Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии Доналд Трампро табрик гуфт

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти мунтахаби Амрико Доналд Трампро ба пирӯзиаш табрик намуда ва умедворӣ кардааст, ки робитаҳои Душанбе ва Вашингтон боз ҳам таҳким хоҳанд ёфт.

Дар паёми табрикӣ ба унвони Доналд Трамп, оқои Раҳмон гуфтааст, ки рушду тавсеаи муносибатҳо бо Амрико, аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвараш ба шумор меравад.

Ин аст, ки оқои Раҳмон таъкид кардааст, ки кишвараш омодаи ҳамкориҳои муштарак ва муколамаи созанда байни ду кишвар дар ҳама зинаҳо мебошад.

Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба пирӯзии Доналд Трамп

Раҳбарон ва мақомоти баландпояи шуморе аз кишварҳои ҷаҳон пирӯзии Доналд Трампро дар интихоботи президентии Амрико табрик гуфтанд. Бо оғоз шудани вокунишҳо ва паёмҳо ба пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи президентии Амрико, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз нахустин сарони кишварҳои ҷаҳон буд, ки ӯро табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории русии "Интерфакс", Қасри Кремл бо судури як баёния эълон кард, ки Владимир Путин бо ирсоли барқия пирӯзии Доналд Трампро табрик гуфта ва ибрози умедворӣ кардааст, ки муносибатҳои Русия ва Амрико беҳбуд ёбад ва ду кишвар битавонанд барои муқобила бо чолишҳои кунунии ҷаҳон роҳи ҳалли муассире пайдо кунанд. Раиси ҷумҳури Русия изҳори итминон кардааст, ки барқарории гуфтугӯҳо миёни Маскав ва Вошингтон ба нафъи ҳар ду кишвар хоҳад буд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Владимир Путин, ки дар як соли гузашта чанд бор дахолаташ дар интихоботи Амрикоро рад карда буд, дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ, Доналд Трамро марди "ҷолиб" гуфта буд. Доналд Трамп ҳам дар раванди маъракаҳои интихоботиаш аз Путин ситоиш намуда ва ваъда дода буд, ки аз ҷумла барои мубориза бо терроризм бо Русия ҳамкорӣ хоҳад кард.

Си Ҷин Пин, раиси ҷумҳури Чин низ зимни табрик ба Доналд Трамп гуфтааст, ки ду иқтисоди бузурги ҷаҳон масъулияти худро дар баробари тавсеаи ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо якдигар бояд анҷом диҳанд. Ӯ ҳамчунин ба аҳамияти муносибатҳои Чину Амрико таъкид кардааст.

Дар Брюссел раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ гуфт, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамкориҳои худ идома хоҳанд дод. Вай гуфтааст, ки равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико амиқтар аз ҳаргуна тағйирот дар сиёсатҳо мебошад.

Мақомоти дигари Иттиҳодияи Аврупо ва дипломатҳо низ ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳояшон бо маъмурияти Трамп таъкид кардаанд. Дабири кулли созмони НАТО Ҷенс Столтерберг гуфтааст, ки "раҳбарии Амрико чун ҳамеша хеле муҳим аст... НАТО-и нерӯманд ҳам барои Амрико ва барои Иттиҳодияи Аврупо хуб аст". Вазири умури хориҷии Фаронса гуфтааст, ки кишвараш ҳамонон шарики Амрико боқӣ мемонад ва афзудааст, ки Порис муроқибат мекунад, ки сиёсатҳои нави Доналд Трамп чӣ хоҳад буд.

Дар ҷаҳони Ховари Миёна низ пирӯзии Доналд Трамп вокунишҳое дар пай доштааст. Дар нахустин вокуниши расмии як мақоми Ҷумҳурии исломии Эрон ба пирӯзии Доналд Трамп, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи чаҳоршанбе ба оқои Трамп гушзад кард, ки Амрико муваззаф ба иҷрои БАРҶОМ хоҳад буд.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон.

Ба гузориши хабаргузории расмии Эрон ИРНА, Муҳаммадҷавод Зариф дар нишасти муштараки хабарии худ бо ҳамтои руминягиаш дар Бухарест гуфт, ки "расми мо ин аст, ки дар умури дохилии соири кишварҳо дахолат намекунем. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Эрон ва Амрико робитаҳои сиёсӣ надоранд, муҳим он аст, ки раиси ҷумҳури ояндаи Амрико муваззаф аст то ваъдаҳои чандҷониба оид ба созишномаи баъд аз тавофуқи ҳастаиро иҷро кунад ва мо яқин дорем, ки ҷомеаи байналмилалӣ низ ин тавақуъро аз Амрико хоҳанд дошт.

Ба гузориши Радиои Покистон, Навоз Шариф, нахуствазири он кишвар Доналд Трампро ба пирӯзиаш табрик намуда ва гуфтааст, ки дар воқеъ ин пирӯзии мардуми Амрико ва эътиқоди росихи онҳо ба демократия, озодӣ, ҳуқуқи башар ва рӯҳияи озодӣ аст."

Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ ҳам барои Доналд Трамп барои расидан ба амният ва субот дар Ховари Миёни орзуи муваффақият кардааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон низ раиси ҷумҳури он кишвар Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдатии милии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар номаҳои ҷудогона пирӯзии Доналд Трампро табрик гуфтаанд.

Дар Африқо низ раиси ҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ, аз ҷумлаи нахустин раҳбарони ҷаҳон ва мақомоти аршаде буд, ки пирӯзии Доналд Трампро ба ӯ табрик гуфт.

Биналӣ Йилдрам, нахуствазири Туркия Доналд Трампро ба пирӯзиаш табрик гуфта ва аз ӯ хостааст, ки Фатҳуллоҳ Гюлен, шахсияти мазҳабиро, ки дар Амрико дар табъид ба сар мебарад, ба Туркия бозгардонад.

Маҳмуд Аббос, раиси ҳукумати худмухтори Фаластин дар баёнияе интихоби Трампро табрик гуфта ва умедворӣ кардааст, ки дар даврони президентии ӯ тавофуқи сулҳ ба даст биояд.

Нурсултон Назарбоев аз Доналд Трамп даъват кард, ки аз Қазоқистон дидан кунад.

Дар Осиёи Миёна Нурсултон Назарбоев нахустин раиси ҷумҳури буд, ки Доналд Трампро ба ин пирӯзиаш табрик намуд. Раиси ҷумҳури Қазоқистон дар паёми табрикии худ ба Доналд Трамп дар иҷрои ин мақом муваффақият орзу намуд ва аз ӯ даъват ба амал овард, то аз Қазоқистон дидан кунад.

Интихоботи президентии Амрико рӯзи 8 ноябр баргузор шуд ва Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо дарёфти 276 раъй президенти 45-уми Амрико эълон шуд. Рақибаш Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби демократ 58 овоз камтар ба даст овард ва ба қавли Трамп аз аввалин нафаре буд, ки тамос гирифта ва пирӯзиашро эътироф кардааст.