Абдулазиз Комилов, ки рӯзи 23-уми сентябр дар ҷаласаи Маҷмааи умумии Созмони Милал сӯҳбат мекард, истифодаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, хушкидани Баҳри Арал ва масоили зистмуҳитиро яке аз мушкилоти мубрамтарини минтақа номид, вале ҳеҷ ишорае ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон накард.
Аммо айни замон ӯ ба “мавқеи усулии” Узбакистон дар масъалаи тақсими захираҳои об дар Осиёи Марказӣ таъкид кард. “Ин масъалаҳо бояд бар асоси меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ, ки истифодаи босамар ва одилонаи захираҳои обро кафолат медиҳанд ва ҳам бо назардошти манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа ҳал шаванд”, гуфт Абдулазиз Комилов.
Нутқи вазири умури хориҷии кишвари ҳамсоя аз суханрониҳои пешинааш фарқ мекард, чун дар гузашта ӯ мушаххасан ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон ишора карда гуфтааст, ки бунёди нерӯгоҳҳои азим дар маҷрои рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ, ҳоли кишварҳои поёноб, яъне Узбакистону Қазоқистон ва Туркманистонро бад мекунад.
Ин масъалаҳо бояд бар асоси меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ва бо назардошти манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа ҳал шаванд.
“Мо набояд иҷоза бидиҳем, ки дар сурати иҷрои тарҳҳои сохтмони сарбандҳои азиму нерӯгоҳҳои бузург дар Амударё ва Сирдарё, ки дар ҳавзаҳои онҳо миллионҳо нафар зиндагӣ мекунанд, маҷрои табии ин рӯдхонаҳо вайрон шавад ва масъалаи таъмини об дар кишварҳои поёноб бадтар шавад.” -гуфта буд, ӯ зимни суханронӣ аз минбари Созмони Милал дар соли 2015. Дар солҳои 2013 ва 2014 низ Абдулазиз Комилов айни суханронро гуфта ва афзуда буд, ки камобӣ дар минтақа метавонад, сабаби ҷанҷол дар Осиёи Марказӣ шавад.
Тағйири лаҳни вазири умури хориҷии Узбакистон дар бораи бунёди тарҳи нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон робитаҳои ду тараф нисбат ба солҳои гузашта нармтар шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон тобистони имсол бо ширкати итолиёии "Салини Импреҷило С.п.А." (Salini Impregilo SpA) қарордоди чандмиллиардолларии бунёди Роғунро имзо кард. Бар асоси созишнома сохтмони асосии нерӯгоҳи Роғун нимаи дувуми соли 2016 шурӯъ шуда, марҳила ба марҳила 11 сол идома хоҳад кард. Арзиши қарордод 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Баъди имзои ин қарордод, Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон ва ҳоло раиси ҷумҳури муваққат бо ирсоли номае ба Қоҳир Расулзода – нахуствазири Тоҷикистон аз имзои созишнома изҳори нигаронӣ кард. Мухолифати ҳукумати Ӯзбакистон ва бахусус Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи онро, ки аввали ҳамин моҳ даргузашт, як сабаби таъхири бунёди нерӯгоҳи Роғун медонанд. Маҳз бо пофишории Узбакистон, ширкатҳои байнамилалӣ таъсири зистмуҳитии эҳтимолии нерӯгоҳ ба Осиёи Марказиро арзёбӣ карданд ва гуфтанд, ки нерӯгоҳ зиёни зиёде барои минтақа надорад.
Бо назардошти нармиш дар мавзеъгирии Узбакистон, коршиносони тоҷик гуфтаанд, ки мумкин аст, байни ду тараф муомилаи ниҳоние сурат гирифтааст ва ё кишварҳои минтақа ба натиҷа расидаанд, ки таниш дар байни онҳо дар замони авҷ гирифтани таҳдидҳои муосир ба мисли терроризм ва ифротгароӣ бар зиёни ҳама тарафҳост.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид мекунад, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақаҳои бузурги Покистону Афғонистон кофӣ аст. Тоҷикистон бо вуҷуди онки дар саргаҳи рӯдхонаҳои аслии минтақа қарор дорад ва 60 дар сади оби Осиёи Марказӣ дар он сарчашма мегирад, наметавонад, мардуми кишварро зимистонҳо бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад.