаҳо бояд бар асоси меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ, ки истифодаи босамар ва одилонаи захираҳои обро кафолат медиҳанд ва ҳам бо назардошти манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа ҳал шаванд”, гуфт Абдулазиз Комилов.

Нутқи вазири умури хориҷии кишвари ҳамсоя аз суханрониҳои пешинааш фарқ мекард, чун дар гузашта ӯ мушаххасан ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон ишора карда гуфтааст, ки бунёди нерӯгоҳҳои азим дар маҷрои рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ, ҳоли кишварҳои поёноб, яъне Узбакистону Қазоқистон ва Туркманистонро бад мекунад.

Коршинос: Ҳамкориҳои миёни ду кишвар метавонад беҳтар шавад

Парвиз Мулоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, "кори Комиссияи байнидавлатӣ оид ба масоили иқтисод ва тиҷорат миёни Тошканд ва Душанбе дар чанд соли охир, агар иштибоҳ накунам, фаъол набуд ва самарае надошт. Мулоқоти президент бо вазири корҳои хориҷаи Узбакистон дар иртибот ба ин масъала ҳамкориҳои иқтисодию савдоро метавонад ҷоннок кунад ва ин заминае барои рушди масъалаҳои дигар хоҳад шуд. Масалан, дарёфти виза ҳангоми равуои шаҳрвандон, барақарор кардани хатти сайри ҳавопаймоҳо, фаъол кардани тиҷорат дар минтақаҳои марзӣ, дар қадами аввал метавонад ҳалли худро пайдо кунад".